Мақолаҳо
Дастовардҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва айбҷуиҳои беасоси мухолифин
Ватани маҳбуби мо – Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар тӯли 28 соли соҳибихтиёрӣ на танҳо робитаҳои хуб бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барқарор кунад, балки бо амалӣ кардани усули хоси дипломатияи худ, ки асоси онро ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ ташкил мекунад, ҳамчун як давлати таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шавад.
Набояд фаромӯш кард, ки дар солҳои аввали соҳибихтиёрӣ, ки Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро аз сар мегузаронид, муаррифии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ басо кори мушкил буд. Пешвои миллат 29 сентябри соли 1993 бори аввал аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо ҳадафҳои сиёсии сулҳҷӯёна, башардӯстона ва таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо бо ҳама кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд. Давлати навтаъсиси Тоҷикистон бо эътирофу эҳтиром кардани санадҳои калидии робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Ҳелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳо зербинои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бунёд намуда, эълон кард, ки инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ арзиши олӣ мешуморад.
Дар муддати кӯтоҳи таърихӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, аз минбари онҳо ташаббусу ибтикорҳои созандаи сарвари хирадманди он ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа ба самъи ҷаҳониён расонида мешавад. Алалхусус, силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат дар робита ба ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон боиси ба таври махсус муаррифӣ шудани ватани маҳбубамон дар арсаи байналмилалӣ гардид. Пешвои муаззами миллат муаллифи чор ташаббуси бузургест, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шуданд ва шуда истодаанд.
Дар ҷаҳони муосири пуртаззод сиёсати хориҷии мустақил ва озод, ки тавассути Пешвои миллат роҳандозӣ ва ҳидоят мешавад, ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар айни замон бо чанд маркази муҳими қудрат ва бозигарони асосии ҷаҳон ва минтақа муносибати ботавозун ва баробар дошта бошад. Тоҷикистон бо роҳи амалӣ кардани сиёсати «дарҳои кушод» ва бисёрсамтӣ робитаҳои худро бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Ҷанубу Шарқи Осиё, кишварҳои арабӣ, олами ислом ва ғайра густариш дода, аз имконият ва мавридҳои муносибе, ки имрӯз ва дар оянда пеш хоҳанд омад, ба манфиатҳои миллии хеш истифода мебарад. Имрӯз Тоҷикистон бо аксарияти кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, зиёда аз 161 давлат истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф кардаанд.
Ҳамкорӣ бо кишварҳои Ғарб ва махсусан Аврупо дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми махсус дорад. Давлати мо ҷонибдори рушди минбаъдаи равобити Тоҷикистон бо ин гурӯҳи кишварҳо, ки шарикони муҳимми байналмилалии мо маҳсуб мешаванд, дар асоси усулҳои ҳусни тафоҳум, эҳтироми якдигар ва барои ҷонибҳо судманд мебошад.
Кишвари мо ба шарофати сиёсати “дарҳои кушод” ҳамкории мутақобилан судмандро бо як қатор созмонҳои иқтисодӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки Осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки авруосиёии рушд ва ғайра. Ҳамасола миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат мегирад. Соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи яке аз созмонҳои бонуфузтарини дунё - Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид. То имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам беш аз 2100 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои мухталиф фаро мегиранд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ва азму иродаи давлати он, махсусан ташаббусҳо ва пешниҳодоти Пешвои миллат дар ҷодаи ободию осоиштагии на танҳо Тоҷикистон, балки минтақа ва ҷаҳон нигоҳи боэътимоду хайрхоҳона ва мусбат дорад. Бешубҳа чунин навъи муносибати боваринок ва хайрхоҳ нисбати Тоҷикистон роҳро барои барқарории робитаҳои созанда бо кишварҳову созмонҳои байналмилалӣ ва боз ҳам мустаҳкамтар кардани мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар оянда низ ҳамвор месозад.
Ҳамаи ин маълумот ва рақаму оморҳои овардашударо танҳо шахси оқил ва бошуур дарк карда метавонад. Рӯзҳои охир ҳама шоҳидем, ки тариқи шабакаи ҷаҳонии интернет намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон мамнуъ оиди сиёсати хориҷии давлатии мо ва бахусус сафари навбатии Пешвои миллат ба Аврупо маълумоти нодуруст паҳн карда, мехоҳанд мақоми Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ нодида гиранд. Ин неруҳои аҳриманӣ ҳолатро чунин шарҳ медиҳанд, ки гӯё Тоҷикистон ва бахусус роҳбари онро дар Аврупо касе қабул надорад ва бо мо муносибат кардан намехоҳанд. Лекин истиқболи гарму самимии роҳбарони давлатҳои аврупоӣ ва баста шудани даҳҳо санадҳои нави ҳамкорӣ дуруғу беасос будани ҳамаи суханони роҳбарони мухолифини ғайриқонуниро исбот кард.
Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақаву ҷаҳон шинохта мешавад. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устуворе гузошта, бо пешбурди сиёсати оқилона ва пешниҳодҳои созандааш мавқеи худро мустаҳкам карда, дар оянда низ бо қадамҳои устувортаре дар паҳнои олам нақшофарӣ хоҳад кард.