Мақолаҳо
Чашми каҷу дили сиёҳи хоинон
(Мулоҳизаҳо атрофи сафари Пешвои миллат ба Иттиҳоди Аврупо)
Дар чанд соли соҳибистиқлолӣ мо тавонистем, ки ба бисёр муваффақиятҳо ноил гардем, аз ҷумла дар сиёсати хориҷӣ ҳам давлати Тоҷикистон ба пешрафтҳои намоёне сазовор гардид. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил эътироф шудааст ва дар як силсила созмонҳои байналмилалӣ аъзо мебошад, ки барои устувории мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад. Ҳоло бо бисёре аз кишварҳои ҷаҳон давлати Тоҷикитон равобити дипломатӣ дошта, дар аксарияти давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон сафоратхона ва намояндагиҳои Тоҷикистон кушода шудаанд, ки далел аз сиёсати муваффақи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Чанд лаҳза пеш АМИТ "Ховар" хабарро аз оғози сафари расмии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои аврупоӣ нашр кард. Барои мардуми Тоҷикистон ин сафар ҳамчун саҳифаи навбатии муваффақи сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Лекин баъзе гуруҳҳои хоин ва ватанфурӯш, ки дар хориҷи кишвар фаъолияти тахрибкорона мебаранд, аз ин сафар алббата шод нестанд. Чунки сухану туҳматҳои зиёд, ки солҳои зиёд нисбати давлату ҳукумати Тоҷикистон ироа мекарданд, беасос ва дуруғ баромаданд. Аммо як тӯда авбошону нотавонбинон ҳамин муваффақиятҳои сиёсати хориҷии Пешвои муаззами миллатро, ки бар нафъи давлату миллат мебошанд, нодида гирифта, барои ҳарчӣ зиёдтар паст намудани мақому манзалати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш мекунад. Онҳо бо фармони хоҷагони хориҷияшон, ки аслан бар зидди миллат ва давлати Тоҷикистон равона карда шудааст, барнома омода намуда, ҳар рӯз ахбори бардурӯғ ва иғвобарангезро пахш мекунанд. Солиёни дароз ин кӯрнамакон ва кафангадоён, бахусус намояндагони ТЭТ ҲНИ ва Паймони миллии Тоҷикистон иддао мекарданд, ки давлатҳои аврупоӣ намехоҳанд бо Тоҷикистон равобит дошта бошанд. Гуё, ки роҳбари давлати моро дар Аврупо ягон давлати ин минтақа қабул намекарда бошад. Лек ин ҳама дуруғи маҳз аст. Зеро соли 2011 ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷоизаи “Пешвои асри ХХI” тақдим карда шуд, ки ин ҷоизаи Иттиҳоди Аврупо аст. Ин сафар ҳамаи суханҳои дуруғу туҳматҳои беасоси душманони миллатро ба хок яксон хоҳад кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал нест, ки ба ин ё он кишвар сафар менамоянд. Ҳар як сафару мулоқот ва ташрифашон ба ин ё он мамолики дунё дар шинохти Тоҷикистони соҳибистиқол ва муаррифии он хидмати бузургро анҷом медиҳад ва самараи хуб ҳам дода истодааст. Ин аст, ки имрӯз кишвари ҷавони моро беш аз 150 давлати дунё мешиносад ва дар ин замина, ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ ва ғайраҳо ба роҳ монда шудааст.
Дар тӯли фаъолияти бесамари худ наҳзатиёну паймониён ватанфурӯшиву хиёнаткорӣ ва амалҳои пасипардагии экстремистиву террористии худро боз ҳам ба мардум равшантар нишон дода, ҷинояткор будани худро бори дигар исбот намуданд. Мақсади бадхоҳиву сангпартоиҳои ин гуруҳи нотавонбин тайи солҳо ва рӯзҳои охир бешубҳа аён гардида истодааст, ки ҳадафи онҳо ба даст овардани ҳокимият аст, на чизи дигар, ки инро хурду калони кишвар ба хубӣ медонанд.
Сафари Президенти Тоҷикистон барои ТЭТ ҲНИ, Паймони миллӣ ва дигар созмонҳо фурсати қулай мегардад, ки аз хоҷагонашон маблағҳо талаб карда, ҳар гуна амалҳоро анҷом диҳанд. Бинобар сабаби ба охир расидани сол, онҳо бояд ба хоҷагони хориҷиашон ҳисобот диҳанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди Тоҷикистон ва густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ ба Аврупо рафтанд. Мо боварии комил дорем, ки роҳбарияти давлатҳои Аврупо ва доираҳои тиҷоратии кишварҳои Аврупо ба ин гуна эътироз ва раҳпаймоиҳои хоинони миллати тоҷик аҳамият намедиҳанд. Чунки саг аккос мекунад, лекин корвон меравад.
Муваффақият ва пешрафт дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар чанд соли охир равшантар ба назар мерасад ва маҳз дар ҳамин чанд сол Тоҷикистон тавонист дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати баландтареро касб кунад. Мо шаҳрвандон аз сиёсати кунунии давлати худ дар ҳамаи самтҳо чӣ дохил ва хориҷ хушҳол буда, барои рушду густариши муносибатҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ тарафдорем. Сарҷамъии миллат ва дастовардҳои беназири мо чашми ҳасудонро кур мекунад. Ин сафар барои мардуми Тоҷикистон шодиву сурур ва барои хоинон мотам аст!
К.Шарифзода