Мақолаҳо
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - САРДАФТАР ВА МЕЪМОРИ ТАЪРИХИ НАВИНИ ТОҶИКИСТОН
Боиси ифтихор ва сарбаландии кулли мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ки ҳамасола 16-уми ноябр дар саросари кишвар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Бояд қайд кард, ки маҳз иродаи мардум ва меҳру садоқат ба хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мардуми кишвар аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатиро дар ҳифзу тараққии давлатдории миллӣ дарк намуда, ин рӯзро ба унвони қадрдонию сипос бо тамоми он арзишҳои баланди давлатию миллӣ ва шаҳрвандие ҷашн мегиранд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз мебошад.
Таърих нишон медиҳад, ки ҳама гуна ҷомеа ниёз ба роҳбари хирадманду оқил ва доною тавоно дорад. Дар оилае, ки сарвари он инсони оқилу ҳушманд аст, фарзандон инсондӯсту меҳнатқарину боодоб тарбия мешаванд. Ҳамчунин, дар кишваре, ки бар садри худ роҳбари доною хирадманду дурандеш дорад, дар он кишвар адолати ҳақиқӣ барқарор мешавад ва пойдор мемонад.
Таърих гувоҳ аст, ки дар оғози ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистонро ҷанги таҳмилии бародаркуш фаро гирифт ва озмоишҳои азим мисли қатъ гардидани робитаҳои хоҷагӣ байни корхонаҳо, аз даст додани бозорҳои анъанавии фурӯш, камбудии ҷиддии захираҳои молиявӣ, муқовимати сиёсию ҷанги шаҳрвандӣ, набудани волоияти қонун ва муборизаи қувваҳои гуногуни сиёсӣ вазъи сиёсию иқтисодии мамлакатро мураккаб ва гузаронидани ислоҳоти иқтисодиро имконнопазир намуда, ба иқтисодиёт зарари азим расонид, ки бештар аз 10 млрд. доллари амрикоӣ баҳогузорӣ мешавад. Дар ин давра рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 67,4% коҳиш ёфта, вазъи зиндагиро мураккаб сохт.
Дар печидатарину ҳассостарин лаҳзае аз таърихи давлатдории тоҷик ба майдони сиёсат ворид шудани Эмомалӣ Раҳмон барои миллати мо ҳадяи тақдир ва муваффақияти хосест. Зеро ба шарофати хиради азалӣ, зиракии сиёсӣ, иродаи матин, вижагиҳои ахлоқӣ ва истеъдодҳои фардии ӯ Тоҷикистон аз хатари пора шудану ба нобудӣ расидан раҳо гашт ва дар кӯтоҳтарин муддати таърихӣ тамоми вижагиҳои давлати мустақил ва устувортарин низоми сиёсиро соҳиб гардид. Дар тӯли 28 соли истиқлолият як силсила мушкилоту монеаҳои мавҷудаи ҷомеаи навин бартараф гардида, таҳкурсии давлати соҳибихтиёр гузошта шуд. Корҳои азими бунёдкориву созандагӣ ва ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз гардид, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ба самтҳои асосӣ ва стратегии сиёсати давлатӣ табдил дода шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои иқтисодии хешро дар арсаи байналмилалӣ дар асоси меъёрҳои ҳамшарикӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд татбиқ менамояд. Талошҳои пайгиронаи Президенти кишвар дар ин раванд пайваста ба густариши ҳамкориҳо бо шарикони рушд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ равона гардидаанд, ки ин дар давраи истиқлолияти давлатӣ эътибори Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври бесобиқа баланд бардошт.
Имрӯз Тоҷикистон на танҳо дар ҳалли масъалаҳои дохилӣ, балки бо пешниҳодҳои ҷолиб ва таҷрибаи кории Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ саҳгузор мебошад. Аз ҷумла иқдомҳои дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфташудаи Тоҷикистон дар масъалаҳои ҳалталаби обӣ қабул гардидани қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид, инчунин омӯзиши сулҳу ваҳдати Тоҷикистон ва истифодаи ин таҷриба дар кишварҳои ҷангзада ва пешниҳоду ҳушдори ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба терроризм ва экстремизм лозим ба ёдовариянд.
Бо мақсади фароҳам овардани замина ҷиҳати рушди устувори иқтисодӣ дар кишвар бо ташаббус ва дастгирии Президенти кишвар “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди миллӣ барои то соли 2020” қабул гардид. Татбиқи босамари ҳуҷҷатҳои стратегӣ, барқарорсозии иқтисодиёт ва ноил шудан ба сатҳи устувории макроиқтисодӣ имкон дод, ки сатҳи камбизоатӣ аз 72,4 фоизи соли 2003 то ба 29,5 фоиз дар соли 2018 коҳиш ёбад. Дар натиҷаи ислоҳот ва дигаргунсозиҳо тамоюли рушди иқтисодӣ дар солҳои охир таъмин гардид, ки он ба муътадил шудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мусоидат намуд. Амалигардонии барномаҳои қабулгардида имкон дод, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоиз афзоиш ёбад.
Таҷлили ин ҷашн ба маънои ҷонибдорӣ аз ояндаи устувори давлатдории миллӣ, аз истиқлолияти сиёсӣ ва фикри миллат, аз низоми давлатдорӣ, аз суботу амнияти ҷомеа ва ҷонибдорӣ аз ваҳдату сарҷамъии миллат мебошад. Чунки сиришти мардумӣ, эҳсоси худӣ, иродаи қавӣ ва таҷрибаи бузурги Пешвои миллат қалби ҳар шаҳрванди кишварамонро саршор аз ҳисси боварию эътимод ба фардо, ба ояндаи фарзандони худ ва ба дурнамои давлату миллат менамояд.
Ректори ДДМИТ Хайрзода Ш.Қ.