Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Бегонапарастони наҳзатиӣ дар Фаронаса

Рӯзи гузашта Паём нет хабар додаааст, ки як гурӯҳ аз роҳбарон ва тарафдорони мухолифини тоҷик дар шаҳри Порис, пойтахти Фаронса дар назди дафтари МЕДЕФ – Анҷумани соҳибкорони Фаронса, алайҳи сафари президенти Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон таҷаммӯи эътирозӣ доир кардаанд. Қайд мегардад, ки ин нафарон дар даст шиору овезаҳо надоштанд ва танҳо дар назди камераҳо сухангӯи намуданд.
Акнун мебинем, ки ин роҳбарон ва тарафдорони бо ном мухолифини тоҷҷик аслан киҳо ҳастанд: Бобоҷон Қаюмзод, Муҳаммадиқболи Садриддин, Темур Варқӣ, Шоҳнаим Каримӣ, Илҳомҷон Ёқубзода. Шояд инҳо барои наҳзатиҳо роҳбар, қадрдон ва ё соҳиби иззату обру бошанд, аммо шахсан барои ман ин як тоифаи хоинони миллати тоҷиканд ва халлос. Инҳо афроде ҳастанд, ки ватану миллат надоранд. Аз сар то по дар вуҷудашон дурӯғ ва дар қалбашон торикиву хиёнат аст.
Баъдан инҳо бо раисашон Кабирӣ ҳамон пасмондаҳои наҳзатӣ, яъне мусор ҳастанд. Бовар дорам агар собиқ наҳзатиҳо аз хок сар мебароварданду аҳволи ин “ҳамақидаҳояшон”, меросхӯрҳояшонро медиданд аз шарм боз сар зери хок мекарданд. Зеро дар инҳо ягон заррае аз дин ва имон боқӣ намондааст. Наҳзатиҳои собиқ ҳадди ақал аз Худо метарсиданд. Онҳо пас аз муноқишаҳои дохилӣ хатоҳояшонро фаҳмиданд, аҳамияти ватандорӣ, ҳамгироӣ ва ваҳдату ягонагӣ, тинҷиву осоиштагиро сидқанд дарк намуданд, сулҳ карданд. Онҳо ҳеҷ вақт Аврупову Амрикоро надида буданд ва фикр ҳам намекарданд. Аммо насли навини наҳзат бо роҳбарии Кабирӣ ва он чор буздили ватанфурӯше, ки нисбаташон дар боло ишора намудем, акнун ҷойи гарми худро ёфтанд. Шояд мегуянд, ки “Худо дод, ё насиб ҳамин будааст”.
    Худ қазоват кунед, ки Паём нет мегӯяд, “таҷаммӯи эътирозии мухолифин”. Ин чунин аст, ки 4-5 нафар буздили хоин бо мақсади намоишҳои эътирозӣ омаданд, аммо дар даст плакатҳо надоштанд ва танҳо дар назди камераҳо алайҳи сиёсати ҳукумати Тоҷикистон сухан гуфтанд. Пас ин чӣ гуна таҷаммуъи эътирозӣ буд?  Магар ҳамин гуна корро дар ҷойи зисташон мекарданд намешуд, ки ин қадар сарсону саргардон шуда ба Порис омадаанд. Яъне онҳо дар як ҷои бехавф дар рӯбаруи камера сухан мегуфтанд ва сабти онро аз тариқи сомонаҳояшон чун ҳарвақта намоиш медоданд. Бале намешуд, зеро онҳо супориши хоҷагонашонро иҷро кардаанд ва барои ин амалашон шояд мукофотҳо онҳоро интизор буд. Ва дар сурати дигар агар дар даст шиорҳо ҳам медоштанд ва шумораи онҳо бештар ҳам мешуд ва бигузор, ки мардуми он кишвар ба онҳо таваҷҷӯҳи зиёд ҳам мекарданд, пас чӣ? Магар ин шармандагӣ нест? Ин панҷ нафар дар асл, кистанд ва барои Тоҷикистон, ватану миллат ба ғайр аз ҷангандозӣ дигар чӣ кори хайреро анҷом додаанд. Бисёр ҳам олӣ мешуд, ки мақомоти низомии Фаронса дасту пойҳои ин хоинонро баста ба Тоҷикистон месупурданд ва онҳо дар назди қонунҳои Тоҷикистон ҷавоб мегуфтанд.
Тоҷикистон ба пеш!
Нест бод хоинони миллати тоҷик!  

Сафар Абдулло, донишҷӯ.