Мақолаҳо
ПРЕЗИДЕНТ-РАМЗИ ИТТИҲОДУ САРҶАМЪӢ
Шуруъ аз соли 2016 рӯзи 16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни истироҳат таҷлил карда мешавад. Дар иртибот ба ин 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд.
Ҳамчун рӯзи ид муайян кардани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ ба шахсият вобаста нест. Он ҳамчун рӯзи такдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон, эҳёи давлатдории миллӣ, марҳилаи муҳими давлатии шурӯъ намудан ба иҷрои вазифаи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсия аст. Бояд тазаккур дод, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он замон раиси Шӯрои Олӣ сардори давлат ба ҳисоб мерафт ва дар соли 1994 дар асоси интихоботи президентӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. 16-уми ноябри соли 1992 дар саҳифаи бойи таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд. Зеро ин рӯзи ба саҳнаи сиёсат ворид шудани бузургтарин сиёсатмадори халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон аст. Ин қонун бо назардошти саҳми арзанда ва хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат, амнияту якпорчагӣ ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст.
Ҷашнгирии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мисоли ягона нест. Таҷрибаи сиёсати ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар як қатор давлатҳои пешрафта баҳри қадрдонии хизматҳои сарварони давлат Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Ба роҳ мондани чунин амал дар Тоҷикистон ҳеҷ амали ғайриоддӣ набуда, барқароршавии адолати таърихист. Ҷашнгирии Рӯзи Президент дар олам таърихи куҳан дорад. Асосгузорони ин ҷашн амрикоиҳо мебошанд, ки шуруъ аз соли 1782 ҳар душанбеи сеюми моҳи феврал дар ИМА Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад ва он рӯзи истиироҳатӣ аст. Агар ҳар нотавонбине даъво кунад, ки ҷашнгирии Рӯзи Президент амали зиддидемократист, бояд дониста бошад, ки бунёдгузорони ин ҷашн асосгузорони демократия-амрикоиҳо мебошанд. Дар яке аз давлатҳои мутараққии олам-Британия Кабир ҳар сол 8-уми июн ҳамчун рӯзи таваллуди малика дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар Нидерландия, ки намунаи давлати демократию иҷтимоист, 29 ё 30-юми апрел зодрӯзи сардори давлат-малика ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил карда мешавад. Дар Исландия бошад, 14 май Рӯзи Президент эълон шудааст ва дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар Ҷумҳурии Қазоқистон бошад, ҳар сол 1-уми декабр ҳамчун Рӯзи Президенти аввалини Қазоқистон бо шукуҳу шаҳомати махсус ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин дар Ангола, Ҷазираҳои Маршал, Ботсвана ва дигар давлатҳо рӯзи президент ҷашн гирифта мешавад.
Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки дар тақдири ҳар як миллат шахсоне ҳастанд, ки дар шаклгирии ин миллат ва давлат нақши ҳалкунанда мебозанд ва бо гузашти асрҳо онҳо дар хотири мардум мемонанд. Чунин шахсиятҳо барои ИМА Ҷорҷ Вашнгтон, Русия-Пётри 1, Хитой-Мао Дзедун, Фаронса-Шарл де Гол, Туркия-Мустафо Камол Отатурк ва дигарон мебошанд. Бо амри тақдир халқи бузурги тоҷик низ 16-уми ноябри соли 1992 соҳиби чунин сарвари сиёсӣ дар симои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардид. Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилае ба саҳнаи сиёсат ворид гардид, ки Тоҷикистонро парокандагии сиёсӣ фаро гирифта буд. Давлат ҳамчун институти сиёсӣ фаъолият намекард. Воҳидҳои маъмурии алоҳида ба марказ итоат намекарданд ва гуруҳҳои гуногуни ҷинояткор бо истифода аз чунин вазъ худро ҳокими маҳаллӣ эълон карда буданд. Ҳатто як қисмати алоҳидаи ҷумҳуриамонро душманони миллат мустақил эълон карда, бар зидди Тоҷикистон мубориза мебурданд. Оид ба вазъи иҷтимоии он давра, ки аксарият шоҳиди он буданд, ҳоҷати сухан гуфтан нест. Дар чунин ҳолати мураккаб вориди сиёсат шудан ва муваффақ шудан дар он шароит афсона менамуд.
