Мақолаҳо
Ҷавонони Язғулом ватандӯсту равшанфикранд
Дар даврони истиқлолият ва махсусан ваҳдати миллӣ тамоми деҳаҳои Тоҷикистон аз бумбасти хурофоту ҷаҳолат баромада, ба ҷаҳони дунявият ва илму маърифат пайвастанд, ки ин ба дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин марди оқилу доно ва ҷавонпарвар буд, ки дар дили тамоми ҷавонон тухми умеду орзуро кошт ва имкониятҳои бузургро барои ҷавонон тақдим намуд. Ҳамин аст, ки имрӯз ҷавонони ҷамоати деҳоти Язғуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ низ аз ин дастгириҳо қаноатманд буда, ба худ як руҳияи наву тафаккури тоза гирифта, имрӯз барои ташаккули давлатдории дуниявӣ саҳми худро гузошта истодаанд. Онҳо имрӯз барои ободониву бунёдкории диёри хеш ва сарзамини зебоманзари худ кӯшишҳои зиёд намуда истодаанд.
Имрӯз мардуми Язғулом барои ободии ватан ва рушди деҳот ва ҷалби сайёҳон бисёр корҳои назаррасро анҷом дода истодаанд. Дар деҳоти худ мавзеъҳои тамошобобро обод карда истодаанд, то ин ки дар солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ онҳо низ як саҳме дошта бошанд.
Имрӯз дар ҳамаи донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ва ҳатто берун аз кишвар ҷавонони болаёқати деҳоти Язғулом таҳсили илм карда истодаанд. Ин аз бедор шудан ва ба ҷаҳони илму адаб ва маънавиёт пайвастани онҳо дарак медиҳад. Ҷавонони Язғулом ҷавонони ватандӯст ва ватанпарвар мебошанд. Кӯшишу талошҳои ин ҷавонон барои пешравии миллату давлат равона аст. Инро мо аз аз амалҳои имрӯзаи онҳо мебинем.
Имрӯз деҳоти Язғулом ба як макони зебоманзари сайёҳӣ табдил гаштааст ва ҳамаи ҷавонони ин деҳа пайваста барои боз ҳам зебо намудану дар тамоми кишвар муаррифӣ намудани диёри худ хизмат намуда истодаанд. Мо бо ҷавонони Язғулом, ки барои ободиву бунёдкории меҳан ва марзу буми худ кӯшиш мекунанд ва заҳмат мекашанд ифтихор дорем.
Б.Холов устоди ДДМИТ