Мақолаҳо
Фикру андешаҳо ва пешниҳодҳо оид ба “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ”
Бояд қайд намуд, ки “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” имрӯз яке аз лозимтарин китобҳои муассисоти илмиву таълимӣ ва идораҳову вазоратҳо ба ҳисоб меравад ва метавон онро ба сифати китоби рӯйимизии ҳама муассисаҳои ҷумҳурӣ ном гирифт. Дар ҳар ҷое ки фаъолияти одамон тавассути навиштану навиштор пеш меравад, бешубҳа, ба китоби мазкур ниёз пеш меояд. Бинобар ин, бе китоби мазкур фаъолияти навиштории ҳам кормандони муассисаҳои идорӣ ва ҳам пажӯҳишгоҳҳову донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои илмӣ-таълимӣ ба мушкилӣ бархурд мекунад.
“Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ”, ки бори ахир соли 2013 бо иловаи тағйироти ҷузъӣ ба табъ расидааст, чунонки дар муқаддимаи он оварда шуда, фарогири беш аз 65 000 вожаву истилоҳот мебошад. Бо ин ки фарҳангномаи мазкур дар қиёс бо луғатномаҳои имлои қаблӣ, ки дар даврони шӯравӣ ба табъ расида буданд, аз ҳайси риояи тағйироти навишторӣ афзалият дорад, фикр мекунам, он боз ҳам ниёз ба нигоҳи нав дорад. Вобаста ба ин, метавон чанд андеша ва назари дигарро ҷиҳати боз ҳам комилтар гаштани фарҳангномаи навиштории забони адабии ҳозираи тоҷик пешниҳод кард:
1. Теъдоди вожаҳову истилоҳот, ба андешаи мо, дар “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” ҳоло ҳам каманд, онро метавон бо истифода аз луғатномаҳои классикӣ ва, ҳамчунин, тавассути коргирӣ аз “Фарҳанги забони тоҷикӣ”- и даврони шӯравӣ зиёдтар намуд
2. Дар “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” баъзе аз вожаҳои тамоман лаҳҷавӣ ва дағалу бо қавоиди забони тоҷикӣ бегонаву номаънус нишондод шудаанд, ки гунае аз онҳо дар осори классикон мавриди истифода қарор нагирифтааст. Аз ҷумлаи ин вожаҳо аф-аф (31), қарқ (129), қарқбаста (129), қоқ (131), қоқала (131), қоқандом (131), қоқинаандом (131), қоқинагӣ (131), қоқинарӯ (131), қоқӣ (131), қулай (132), қураил (132) ба ҳисоб мераванд. Гирифтани ин қабил вожаҳои ғайриадабӣ ва гӯшхарош аз фарҳангнома беҳтар хоҳад буд.
3. Вожаҳое монанди маҳмаддоно, муғамбир ва амсоли инҳо агар аз фарҳангнома гирифта мешуданд, хубтар мешуд, зеро бори адабии ин қабил вожаҳо бисёр сабук аст.
4. Дар фарҳанг дар баробари шакли дурусти вожаҳое амсоли китф ва қуфл гунаҳои лаҳҷавии онҳо низ (кифт ва қулф) нишондод шудаанд, ки наёвардани ҳамтои лаҳҷавии онҳо хубтар аст.
5. Вожаи дукон дар фарҳанг оварда шудааст, аммо ду шакли дигари он – дуккон ва дӯкон, ки низ бори адабӣ ва собиқаи истифода дар осори классиконро доранд, оварда нашудаанд. Овардани онҳо дар фарҳангнома лозим аст, зеро ҳангоми матн кадоме аз онҳо истифода шавад,хато нест.
6. Вожаи некӯ ва накӯ ва вожагони зиёде, ки тавассути ин ду вожа дар фарҳанг оварда шудаанд, бо у- и оддӣ оварда шудаанд. Маслиҳат он аст, ки ин ду вожа ва вожагони зода аз онҳо бо у- и дароз (ӯ) оварда шаванд.