Дар соли 1992 Тоҷикистон ҳамчун давлат артиши касбӣ надошт. Ба муқобили давлати тозаистиқлол гуруҳҳои зиёди муташаккли ҳарбӣ, ки аз хориҷ дастгирӣ мешуданд, мубориза мебурданд. Аммо Эмомалӣ Раҳмон ба камбудиҳо нигоҳ накарда, тавонист вазъияти сиёсиро ба эътидол дарорад. Мардумро аз шарри гуруҳҳои ҳарбии ғайриқонунӣ наҷот дод ва дар муддати кӯтоҳ Артиши миллии Тоҷикистонро таъсис дод. Имрӯз Артиши миллии Тоҷикистон зери роҳбарии Сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳ-Эмомалӣ Раҳмон амнияту суботи кишварро ҳифз карда истодааст. Дар ҳамаи ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Агар дар соли 1992 Тоҷикистон сарҳадҳои худро идора намекард, пас имрӯз тамоми сарҳади тӯлонии Тоҷикистон аз тарафи қувваҳои мусаллаҳи худӣ ҳифз карда мешаванд.
Аз лиҳози идеологӣ низ соли 1992 аҳолии Тоҷикистон муттаҳид набуданд. Онҳо пайрави идеяву таълимотҳои мухталиф шуда, бо ҳам меҷангиданд. Аммо Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар атрофи идеяи Ваҳдати миллӣ тамоми мардуми Тоҷикистонро муттаҳид кунад ва ба ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ хотима бахшад ва ба унвони баландтарин-Қаҳрамони Тоҷикистон ноил шавад. Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки дар саргаҳи он Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад, дар гӯшаву канори олам ҳамчун намуна истифода карда мешавад.
Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи иқтисоди миллӣ низ бениҳоят бузург аст. Дар солҳои аввали соҳибихтиёрӣ Тоҷикистон бо буҳрони амиқи молиявию иқтисодӣ рӯ ба рӯ гашт. Соли 1993 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 16% коҳиш ёфт. Соли 1994 ин нишондиҳанда ба 24%, соли 1995 ба 12%, соли 1996 ба 17% баробар шуд Соли 1995 ММД танҳо 41% соли 1991-ро ташкил дод. Зери роҳбарии оқилонаи Эмомалӣ Раҳмон иқтисоди миллӣ рӯ ба пешравӣ ниҳода, дар соли 2018 ММД аллакай 68,8 млрд. сомониро ташкил дод. Имрӯз дар тамоми ҷанбаҳои иқтисодиёт пешравиҳои назаррас дида мешаванд. Тоҷикистон бомаром ба сӯи се ҳадафи стратегии худ-расидан ба истиқлолияти энергентикӣ, баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ рафта истодааст.
Хулоса, нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташкили Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил бениҳоят бузург буда, ҳақиқати бебаҳс аст. Маҳз бо назардошти ҳамин ҳолат 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Воқеияти олами муосир нишон медиҳад, ки яке аз ҳолатҳои кафолатдиҳандаи сулҳу амният дар ҳар як кишвар муттаҳидӣ дар атрофи сарвари сиёсӣ аст. Воқеаҳои сиёсии солҳои охири дар олам рухдиҳанда нишон медиҳанд, ки муттаҳид набудан дар атрофи сарвар ба он оварда мерасонад, ки ҳатто давлатҳои бузург пароканда мешаванд. Мисоли давлатҳои Ироқ, Либия, Яман, Сурия ва Украина гуфтаҳои болоро тақвият мебахшанд. Пас имрӯз вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аст, ки дар атрофи сарвари сиёсии худ-Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошанд ва дар пешравии Тоҷикистони азиз нақши худро гузоранд.
Давлатзода Дилшод Шерали