Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Давлати ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалии вобаста ба об

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон бо ташаббуси худ, дар тамоми масъалаҳои марбут ба захираҳои об, истифодаи босамари он ва алоқамандии он ба ҳифзи муҳит, асосан таъсири он ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ саҳми худро мегузорад. Дар маҷмуъ тамоми ҷаҳон бо мурури замон ба якчанд мушкилиҳои глобалӣ дучор шуда истодааст. Ин мушкилиҳо яъне дастрасӣ ба об, ҳолати санитарӣ, зиёдшавии аҳолӣ, харобшавии системаи экологӣ ва таъсири он ба тағирёбии иқлим ва муҳити зист мебошанд. 
Ба хотири ҳалли масъалаҳои мавҷуда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даҳсолаҳои охир якчанд қатъномаҳои ба ин самт марбут бударо пешниҳод намудаанд. Эълон шудани соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон шудани солҳои 2005-2015, соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон шудани соли 2013 ва қабули қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Дар доираи амалӣ намудани ин қатънома ҳар ду сол гузаронидани конфронси байналмилалӣ қабул гардид ва гузаронида шуда истодааст, ки ин барои ноил шудан ба ҳадафҳо такони бузург мебахшад. Бояд қайд намуд, ки яке аз қадамҳои асосӣ баҳри ноил гаштан ба мақсадҳо ин устувории муносибатҳои байналмилалӣ, пешниҳод ва амалӣ намудани ислоҳоти соҳавӣ ва ба роҳ мондани истифодаи техналогияҳои муосир ба шумор меравад. 
Мо, точикистониён аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд хамеша бифахрем. Точикистон аз захираи об бой буда, кариб 7000 пирях, 155 кули гуногунҳаҷм, ҳазорҳо чашмаоби оддию маъданй ва обанборҳои зиёд дорад. Ин маъхази бузург, ки одамро асос аст, об аст. Бе об зиндагй пойдор буда наметавонад. 
Мувофиқи маълумоти оморӣ, ҳар сол дар ҷаҳон аз истеъмоли оби нопок беш аз панҷ милион нафар одамон, ки аксари онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд, талаф ёфта, зиёда аз се милион одамон ба бемориҳои гуногун гирифтор мешаванд. Дар кишвари мо низ, ки дар миқёси ҷаҳонӣ бо захираҳои фаровони оби поки ошомиданӣ маъруф аст, ин нишондиҳандаҳо боиси ташвиши ҷиддианд ва ҳоло ҳам масъалаҳои ҳал ношудаи таъминоти аҳолӣ бо оби ба дараҷаи лозима поки ошомидани боқӣ мондааст. 
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Тавре маълум аст, Тоҷикистон дорои захираҳои бойи обӣ мебошад. Тақрибан 64 милиард метри кубӣ оби дарёҳои минтақа, ки 56 фоиз захираҳои оби Осиёи Миёнаро ташкил медиҳанд, аз Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Аз обҳои дарёҳои кишвар танҳо 15 фоиз дар дохили кишвар ва боқимонда пурра аз ҷониби кишварҳои поёноб ва асосан барои обёрии заминҳо истифода мешавад. Айни замон ба мақсади беҳтар намудани таъмини оби нӯшокӣ ба аҳолӣ бо дастгирии ҷонибҳои мададрасон як қатор лоиҳаҳо мавриди татбиқ қарор доранд. Ин ҳадаф ҷузъи ҷудонашавандаи Стратегияи миллии рушд ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад. 
Таърихи навини ташаккулёбии давлати соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки Тоҷикистон яке аз пешсафони фаъол дар истифодаи оқилона ва идораи муштараки захираҳои обӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ буд ва мемонад. 
Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, Пешвои муаззами миллат ва мардуми Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббускор буда, дар иҷрои барномаҳои сиёсати дохилию хориҷии кишвар саҳми худро гузошта, дар оянда ҳам хоҳанд гузошт. Ин масъалаи ҷомеаи ҷаҳониро Тоҷикистон бори чандум аст, ки пешниҳод мекунад ва дар ин масъалаи мубрами рӯз ҳамчун ташаббускор боқӣ хоҳад монд. Сарвари кишвар хуб медонад, ки дар шароити феълӣ мардуми Тоҷикистонро хатари камбудии об таҳдид намекунад. Ӯ ҳамчун инсони башардӯст ин матлабро хуб эҳсос намудааст ва ҳамаи пешниҳодҳояш барои он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин мавзӯи ниҳоят муҳим таваҷуҳ зоҳир намоянд. 
Мо мардуми Тоҷикистон ба саъю кушишҳои сарвари кишвар арҷгузорӣ намуда, ҳикмати халқии “Об асту ҳаёт аст”- ро фаромуш накунем. Чунки мо хазинадори неъмати об ҳастем, месазад, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем. 


Афғонова Моҳира ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