Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Саразм - нахустгаҳвораи тамаддуни шаҳрсозии Ориёиҳо

Саразми бостонӣ дар ҳудуди ҳозира шаҳри Панҷакенти водии пуртуғёни Зарафшони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир буда, дорои таърихи 5500-ҳазорсола мебошад. Агар мо ба мадракҳои таърихӣ назар кунем, пас мебинем, ки ин ёдгории замони чоруми асри санг энеолит ва аввали асри биринҷӣ мебошад. Аз ин гуфтаҳо маълум мешавад, ки ин мавзеъ тақрибан дар ҳазораи IV пеш аз мелод бунёд шудааст. Пас маълум мешавад, ки қавмҳои умумиориёӣ дар нахустмеҳанашон Эронивиҷ (Ориёновиҷ) дар ҳазораҳои VIII-VI пеш аз мелод мезистанд. 
Аз сабаби зиёд шудани аҳолӣ як қисми калони ориёиҳо дар ҳазораҳои VI пеш аз мелод ба ҳудудҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Тибет ҳиҷрат карданд. Дар қатори ин қавмҳои ориёии муҳоҷиршуда қавмҳои суғдитабор низ буданд, ки ба минтақаҳои шимолу ғарбии Осиёи Миёна ҳиҷрат намуда, дар байни ҳавзаҳои Қашқадарё, Сирдарё ва Зарафшон ҷой гирифтанд. Дар аввал онҳо тақрибан ду ҳазор сол дар давраи сеюми асри санг неолит зиндагонӣ карданд. Пас бо фулузоти табиӣ (биринҷ) шинос шуданд ва асбобҳои кории худро аз сангу биринҷ месохтанд. Ҳамин тариқ, давраи чоруми асри санг Энолит ба вуҷуд омад, ки тақрибан 1000 сол давом кард, яъне дар миёнаи ҳазорсолаи IV-III пеш аз мелод Суғдиён бори нахуст ба фулузоти табиӣ маҳз дар ҳудуди ҳозира Панҷакент шинос шуданд ва ин воқеаи муҳим дар навбати худ имконият дод, ки тамоми қавмҳои суғдӣ ба ҷониби Панҷакент ҳиҷрат намоянд. Вақте ки шумораи аҳолӣ дар ин ҷо зиёд шуд, шароити мусоид барои сохтмони шаҳр низ ба вуҷуд омад. 
Ин шаҳри бостонӣ ба чор давра ҷудо мешавад, ин давраҳо тақрибан 4000-3800 то 2000 пеш аз мелодро дар бар мегирад. Тамоми олоти меҳнати инсонҳо аз металли қалъагӣ (биринҷ) сохта мешуд. Саразмиён дорои маданияти ниҳоят баланд буданд. Системаи идоракунӣ шаҳрдавлатӣ буд. Яъне, Саразм ба мисли Афина шаҳрдавлат буд, ки ба ҳудудаш танҳо Панҷакенти кунунӣ дохил мешуд. Саразмро асосан шоҳ идора мекард. Дар он ҳанӯз низ нишонаҳои ҷамъиятҳои падаршоҳӣ ва модаршоҳӣ дида мешавад. Аз ҷиҳати шаҳрдорӣ саразмиён ниҳоят пеш рафта буданд. Шаҳри мазкур асосан ба чанд қисм ҷудо мешуд: 1. Қасри шоҳон ва маҳаллаи ашрофзодагону тоҷирон; 2. Маъбадҳои зардуштия; 3. Маҳаллаҳои аҳолинишин ва сипоҳиён; 4. Корвонсаройҳо ва дизу (қалъачаи муҳофизатӣ) рабадҳо (саисхонаҳо); 5. Маҳаллаҳои кӯчаки аҳолинишини гирду атрофи Саразм. 
