Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Дар Тоҷикистон барои терроризм ҷой нест!

Тавре аз манбаъҳои расмӣ огоҳ ҳастем, шаби 6-уми ноябри соли ҷорӣ як гурӯҳи силоҳбадастон аз ташкилоти террористтии ба ном «Давлати исломӣ» бо истифода аз торикии шаб ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ҳуҷуми мусаллаҳона намуданд, ки мақсад аз ин ҳуҷуми мусаллаҳонаи гуруҳҳои терористӣ ноором сохтани фазои суботу ороми Тоҷикистони азизамон дар арафаи ҷашнигирии 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин разилони ваҳшӣ мехостанд дар натиҷаи амалётҳои нопоки худ хуни шаҳрвандони бегуноҳро резонанду ҳаёти осудаи мардумро халалдор кунанд. Марзбонони шуҷои Ватан ба террористони зархарид имкон надоданд, ки сулҳу суботи кишвари азизамонро халалдор созанд. Ин душманони инсоният мехостанд, ки мисли солҳои 90-уми асри гузашта ба сари мардум бадбахтиву мусибатҳои зиёд биёранд. Аммо мардуми ваҳдатофари тоҷик дигар он солҳоро дидан намехоҳад. Зеро мардуми сарбаланд ва шарифи Тоҷикикстон он рӯзҳои шумро аз ёд набаровардааст. 
Мо ҳайати кормандону устодон, донишҷӯён ва магистрантону докторантони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ин амали нангину ғайриинсонаи гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ»-ро куллан маҳкум менамоем. Ба наздикону пайвандон ва хешовандони ҳалокшудагони ин ҳодиса изҳори ҳамдардӣ намуда, ба онҳо сабри ҷамил хоҳонем. Ин нафарон қаҳрамононе ҳастанд, дар роҳи ҳифзи марзу буми Ватан ҷони худро дареғ надоштанд. Номи ин қаҳрамонон ва муҳофизони Ватан ҳамеша дар дилу дидаи мо ҷовидон мемонад!