Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Муваффақиятҳои сиёсати хориҷии Пешвои миллат зарбаест ба хоинони наҳзатӣ

Ҳамагон шоҳидем, ки имрӯзҳо сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлатҳои Аврупо идома дорад, ки мақсади он вусъат додани ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурии азизамон бо давлатҳои Аврупо мебошад. Аз ин сафар на танҳо мардуми ватандӯсту некбини тоҷик, балки кулли афроду қувваҳои солимфикр шоданд. Чунки ҳар як сафари Пешвои миллат ба ин ё он давлат танҳо ба манфиати мардуми тоҷик равона нагардидааст, балки фарогири арзишҳои умумибашарӣ ва ҷаҳонӣ ҳастанд. Воқеан ҳам Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хориҷии кишварро ҳамчун сиёсати дарҳои кушод пеш мебаранд ва сафарҳои кории судмандро ба кишварҳои ба мо дӯст пеш мегиранд, ки барои рушди давлати миллии мо ва некуаҳволии мардуми кишвар нигаронида шудааст. 
Аммо аз ин гуна вусъатёбии муносибатҳои Тоҷикистон бо дигар давлатҳо на ҳамагон шоданд. Баъзе гуруҳҳо аз чунин ҳолат шод нестанд. Афсӯс баъзе ватанфурӯшони бадгавҳар то ҳол аз ноумедӣ ба ҷуз аз санги маломат задан ба роҳбари давлат дигар коре надоранд. Онҳо дар хориҷи кишвар истода, кӯшиш карда истодаанд, ки бо ҳар роҳе набошад ба сиёсати хирадмандонаву ояндасози хориҷии Пешвои миллат хати батлон зананд. Ин ғуломони ҳалқабаргӯш фаромӯш кардаанд, ки бо чунин рафтори ноҷавонмардонаашон худро боз ҳам бадномтару шармандатар карда истодаанд. Наход онҳо фикр кунанд, ки бо ташкил кардани роҳпаймоии оилавӣ метавонанд садди роҳи рушди муносибатҳои Тоҷикистон бо давлатҳои Аврупо мегарданд. Ҳама чорабиниҳои неруҳои мухолифи тоҷик дар Аврупо хосияти оилавӣ дорад. Чунки дар онҳо ба ҷуз аз аҳли хонаводаи ватанфурӯшону хоинон касе иштирок намекунад. Мо ҳанӯз фаромӯш накардаем, ки дар нишасту гирдиҳамоиҳои қаблиашон барои зиёд нишон додани сафи худ онҳо зану фарзандони худро истифода карда буданд. Беномусиву бешармӣ магар аз ин зиёд мешавад? Боз ҳамин нерӯҳо моро меомӯзанд, ки чи тавр зиндагӣ кунему чи тавр давлатдорӣ кунем. Бояд дониста бошем, ки душманони миллат дар ҳама ҷо ки бошанд, мардуми тоҷикро бадном кардан мехоҳанд, зеро на ғурури миллӣ доранд ва на дӯстдори ин халқу ин миллату ин сарзаминанд. Маълум аст, ки онҳо бо супориши хоҷагони хориҷии худ кор мекунанд ва муваффақиятҳои давлати Тоҷикистон ба хоҷагони онҳо писанд нест ва аз ин лиҳоз наҳзатиёни касиф ва палид супориш гирифтаанд, ки ҳар гуна амалҳоро анҷом диҳанд, то мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ паст зананд. 
Хоинони давлату миллат бояд бидонанд, ҳар иқдом ва ташаббусҳои Пешвои миллатро мо мардуми шарифи Тоҷикистон пайгирӣ ва ҷонибдорӣ менамоем.