Мақолаҳо
Саразм - оғози шаҳрсозии тоҷикон
Минтақаи болооби Зарафшон аз бозёфтҳои бостоншиносӣ хеле бой мебошад, аммо дар байни онҳо шаҳраки қадимаи Саразм ёдгории аҳамияти умумиҷаҳонидошта, ки дорои таъриху фарҳангӣ бой мебошад, ба шумор меравад.
Ёдовар мешавем, ки Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов кашф гардидааст, ки номбурда чунин қайд намудаасn: “Рақами 13-ро баъзеҳо бехосият мегӯянд. Оё ҳамин тавр бошад? Камина 13-уми сентябри соли 1976-ро ба некӣ ёд меоварам. Ҳар касро рӯзе ҳаст, саргузаште ҳаст, ки абадӣ ба хотираш нақш мебандад ва он барои ман ҳамон рӯз буд. Он рӯз ва ҳодисае, ки он рӯз воқеъ шуд, тақдири ояндаи фаъолияти илмии маро ҳал кард ва зиндагии ман гӯё мазмуни аслиашро дарёфт. Он рӯзи фаромӯшнопазир рӯзи кашфиёти шаҳраки қадимаи Саразм буд.”
Қобили зикр аст, ки бо ташабуси ин олими нотакрор дарёфти табари биринҷӣ аз ҷониби сокини деҳаи Саразм Ашуралӣ Тайлонов таърихи пуршукуҳи дар зери хок пинҳон будаи Саразм ба аҳли ҷаҳониён рӯшан шуд, ки ин дар ҳақиқатан кашфиёти нотакрори таърихи халқи азизамон ба ҳисоб меравад.
Бояд зикр намуд, ки дар шаҳри қадиvаи Саразм А. Исҳоқов ҳафриётҳои зиёде гузаронидаст, ки боиси муаррифии ин шаҳри қадима гаштааст ва А. Исҳоқов чунин навиштааст: “Бояд гуфт, ки дар зарфи 20 соли ҳафриёт (солҳои 1976-1996) аз 100 гектар майдони шаҳраки Саразм ҳамагӣ як гектари он кушода шуду халос. Бо вуҷуди ин масоҳати кам, ин ҳама имконият дод сарчашмаи тамаддуни ниёгонамонро бо тамоми бузургию ҳастияш ба дӯстдорони таъриху фарҳанг баррасӣ намуда бошем. Вале ин он маъноро надорад, ки бо бозёфтҳои имрӯза тамоми тамоюлҳои таърихи қадимаи ниёгонамонро равшан намудаем. Кӣ медонад, ки дар қаъри 99 гектари омӯхта нашудаи шаҳраки Саразм чӣ сирру асрорҳо ниҳонанд?! Кашфиёте, ки то ҳол ба мо муяссар гардид, қатрае аз уқёнуси беканори тамаддуни ниёгонамон мебошад. Аз ин рӯ, ба имрӯзиёну ояндагон лозим меояд, солҳои сол ин ёдгориро биомӯзанд. То имрӯз мо аз қаъри замин чиҳоро кашф намудаем, кадом бозёфтҳои нодири фарҳангро дарёфтем? Пеш аз ҳама аз қаъри замин зиёда аз 150 хонаҳои истиқоматӣ, 4 мубади оташпарастон, як анбори ғалланигоҳдории ҷамъиятӣ, як бӯстонсаро бароварда шуд. Маълум шуд, ки сокинони Саразм бо ҳавлиҳои кушод, кӯчаву тангкӯчаҳо байни худ рафтуо доштаанд. Ҳоло мо дар даҳҳо ҳавлию 3 кӯчаи аробагард ва 2 тангкӯчаи пиёдагарди шаҳраки Саразм роҳ гашта, аз завқи баланди фарҳанги шаҳрсозии ниёгонамон ҳаловат мебарем. Бозёфтҳои мо асосан аз лавозимоти рӯзгор, ороишоти тиллоӣ, нуқрагин, мисӣ, биринҷӣ, сангҳои гуногун ва устухонҳои ҳайвоноту паррандаҳо иборатанд. Зарфҳои сафолини мунаққашу сангини суфташуда ва порчаҳои деворнигораҳо аз санъати баландиҳунармандии гузаштагонамон шаҳодат медиҳанд.”
Қобили зикр аст, ки ёдгории қадимаи Саразм дар 15 километрии ғарби шаҳри Панҷакент ва 45 километрии шарқи шаҳри Самарқанд ҷойгир шудааст. Майдони аввалаи ёдгории таърихи қариб 130 гектарро ташкил медод. Шаҳрак дар зарфи беш аз ҳазор сол ва бахусус дар давраҳои энеолити замони дер ва асри биринҷии замони барвақт рушд ёфтааст ва аз рӯи таҳлилҳо Саразм чунин маъниро дорад:
1. Сарсабз, яъне Сари сабза.
2. Аз калимаи тоҷикии “сар” ва арабии “разм”-сарразм, яъне оғози ҷанг.
3. Саразм маънои “Сари замин”- ро дорад, ки ин ақидаро олимон бештар дастгирӣ менамоянд.
Инчунин бостоншинос А. Исҳоқов дар Саразм як қатор маҷмаъи манзилгоҳҳоро муайян намудааст, ки маҷмаъаи якум аз чор манзилгоҳ иборат аст.
Дигар маҷмаъҳо аз шумораи гуногуни манзилгоҳҳо таркиб ёфтаанд. Хонаи истиқоматӣ барои оила иборат аз ду нафар пешбенӣ шуда буд, биноҳои бисёрхонагӣ ва парастишгоҳои 200 метри квадратӣ вусъатёфта низ вуҷуд доштаанд.
Манзили саразмиён асосан на он қадар калон буда, оилаҳо дорои ду-се хона мебошанд, ки девори хонаҳо 40-50 сантиметр ғафсӣ даштаанд ва аз лой ё похса қомат афрӯхтаанд. Биноҳо байни ҳамдигар тавассути кӯча, тангкӯча ва ҳавлиҷаҳои боз (бедевор) ҷудо мешуданд, ки ба хулосаи А. Исҳоқов дар Саразм 5000-6000 одам мезистааст. Бояд гуфт, ки пеш аз ҳама биноҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятии шаҳраки Саразм аввалин осори санъати меъмории Мовароуннаҳр мебошанд. Ин ҷо алҳол ватани похсачиёну хиштрезон, биносозону дуредгарони аввалин аст. Ин имкон додааст, ки ниёгони мо аз ғорҳо, камару заминканҳо даст кашида, дар ҷойи кушод, дар рӯи замини ҳамвор ҷойи истиқомат омода созанд.
Хулоса, кашфи Саразм дар ноҳияи Панҷакент яке аз дастовардҳои маъмули даҳсолаҳои охири асри XX дар илми бостоншиносии тоҷик ба ҳисоб меравад. Саразм яке аз нахустин ёдгориҳои давраи ориёӣ намунаи беҳамтои ин тамаддун дар Суғд мебошад.
Ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Зарифов Манучеҳр