Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Ҳангомаҳо дар атрофи сафари расмӣ

Сафари расмии Роҳбари давлат ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар расонаҳои иттилоотии шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ сару садоҳои зиёдеро ба амал овард ва сомонаҳои ифротӣ ва террористӣ аз фурсати муносиб сӯистифода намуда, машғули иғвоангезиву тафриқаандозӣ ва дасисабозиву ҳангомасозӣ мебошанд. Сомонаҳои ифротиву террористӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳар як рафтору гуфтор ва кирдори Сарвари давлатро барои ҷомеа ба таври муғризона пешкаш намоянд. Яке аз чунин сомонаҳои иғвоангезу тафриқаандоз ва дасисабозу ҳангомасоз ин сомонаи ифротии Кимиёи саодат мебошад, ки бо маҳорати касбӣ ва тахассусии иғвоангезӣ маҳорати хоса дорад. Аз ҷумла дар ин сомона матолибе ба нашр расидааст, ки гӯё ба Салим Султонзода яке аз фаъолони тоҷик ва узви Анҷумани Озодандешони Тоҷик, ки айни замон дар Фаронса ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ фаъолият мекунад, аз ҷониби мақомоти кишвар паёми таҳдидӣ фиристода шудааст. Чунин сару садоҳо қабл аз сафари расмии Роҳбари давлат ба Иттиҳоди Аврупо аз ҷониби сомонаҳои ифротӣ ва террористӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон пинҳонӣ ба Аврупо сафар мекунад. Чаро?» интишор гардида буд. Қобили зикр аст, ки сафари расмии Роҳбари давлат ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо пинҳонӣ набуда, аз ҷониби расонаҳои иттилоотии кишвар манзури ҷомеа пешниҳод гардида буд. Вале расонаҳои иттилоотии ифротӣ баҳри ҳангомасозиву дасисабозӣ ва тафриқаандозӣ сафари расмии Роҳбари давлатро тавре таҳлилу баррасӣ намуданд, ки гӯё Сарвари давлат пинҳонӣ ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо сафари расмӣ анҷом медиҳад. Масъалаи Салим Султонзода низ ҷуз дурӯғу буҳтон ва макру фиреб чизи дигаре нест. Чунки Салим Султонзода низ ҳангоме ки иддао мекунад, ки аз ҷониби мақомот, махсусан КДАМ зери таҳдиду фишор қарор гирифтааст, тарҳи нав ва бозии навбатии ташкилоти наҳзатиёни террорист мебошад. То ҳол ташкилоти террористии наҳзатиён доир ба Салим Султонзода ҳамчун нафари фаъоли Анҷумани Озодандешони Тоҷик ном набурдааст ва касе низ дар бораи ӯ иттилооте надорад. Аз куҷо чунин шахсияти гумном пайдо шуд ва ҳадаф аз чунин мавқеъгирии зиддидавлатӣ дар чист? Тавре ба ҳамагон маълум аст, наҳзатиёни террорист дар хориҷи кишвар зиндагӣ намула, аз баъзе расму оинҳои хориҷиён бархӯрдор гардидаанд ва аз истилоҳоти адабиву фалсафии хориҷиён ба таври васеъ истифода мебаранд. Дар ин ҷо низ ташкилоти террористии наҳзатиён аз истилоҳи симулякр, ки файласуфони фаронсавӣ Жил Делёз ва ҷомеашинос Жан Бодрийяр дар осори худ истифода намудаанд, сӯистифода намуда, шахсияти нави ғайривоқеиеро вориди саҳнаи сиёсӣ намуданд ва бо ин роҳ мехоҳанд, ҳусни таваҷҷуҳи ҷомеаро ба сӯи худ ҷалб намоянд. Азбаски, бозигарони қаблии ташкилоти террористии наҳзатиён ба ҳадаф ва вазифаи гузоштаи худ ноил нагардиданд, маҷбур шуданд, ки аз чеҳраи нави ғайривоқеӣ истифода баранд ва ғаризаҳои шахсии худро аз номи шахси нав ифода намоянд. Хулоса тавре дар урфият мегӯянд, умри дурӯғ кӯтоҳ аст ва шахси дурӯғгӯ ҳамеша шармсору рӯсиёҳ боқӣ мемонад. Дурӯғи навбатии ташкилоти террористии наҳзатиён низ умри на он қадар тӯлонӣ мебинад. Чунки пас аз як ҳафта Роҳбари давлат аз сафари расмӣ бармегардад ва барои ҳамагон маълум ва ошкор мегардад, ки дар ин сафари расмӣ Роҳбари давлат ба кадом дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Саид Салим