Мақолаҳо
Дуруғ одамиро кунад бевиқор (Вокуниш ба изҳороти Саидюнуси Истаравшанӣ)
Чанде пеш тариқи шабакаи интернет изҳороти яке аз хоинони миллат ва душмани сохтори конститутсионии дунявии Тоҷикистон Саидюнуси Истаравшанӣ паҳн шуд. Ин изҳорот бори дигар нишон медиҳад, ки неруҳои мухолиф, ки аз хориҷ истода, ба мо дарси сиёсату давлатдорӣ меомӯзонанд, ягон нафар шахси аз нигоҳи сиёсӣ солимандешу равшанфикр мавҷуд нест. Зеро тавассути дурӯғу буҳтони навбатӣ ин хоинони миллат боз як кӯшиши дигаре баҳри сафед кардани марому мақсадҳои ғаризонаи ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ, ҳамчунин, ҳадафи ниҳоии хеш — бунёди давлати исломиро дар Тоҷикистон роҳандозӣ кардаанд. Бо суханҳои пучу бемаънии саропо дурӯғ муаллиф мехоҳад моро гумроҳ созад. Тавассути овардани мисолҳои беасос аз сиёсати дигар давлатҳо нисбат ба дин кӯшиш мекунад, ки мардуми мо ва хусусан руҳониёни кишварро раҳгум зананд.
Сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба дин дар маҷмуъ ва махсусан дини мубини ислом хеле дурандешона буда, гуфтан мумкин аст, ки яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон аст. Бо овардани маълумотҳои оморӣ мехоҳем ба бадбинон нишон диҳем, ки вазъи озодии дин хуб аст. Дар Тоҷикистон барои ҳамагӣ 9 миллион аҳолӣ 4 ҳазор адад масҷид амал мекунад ва ин нишондиҳанда бори дигар исбот менамояд, ки барои мардуми кишварамон фазои озоду мусоиди динӣ ҳамаҷониба фароҳам оварда шудааст.
Ба Сайидюнуси Истаравшанӣ муроҷиат карданием, ки мо сокинони кишвар ба ин гуна суханони иғвоангези ин турфа хоинони миллат, ки аз хориҷа истода, ноҷавонмардона сангпартоӣ доранд, бовар надорем ва фирефтаи онҳо нахоҳем шуд. Душманон бояд донанд, ки Тоҷикистон имрӯз Тоҷикистони солҳои 90-ум нест. Мардуми Тоҷикистон ҳушёр аст ва дар атрофи Пешвои муаззами миллат муттаҳиду сарҷамъ гардида, дар бунёди давлати дунявӣ устувор аст. Мо ба маслиҳату машваратҳои хоинону ватанфурӯшу мазҳабфурӯше чун Сайидюнуси Истаравшанӣ ниёз надорем ва онҳоро маҳкум менамоем.
Ф.Аҳмадзода устоди ДДМИТ