Ба тариқи кӯчаҳои калону майдаву тангкӯчаҳо саразмиён ба тамоми гӯшаву канори шаҳр рафтуомад мекарданд. Онҳо асосан ба кишоварзӣ, тоҷирӣ ва ҳунармандӣ машғул буданд. Тамоми ашёҳои ҳунармандон аз метали қалъагӣ (биринҷ) буд. Масоҳати умумии шаҳр 100 га-ро дар бар мегирифт. Аҳолии он пайрави дини зардуштия буданд. Дар шаҳр маъбадҳои зардуштия ниҳоят зиёд буданд. Яъне, суғдиёни Саразм аз азал яктопараст буданд. Дар замони муосир аз Саразм зиёда аз 150 олоти биринҷӣ дарёфт шудааст. Дар он системаи иригатсионии обёрӣ низ вуҷуд дошт. Саразми бостонӣ дар қатори нахустин тамаддунҳои олам, ки дар ҳазораҳои V-IV пеш аз мелод ташкил шудаанд, дохил мешавад. Барои мисол, тамаддуни Саразми бостонӣ аз нахустин тамаддуни Чин дида 1000 сол калонтар аст. 
Вожаи луғавии Саразм маънои саршавӣ ё даромадгоҳ ба минтақаро дорад. Аз ҷиҳати ҷуғрофӣ, шаҳри Панҷакент маҳз дар сарҳади водии Зарафшон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон меистад. Барои ҳамин даромадгоҳ ё саршавии водии Зарафшон аз самти ғарбӣ маҳз шаҳри Панҷакент мебошад. Суғдиёни нахустмуҳоҷир инҷоро саршавии водии нав номиданд. Яке аз сабабҳои асосии барҳам хӯрдани шаҳрдавлати Саразм маҳз таҳдиди қабилаҳои кӯчманчии ориёии турҳои сакоии водии Миёнқолд ба шаҳр шуд, ки аҳолии Саразм маҷбур шуданд шаҳрро тарк карда, ба дигар минтақаҳои дарунтари водии Зарафшон ҳиҷрат намоянд. Дар ҳазораи II пеш аз мелод шаҳри Саразм нуфузи худро тамоман аз даст дода, аз байн меравад. 
Нахустин кофтуковҳои археологӣ дар ин минтақа дар замони генерал губернатории Туркистон шурӯъ шуда буданд. Солҳои 1948-1949 дар ин ҷо бостоншиносони машҳури Шӯравӣ А.Ю.Якубовский ва А.М.Мирзоев кофтуковҳои археологӣ гузарониданд. Лекин А. Исҳоқов тавонист дар солҳои 70-уми асри XX ин ганҷинаи пурасрори таърихиро кашф карда, пешкаши ҷаҳониён кунад. Дар замони муосир аз 100 га шаҳри Саразм танҳо 1 га омӯхта шудааст. Ҳамин 1 га ба бостоншиносон имконият дод, ки 5500-сола будани Саразмро муайян намоянд. Саразм ин оғози тамаддуни шаҳрсозии суғдиён буд. Баъдан суғдиён як қатор шаҳрҳои дигарро дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон бунёд намуданд. Лекин маҳз Саразм қавмҳои суғдиро ҳамчун қавми шаҳрсоз дар ҷаҳон маълуму машҳур кард. 
Мақсад аз ин гуфтаҳо он аст, ки бояд донишҷӯёни мо аз таърихи бойи гузаштаи худ огоҳ бошанд ва донанд, ки гузаштагони мо, ориёиҳо аз азал шаҳрсозу маданиятофару тамаддунофар буданд. Саразм ин худ далели гуфтаҳои болост, ки дар замони муосир бояд ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бошад. Донишҷӯён бояд донанд, ки инсонро ҳамеша ҳунараш зинда нигоҳ медорад. Барои ҳамин гузаштагони мо аз замонҳои хеле дур ҳунари шаҳрсозиро аз худ карда, ба мо Саразми бостонро боқӣ гузоштанд. 


Фаррухзод Ахмедов, ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