Мақолаҳо
Иҷлосияи XVI ва сиёсати муваффақонаи Пешвои миллат
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ аз лиҳози моҳияти худ ба эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарарзиш аст. Агар эъломия давлатеро ба номи Точикистони соҳибистиқлол эълон дошта бошад, пас Иҷлосияи XVI ҳамин давлатро аз фаношавӣ нигоҳ дошт ва миллати тоҷикро аз гирдоби нобудӣ берун кашид. Ба таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо тақозои таърих на танҳо тифли дар гавҳора будаи Истиқлолият бударо наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайян сохт ва Тоҷикистони соҳибистиклолро ба сӯи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд”.
Ба бахти сокинони Тоҷикистон дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 баргузор гардида буд, сарварии давлат ба зиммаи Эмомалӣ Раҳмон вогузор шуд. Роҳбари ҷавону дурандеши мо, ки ибтидои фаъолияти ваҳдатофариаш аз Хуҷанди бостон оғоз гардид, бо нахустпаёми худ ба дили мардум роҳ ёфт ва оташи муҳаббати аждодиро дар офариниши сулҳу оштии миллӣ фурӯзон намуд.
Дар китоби “Эмомалӣ Раҳмон”, ки соли 2016 чоп гардид, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон Шукурҷон Зуҳуров менависад:” Барои ман мояи ифтихор аст, ки бо чунин шахсияти таърихӣ муддатҳо паҳлу ба паҳлу кору фаъолият намудаам. Дар замоне, ки як ҳиссаи шаҳрвандони мо дар хориҷи кишвар буданд ва дили модари тоҷик барои фарзандон гум мезад, ӯ худро нороҳат ҳис мекард. Ӯ бо чунин суханони таскинбахш фирориёнро барои ба Ватан баргаштан ташвиқ мекард:
- Хамдиёрони азиз, ба Ватан баргардед! Ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як пора ноне, ки дорем, бо ҳам мехӯрем.
Агар ба таърихӣ 27 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ назар афканем, манзараи пур аз шебу фарози ватандории мо точикон, ки барои наслҳои оянда як сабақи пурарзишии таърихист, пеши чашм меояд. Аз санаи аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман элом доштани соҳибистиқлолии давлатии миллати тоҷик, авҷгирии баъдинаи мубоҳисаҳои доманадору муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии мамлакат, оғозу бар души мардуми кишвар бор гардидани ҷанги шаҳрвандии харобовар, сипас оғози музокирот, барқароршавии сулҳ ва муваффақ гаштан ба ризоияти миллӣ то рӯзҳои мо, мушкилотҳои зиёде рафъ шуда, ҷомеаи имрӯзаи тоҷик дар фазои сулҳу ваҳдат озодона умр ба сар бурда истодааст. Таҳкурсии сиёсию қонунии дигаргуниҳои азими минбаъда дар кишвар маҳз дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ таҳрезӣ шуданд. Аз ин рӯ он Иҷлосия оғози саҳифаи нави пешравии гуногунҷабҳаи ҷомеаи Тоҷикистон ва ташкилёбии фаъолияти амалии макомоти олии қонунбарори мамлакат Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон гардид.
Ҳамон рӯзҳое, ки дар Қасри Арбоб Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ мегузашт, шоири маҳбуби миллати тоҷик Аҳмадҷони Раҳматзод, ки шоҳиди бевоситаи ин рӯйдоди таърихӣ ва тақдирсоз мебошад, дар “Достони солҳо” чунин мисраҳои баландпарвозро эҷод намуда ҷой дода буд:
Сароғози ҳама кор интихоб аст,
Ки бар садсолу моҳҳо он чавоб аст.
Зи халқаш нури Раҳмон сарварӣ ёфт,
Ба халқаш нури Раҳмон аз фалак тофт.
Ин интихоб аз хиради азалии намояндагони онвақтаи Шӯрои Олӣ дарак дод ва собит сохт, ки дар интихоби фарзандони сазовор шаҳрвандони Тоҷикистон хато накардаанд.
Маводҳои ҷаласаҳои Шӯрои Олиро варақгардон намуда, чашмам ба як нуқтаи муҳими он афтод, ки саропо ҳикмат аст. Вақти суханрониашон Пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз ҷаласаҳои Шӯрои Олӣ гуфта буд:
-Вақте ки барои иштирок кардан ба ҷамъомади шумо тайёрӣ медидам, суханони пурҳикмати поягузори давлати тоҷикон Куруши Кабир ба хотирам омад. Куруши Кабир ба вазирони худ гуфтааст: “Агар шумо дар хизмати инсоф бошед, қонунҳои моро муҳофизат кунед, агар дар хизмати шайтон бошед, посбони ҷинояткорон хоҳед шуд ”.
Мазмуну мундариҷа ва таъсири ин гуфтори баландмояву баландпоя имрӯз ба Тоҷикистони ҷавони мо дар ҳалли масъалаҳои муҳофизати қонуният ва арзишҳои Конститутсияи мамлакат хизмати босазо карда истодааст.
Дар тақвияти ин гуфтор лозим ба ёдоварист, ки Абдулмаҷид Достиев – сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия таассуроти худро аз Иҷлосияи XVI чунин баён доштааст: Дарахт чи қадаре баландқаду пурҳашаммат шавад, бояд барои устувор буданаш ҳамон қадар решаҳои худро зиёдтар ҳимоя карда тавонад.
Иҷлосияи XVI, даъвати дувоздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон Иҷлосияе буд, ки оғоз дошту анҷом надорад, зеро, ки тамоми дастовардҳояш имрӯз ва аз имрӯз бад ҳам аз қарорҳои қабулкардаи он сарчашма мегиранд. Ин иҷлосия тавонист, ки дарахти пурҳашаммати давлатдории тоҷиконро аз решаҳояш ҳимоя намояд.
Роҳи тайкардаи баъд аз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пур аз комёбиҳои беназир аст.
Ба истифода дода шудани роҳи байналмилалии Душанбе- Кӯлоб-Хоруғ-Қулма Қароқурум, дар хизмати мардум қарор гирифтани нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Шар-Шар», неругоҳоии обии «Сангтӯда- 1» ва «Сангтӯда- 2», вусъати корҳо дар сохтумони нерӯгоҳи обии Роғун ва ба истифода додани агрегати 2-юми ин неругоҳ бо баста шудани маҷрои дарёи Вахш ва дигар иншоотҳои бузургу муҳими хизматрасони ҷумҳурӣ аз хизмати содиқона ва шабонарӯзии Пешвои милати тоҷик дарак медиҳанд.
Аз нигоҳи мо, корнамоии Пешвои муаззами миллати тоҷик, ки аз Қасри Арбоб оғоз меёбад, ба корнамоии Куруши кабир ва Исмоили Сомонӣ баробар аст ва умри ҷовидонӣ дорад.
Солҳо паси сар мешаванд, наслҳои ояндаи миллати мо ба саҳифаҳои таърихи давлатдориамон назар меафкананд ва аз доштани чунин нобиға, ки лоиҳаи сулҳофариашро башар таҳсин мегуяд ва аз он истифода мекунад, ифтихор хоҳанд кард.
Махшулов Саидхуҷа муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкӣ