Мақолаҳо
Дар сухан каззобро набвад фуруғ!
Қайд кардан ба маврид аст, ки аъзоёни ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ ба мисли паразит ва муфтхурҳое мебошанд, ки аз ҷониби хоҷагони хориҷиашон ҳамчун фоҳиша ҳар лаҳзаву ҳар сония хариду фурӯхта ва истифода мешаванд. Яъне ин тоифа бозичаи дасти хоҷагон шудаанд, ки дар ҳама самт ба мисли ғулом истифода карда мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки ин ашхоси зархариди кӯрнамак дигар роҳи баргаштан ба ватанро надоранд ва то он рӯзе, ки ҷон дар бадан доранд, маҷбуранд, ки қуввати худро барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои ғаразноки хоҷагон сарф намуда, фарзандони худро бо пули ҳаром хӯронанду пӯшонанд ва ҳатто тайёранд, ки ҷиҳати сари вақт иҷро намудани фармоишҳои хоҷагон ҷонашонро қурбон намоянд.
Ин далолат бар он медиҳад, ки ҳадафи наҳзатиҳои хоин пеш аз ҳама сарсону саргардон кардани миллати тоҷик ва халалдор намудани сиёсату фазои орому озодии Тоҷикистон мебошад, чунки ин ашхос осудаҳолии миллату амнияти давлатро дидан наметавонанд.
Дар урфият мегӯянд забони бадхоҳону хоинон дароз аст, аммо дасташон кутаҳ. Наҳзатиҳо ҳам айнан ҳамин тавр афроданд, ки шабу рӯз ба мисли саг меҷаканд ва ҳарчанд аз ҷакидану дурӯғ гуфтан, туҳмат кардану иғво андохтан, дар ҳаққи миллату давлат монда шуда бошанд, лекин тавре худро вонамуд мекунанд, ки ҳоло ҳам қувваи пеш бурдани дастуру супоришҳои хоҷагонро доранд ва аз уҳдаи кор мебароянд.
Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст Муҳиддин Кабирии маккори хиёнаткор бо ҳамаслаконаш мехост, ки тавассути дини мубини Ислом таваҷҷуҳи мардумро ба худ ҷалб намуда, фарҳанги бегонапарастиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намояд, аммо бехабар аз он, ки миллати тоҷик аллакай аз нақшаву нияти нопоки ин нохалаф огаҳӣ пайдо кардааст.
Қобили зикр аст, ки имрӯз миллати тоҷик симои асососии бе ниқоби М.Кабирии дурӯяро ба пурагӣ шинохта, ба сафсатаву фитнаву иғвогарии номбурда ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ диққату аҳмият надода, ин тоифаҳоро ҳамчун ғуломон ва хизматгорҳои хоҷагони хориҷӣ мешиносанд.
Лозим ба ёдоварист, ки М.Кабирии фурӯхташудаи баднафс барои худро сафед кардан ва мардумро фиреб додан ҳар лаҳза нақшаҳои нав мекашад ва ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ба монанди Паймони миллӣ ва ҲНИ таъсис медиҳад, ки ҳадафи аслии ин ташкилотҳо вайрон намудани идеалогияи ҷавонон мебошад.
Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд донад, ки наҳзатиҳо душманони миллат, дин, давлат, ободӣ, озодӣ, муқаддасоти миллӣ ва пешравии Тоҷикистони маҳбуби мо буданд, ҳастанд, ва ҳамеша хоин мемонанд.
Мардуми сарбаланди тоҷик бояд дар ҳама ҳолат барои таъмини амнияту суботи ҷомеъа бе тараф набошад ва он рӯзҳои сахту сангине, ки дар солҳои ҷангӣ шаҳрвандӣ аз сар гузаронидааст, асло фаромӯш накарда, фарзандони худро аз даҳшату азоб, шиканҷаву гурруснагӣ ва сарсону саргардоние, ки хоинони миллат ба хоки Тоҷикистони азиз оварда буданд, огоҳ намуда, ҷавононро дар руҳияи ватанпарастиву меҳнатдустӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва содиқ будан ба Пешвои муаззами миллат тарбият намоянд.
Аз ин лиҳоз, чавонони моро зарур аст, ки илм омӯзанд, таърихро донанд, ҳушёру зирак бошанд, ба сафсатаву суханҳои пур аз фитнаву дурӯғи нахзатиҳои хоин бовар накунанд ва ҳамеша бар зидди душманони миллат, ки дили ин ғуломони дурӯя ба ватану модари худ намесӯзад, мубориза баранд.
Ф.Саидов Сардори шуъбаи кор бо ҷавонони ДДМИТ