Мақолаҳо
Мо ниёз ба фарҳангу либоси бегона надорем
Либоси миллӣ яке аз қисматҳои асосии фарҳанг ба шумор меравад. Дар садаи нав моро ҷаҳониён ба воситаи фарҳанги бою ғаниамон ва ҷузъиётҳои он мешиносанд. Либоси миллӣ низ ҷузъе аз фарҳанги миллии мост, ки он таърихи дарозои ташаккули худро доро аст. Дар тӯли асрҳо новобаста аз таззодҳои нангини аз ҷониби аҷнабиён ба сари миллати мо омада, либоси миллии миллати тоҷик зебоиву шукуҳи худро гум накарда, балки боз тобиши накҳатборро ба худ касб кардааст. Бо гузашти солҳо имрӯз шаҳомату зебоии либосҳои миллии тоҷикон сарҳаднопазир гардида, тасхиркунандаи қалби Осиёву Африқо, Амрикову Аврупо гардидааст. Шодиофар ин аст, ки ниҳоди фарҳангиву маънавии Созмони Миллаи Муттаҳид-ЮНЕСКО аз хонаи тамаддуни фарҳанги ҷаҳон Парижи Фаронса бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чакани тоҷикро аз зумраи ёдгориҳои беназири фарҳангии ҷаҳонгир эътироф кард. Хурсандиовар низ ҳаст, ки бо талошҳои бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардиданд. Ин ибтикорот метавонад завқҳои солҳо дар пушти парда ниҳонбудаи миллати моро бедор намуда, дар замонасозикунониву ҷаҳонтасхирсозии либоси миллии мо заминаи нави рушду инкишофро фароҳам созад.
Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, симои зан-модари тоҷик бо сару либоси хоссаву зебои хеш, ки аҳуроист, пеши назар меояд ва воқеъан олиҳамаоб будани онро боз ҳам намоёнтар мегардонад. Ташвишовар аст, ки солҳои ахир занону духтарони мо ба бар кардани рӯсарӣ ва либосҳои ба мо бегонаро пеш гирифтанд. Хусусан дар тақлид ба шакли либоспӯшии занони Эрону Туркия, ки ба бозорҳои мо ворид шуданд. Мақсади мо решакан кардани ин анъанаҳои бегонаи либоспӯшӣ ва роиҷ сохтани тарзи либоспӯшии миллии худамон аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин масъала зимни як суханронии хеш бахшида ба Рӯзи Модар чунин таъкид карда буданд:“Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд”.
Ба ҳама маълум аст, ки дар Тоҷикистон атласу адраси чашмрабои мардуми Суғд, гулбасту куртачаканҳои дилкаши ҳунармандони Хатлон, гулдӯзиҳои нотакрори чеварони минтақаи Рашт, алочаву шоҳии чирадастони водии Ҳисор, рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ ва ҷӯробҳои зебои занҳои ҳунарпарасти Бадахшон хеле овозадор буда, либоси миллии мо маҳз бо ҳамин рангу ҷилоҳои минтақаҳои кишвари мо дар ҷаҳон муаррифӣ гардидааст.
Бояд ёдовар шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурамале таҳия шудааст, ки намуди либоси духтарону занонро дар фаслҳои сол, ҷашну идҳо ва дигар маросимҳо танзим мекунад. Ин дастурамал бо ҷалби тарроҳону донандагони анъанаҳои либоси миллӣ таҳия шудааст, ба занону духтарони синни гуногун - аз 7 то 60-сола ва аз он боло пӯшидани навъҳои либосҳои миллии муосири тоҷикиро машварат медиҳад. Дастурамал ба ҷуз аз танзими либоси занон вобаста ба синну сол тартиби пӯшидани либоси занонро вобаста ба рӯзҳои сол ва макон ҳам танзим мекунад. Дар даҳ бахши аввал намунаи либосҳои бонувоне, ки дар мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ кор мекунанд, лисбоси занон дар рӯзҳои ҷашнҳои миллӣ, давлатӣ, дар рӯзҳои истироҳати шанбеву якшанбе ва дар бахшҳои алоҳида муайян шудааст. Имрӯз ҳар яки моро зарур аст, ки барои пос доштани либоси миллӣ ва ба насли оянда мерос гузоштани он саҳмгузор бошем ва нагузорем, ки либоси ҳеҷ як миллати бегона ба фарҳанги пурғановати мо воридшуда, боиси аз байн рафтани либоси зебои мо тоҷикон гардад. Хуб мешуд агар духтарон ба дастурамал, ки дар бораи либосҳои занону духтарон аст риоя кунанд.
Меҳрангез Холова-донишҷӯи курси дуюми
факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ,
аъзои Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат»