Мақолаҳо
Меъмори сулҳ
Дар тӯли таърихи миллату халқиятҳои гуногун шахсиятҳои барҷаста бо корнамоиҳову қаҳрамониҳои худ нақши бузургеро дар сарнавишти халқи хеш барҷо гузошта, ҳамчун сардорони муваффақи миллат дониста шудаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам яке аз чунин шахсиятҳои бузург аст, ки бо кору фаъолияти некаш дар таърихи халқи тоҷик нақши муассир дорад ва дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як чеҳраи маъруф ва сиёсӣ бо иродаи сулҳу ваҳдатофариниаш сазовори обрую эътибор ва эҳтиром гардидааст.
Дар ҳақиқат ҳар як сокини мамлакат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид аст, ки Пешвои муаззами миллат замоне ба сари қудрат омаданд, ки Тоҷикистон ба як ҷанги сахти таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва кишварро хавфи нестшавӣ таҳдид мекард, мардум ба парокандагӣ, гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯбарӯ буданд. Ҳар рӯз садҳо модарон ашки ҳасрат мерехтанд. Фарзандонро аз падару модар дур мекарданд, ҳазорҳо кудакон аз хунукиву гуруснагӣ ҳалок мешуданд, ҳама парешон буд ва ҳеҷкас умеде надошт, ки то лаҳзаи дигар зинда монад. Воқеан ҳам таърих гувоҳ аст, ки Пешвои тоҷикони ҷаҳон – Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи он рисолате, ки бар души худ гирифт, аз ӯҳдааш сарбаландона баромада, миллату давлатро аз нобудиву парокандагӣ эмин дошт. Маҳз хизматҳои арзандаи ин абармард буд, ки кишвари мо ба сулҳу субот ва оромӣ расид. Ӯ ҳамчун Пешво тавонист, ки миллатро ба ваҳдат оварад. Ин шахси олиҳиммат милати тоҷик ва давлати тоҷиконро аз минбари баланди СММ муаррифӣ намуд.
Имрӯз Пешвои тоҷикон натанҳо барои миллати худ, балки барои тамоми сайёра ғамхорӣ намуда, дар ҳалли мушкилиҳои курраи замин фаъол аст. Мо дида истодаем, ки ин нақшаҳо бо азму иродаи нек ва қалби ватандӯстонаи Пешвои миллат ҷомаи амал пӯшида истодаанд. Хусусан сулҳи тоҷикон, ки дар як муддати кӯтоҳ ба даст омад, дар сартосари ҷаҳон ҳамчун намуна омӯхта шуда, он тавассути хизмати шоистаи президенти кишвар амалӣ гардида истодааст.
Аммо ҳастанд гуруҳҳое, ки дар ҳамин замина истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои миллии моро намехоҳанд ва муқобили сиёсати пешгирифтаи ин ҳукумат ҳастанд. Бояд дар ёд дошт, ки душманони миллат бо мақсади аз байн бурдани ҳуввият ва симои миллии мо, тавассути бегонапарастоне, чун аъзоёни ТТЭ ҲНИТ ва ДОИШ мехоҳанд шаҳрвандони мо - махсусан ҷавононро ба гумроҳӣ баранд.
Ин ватанфурӯшон ва мазҳабфурӯшон дини мубини исломро мехоҳанд дар амалҳои номатлубу андешаҳои ифротии худашон истифода кунанд. Аксарияти онҳо барои бароварда сохтани ҳадафҳои нопоки худ аз ҳеҷ дурӯғу тавҳин, худсафедкуниву иғвоангезӣ ва хиёнаткорӣ, ки хоси мусулмон нест, ҳазар намекунанд. Бинобар ин ҳам, ҳанӯз аз оғози фаъолияти ин гуруҳҳои террористӣ ва экстримистӣ бараъло маълум буд, ки онҳо дини мубини Исломро танҳо барои анҷом додани ниятҳои нопокашон истифода мекунанд.
Ҳодисаи охирине, ки дар сарҳади Тоҷикистон ба вуқуъ пайваст, ин бисёр амали нангин ва нафратовар мебошад, ки ин бар муқобили амнияти Тоҷикистон аст ва мо сокинони миллатдӯсти ин диёр ин амалҳоро маҳкум менамоем.
Роҳбарони созмонҳои ифротгаро шариат ва дини мубини исломро таҳрифкорӣ сохта, онҳоро ба андешаҳои шахсӣ ва ғаразноки худ олуда месозанд ва ақидаҳои хурофотпарастию разилонаи хешро дар зеҳни ҷавонони мо мехоҳанд ҷойгир кунанд. Аммо ҳамагон медонем, ки дини мубини ислом бо террорист, экстремист ва гурӯҳҳои ифротгаро иртиботе надорад. Роҳбарони ташкилотҳои террористӣ исломро як бозии асосӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ истифода мебаранд.
Агар ҳамаи талошу заҳматҳо ва дастовардҳои ин марҳалаи томи таърихиро ба таври воқеъбинона ҷамъбаст намоем, имрӯз метавон гуфт, ки Пешвои миллат масъулият ва рисолати таърихии худро дар назди Ватан, миллат ва таърих иҷро карда, Тоҷикистони азизи моро ба як давлати мустақил, устувор ва рушдёфта табдил додааст.
Аз ин рӯ мо мардуми бонангу ори кишваро зарур аст, ки ҳаргиз нагузорем, ки хоине ё нохалафе ин тинҷивуосудагии моро вайрон кунад ва ҳаргиз нагузорем, ки ин миллати баҳамомадаро парешон намоянд. Моро мебояд, ки дар атрофи ин марди накӯсиришт мутаҳид бошем, ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва собит созем, ки дар ҳама қишрҳои ҷомеа саҳмгузору фаъол ҳастем.
Д.Давлатзода