Мақолаҳо
Тақлид макун ба мардуми бегона
Доир ба масъалаҳои гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ибрози назар шуда, ки ин амал аз рӯи бесаводӣ ва бефаҳмии ҷавонон аст. Гурӯҳҳои муайян бо роҳи фиреб эшонро барои омӯзиш ё кору фаъолият ба кишварҳои хориҷ сафарбар намуда, диққати онҳоро ба корҳои ношоистаю ғайриқонунӣ ҷалб менамоянд ва ҷони ҷавонашонро дар зери хатар мегузоранд.
Баъзан ҷавононе ҳастанд, ки аз сабаби камбизоатӣ ба пулу мол майл намуда, ба шаъну шарафи падару модар ва хешовандон, миллату меҳани худ иснод меоранд. Ҷавононро мебояд касбҳои хуберо пеша намоянд, илму маърифат омӯзанд, дар соҳаи интихобкардаи худ содиқона кору фаъолият баранд, ба қадри оромӣ ва осоиштагии кишварамон бирасанд. Боигарии асосии давлати моро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Масъалаи муҳими дигар тақлид намудани бархе ҷавондухтарон ба либоспӯшии мардуми бегона мебошад.
Солҳои охир дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷавондухтарон либосҳое мепӯшанд, ки нимурён, танг, доманкутоҳ - пайравӣ ба мардуми Аврупо ё ин ки пӯшидани либосҳои сиёҳ - тақлидкорӣ ба фарҳанги кишварҳои дигар аст. Онҳо ҳиҷобҳоеро, ки бо муди охирин дӯхта шудаанд, ба сар намуда, худро ҳамчун як шахси доно меҳисобанд.
Ҳадаф аз омӯхтани забону фарҳанги хориҷӣ тақлиди кӯр-кӯрона ба тарзи либоспӯшии он фарҳанг нест, балки омӯхтани фарҳанги воқеӣ ба ин восита, дарки одаму олам мебошад. Дар акси ҳол, шахс на ин ки симои берунаи худро бо пӯшидани либосҳои бегона дигар мекунад, балки худшиносию ҳувияти миллии худро аз даст медиҳад.
Ба андешаи банда, барои ҳар як ҷавондухтари тоҷик либосҳои миллии тоҷикона аз сад либоси гаронбаҳои мардуми бегона шинаму базебтар аст. Духтари тоҷик худ зебо аст ва ҳангоми ба бар кардани либосҳои зебои тоҷикӣ, аз қабили атласу адрас, чакан ва гулдӯзиҳои тоҷикона боз ҳам зебову қашанг менамояд. Мо мардуми тоҷик бояд бо забони худ, бо либосҳои миллии тоҷикии худ фахр кунем. Зеро мо мардуми тоҷиконро дар ҷаҳон бо атласу адрасамон мешиносанд.
Нигинаи Фахрилло, донишҷӯи курси 1, ихтисоси кори бонкии факултети молия ва қарз