Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Дипломатияи комёби тоҷик

Фиристода бояд, ки доно бувад,
Ба гуфтан далеру тавоно бувад.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвардаи даврони Истиқлолият  аст. Аз тамоми давраҳои буҳрони давлат гузашта, дипломатияи тоҷик ифодагари манфиатҳои миллӣ ва  посухгӯи замон гаштааст. Сафари ахири Пешвои миллат ба кишварҳои калидӣ ва тасмимгирандаи сатҳи ҷаҳонии Аврупо аз он далолат мекунад, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон бо фатҳ кардани уфуқҳои ҳудуди кишварҳои наздик ва аъзои ИДМ, дипломатияи самти аврупоиро ба арши аъло фаро мегирад. Пазируфтани ин амр барои бегонагон муҳол аст, ки 30 сол пеш Тоҷикистон  ҳамагӣ 7 дипломат дошт, ки онҳо бо корҳои дуюмдараҷаи ташрифотӣ машғул буданд ва асосан дар қабули гусели меҳмонони хориҷӣ, ки тавассути шаҳри Душанбе ба Москва мерафтанд, саҳмгир буданд. Рушду нумӯи дипломатияи тоҷик танҳо дар замони Истиклолият он ҳам бо заҳматҳои шабонарӯзии ҳайати роҳбарӣ ва кории Вазорат ба вуқӯъ пайваст. Асосгузори дипломатияи навини тоҷик –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки санги таҳдоби Вазорати корҳои хориҷиро гузошт ва 29-уми сентябрро Рӯзи дипломатия эълон намуд. Ба асли мавзӯъ агар баргардем, аз пешрафти бесобиқаи дипломатияи тоҷик ҳама хушнуданд, ба истиснои аъзои раҳбарии ҳизби мамнӯи наҳзат, ки дар хориҷи кишвар бо такя ба ҷаҳлу таассуби фарогири  асримиёнагӣ, таблиғотро бар зидди дипломатияи фаъол ва устувори ҶТ ба роҳ мондааст. Наҳзатиҳои ҳеҷкораи ҳамадон намедонанд, ки сохторҳои дипломатӣ ва масоили сиёсати улвии хориҷӣ  ба ҳамаи миллат марбутанд ва барои ҳифзи тамомияти арзӣ, якпорчагии ҳудудӣ ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони дар хориҷа буда равона шудаанд. Ҳамин наҳзатиҳо чун кундзеҳн ва чалласавод мебошанд, намефаҳманд, ки муассисаҳои дипломатӣ ва консулӣ  дар хизмати онҳоянд ва ҳамкорӣ бо онҳо барои сиёсиюни оворагард як амри зарурист.
Дар Европа мактабҳои зиёди дипломатӣ ва лоиҳаҳои гуногуни геополитикӣ зуҳур кардаанд ва марҳилаи пайдоиш, инкишоф ва суқутро паймудаанд.  Дар раъси яке аз ин мактабҳо - Николо Макиавелли, сиёсатмадори асри 15 ва 16-уми Европа меистад, ки дар китоби машҳураш «Давлатмард» роҳҳои сиёсати амалиро таҳлил ва баррасӣ кардааст. Мавқеи ӯ дар шиори «Барои расидан ба ҳадаф ҳамаи воситаҳо хубанд» сару садоҳоро на танҳо дар афкори оммаи аврупоӣ, балки ҷаҳонӣ ҳам ба вуҷуд овард ва то ҳол ҳамчун нишонаи бадтарини татбиқи сиёсат ва давлатсозӣ шинохта мешавад. Тарафдори ин сиёсат ҳоло наҳзат аст.
Аврупо бояд тавозунро дар барқарор кардани муносибатҳои дуҷониба бо ниҳодҳои расмӣ ва созмонҳои мухолифини Осиёи Марказӣ иҷро мекард. Вале таҳлилҳо нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳи аз ҳад зиёд ва пуштибонии моливу маънавӣ аз ташкилотҳои ифротӣ, ки ба ҳар баҳона дар Европа қарор доранд, ҷузъи фаъолияти ҳозираи дипломатии Аврупо -ро ташкил мекунад. Ин дипломатия бар суннати қадимии аврупоӣ такя накарда,  бо минбар додан ба ташкилотҳои ифротӣ маҳдуд мешавад, ки дар ин робита, сифат ва кайфияти робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо ниҳодҳои давлатӣ, ҳамчун ягона ифодагари қонунӣ ва табии халқ латма мезанад. Дар дурнамои наздик, ин омил ба  болоравии  сатҳи ифротият ва таассуб дар ҷомеаи ғарбӣ ва дар марҳилаи ниҳоӣ барои шаклгирии афкори оммаи зиддимиллӣ, мусоидат хоҳад кард. Дар ин ҳолат назорат ва хунсо кардани таҳдиду хатарҳои бавуҷудомада, ки ношӣ  аз эътиқоди ҷангии наҳзатианд дар оянда,  номумкин хохад шуд.  
Аврупоиҳо бо тавсияи чанд нафар маъмур ва коршиноси худ, ки аз Точикистон хабар надоранд ва ё ки сатҳӣ ба масъалаҳои дипломатӣ бархӯрд мекунанд, ба ниҳодҳои ҳукуматӣ муносибати дугона ва ё дар баъзе мавридҳо хасмона дорад. Кор то ҷое расидааст, ки ниҳодҳои расмии давлатиро монда, мавқеи онҳоро дар масъалаҳои рӯзмарраи ҷомеа ба инобат нагирифта, бе андозаи муайян мафтуни  аъзоёни фирории ҲНИ дар Европа шудаанд. Касе ба мавқеи ниҳодҳои дипломатии тоҷик гӯш намедиҳад, ки аъзоёни наҳзат бо ангезаву сабабҳои иқтисодӣ, яъне молу бозорёбӣ ба Европа ҳиҷрат кардаанд ва ҳамчун субъекти баҳсу мунозираи сиёсӣ аслан дар афкори оммаи дохилиҷумҳурӣ шинохта ва пазируфта намешаванд. Ҳизбе ки пойгоҳи иҷтимоӣ надорад, ғояи динӣ ва мақоми волои Худоро ба инҳисори ҳизбӣ гирифта, мусулмон будан ва набуданро бо доштани билети партиявӣ марбут донистааст, наметавонад, баёнгари манфиати умуихалқӣ дошта бошад.  Ин созмонест ки дар асоси тахайюли бофтаву сохтаи як хонавода таъсис ёфта, он ҳам аз нуқтаи назари эътиқодӣ заиф ва парешон фаъолияти зиддимиллиро пеш бурда истодааст. Муомила бо рӯҳонияти таассубзада ва ақибгаро хавфу хатари ҷиддиро барои давлатсозӣ эҷод мекунад. Афроди  наҳзатӣ бинобар пойбандӣ ба ҷаҳлу таассуб ва якҷониба андешидан, дар таркиби давлат ба ҳайси сутуни 5-ум ҳамеша хизмат кардаанд. Андешаҳои нодурусти баъзе аз ташкилоти байналмилалӣ воқеиятро баён намекунанд, зеро ҳамаи омилҳои рушдро дар муносибати кишварҳо ба назар нагирифтаанд. Дидгоҳи якҷониба ва яксӯбинонаи дипломатияи Аврупо нисбат ба созмонҳои эътирофшудаи ифротӣ-даҳшатафкан таҷдиди назар мехоҳад.

Рашид Султонзода, таҳлилгари масоили дипломатия.