7. Вожаи оддӣ бо ташдиди овоӣ талаффуз мешавад (саҳ. 179), бинобар ҳамин, бо такрор овардани овози мушаддади он дурусттар аст. Фикр мекунам, агар ин вожа беташдид навишта шавад, яъне дар гунаи одӣ, он маънои мансубият ба қавми Одро медиҳад, чунонки мегӯем: сомонӣ, сосонӣ, қурайшӣ, афғонӣ ва монанди инҳо. Бинобар ин, агар дар фарҳанг ду вожа: одӣ ва оддӣ, ки яке мансубият ба қавми Од ва дувумӣ дар маънои маъмули ифодакунандаи сода (“простой”- и русӣ) оварда шавад, хубтар мешавад.
8. Вожаи тилло (ва вожаҳои ҳамзоди он), ки дар фарҳанг дар ин шакл оварда шудааст (саҳ. 224), дар осори классикон дар аксари мавридҳо дар шакли беташдидаш истифода гардидааст ва ин вожа дар асли худ ташдид надорад. Бинобар ин, овардани он дар шакли тило дурусттар аст.
9. Вожаи умед (ва вожаҳои аз он сохташуда) танҳо дар шакли беташдидаш оварда шудааст (саҳ. 249), ҳол он ки дар сарчашмаҳои хаттӣ он, асосан, дар гунаи ташдиддораш истифода шудааст, яъне уммед. Овардани гунаи ташдиддор дар баробари беташдидаш лозим аст.
10. Вожаи устод дар фарҳанг оварда шудааст, аммо шакли дигари он – устоз дар он мавҷуд нест, ҳол он ки шакли мазкур ҳам рутбаи адабӣ дорад.
11. Вожаи аъҷуба, ки гунаи дигари он уъҷуба мебошад, дар шакли ғайриадабияш – аҷуба оварда шудааст (саҳ. 32), ки хато аст. Бинобар ин, пешниҳод мешавад, ки ду гунаи адабии он дар ҷойи аҷуба оварда шавад.
12. Вожаи абрӯ (ва вожаҳои аз он созмонёфта), ки решаи он калимаи рӯ(й) мебошад, дар фарҳанг дар шакли абру оварда шуда, ки, ба андешаи мо, хато аст (саҳ. 22). Пешниҳод мешавад, ин вожа бо ҳарфи ӯ оварда шавад.
13. Вожаи нӯздаҳсола ҳам, ки ҷузъи шуморавии он дар асли худ у- и дароз (ӯ) дорад, бо у- и оддӣ оварда шудааст, ки хатост. Ба ҷойи он гунаи дурусташ: нӯздаҳсола оварда шавад. Эзоҳ: дар фарҳанг вожаи зода аз шумораи нӯздаҳ оварда шудааст, аммо худи ин шумора дар алоҳидагӣ мавҷуд нест. Бинобар ин, пешниҳод мешавад, ки шумораи мазкур ҷойгир карда шавад ва дар шакли дурусташ: нӯздаҳ, на гунаи нодурусти он: нуздаҳ.
14. Вожаҳои аврупоии монанди Ню-Йорк, тюлен, шланг, шлюз ва монанди инҳо, ки дар фарҳанг дар ин шакл оварда шудаанд (саҳ. 11, 248, 308, 308), бояд ба қонунияти наҳвии забони тоҷикӣ мутобиқ кунонида шаванд; зеро мувофиқи қавоиди вожасозии забони тоҷикӣ, пас аз ҳамсадо якбора овози йотбарсар ва дар оғози вожа қабл аз садонок ё йотбарсар ду ҳамсадо пайдарпай намеоянд. Далели ин фарҳангномаҳои қадим ва осори классикӣ мебошанд. Дар имлои соли 1996 вожаи Ню-Йорк дар гунаи Нию-Йорк оварда шуда буд, ки бо қонунияти морфологии забони тоҷикӣ мувофиқат мекард, аммо, аз чӣ бошад, ки й- и ҷузъи аввали он гирифта шуд.
Саидҷаъфаров О.Ш., д.и.ф., профессори кафедраи забони тоҷикии ДДМИТ