Мақолаҳо
Саразми бостонам, достонам ман!
Сайқалгари оинаи таҷдид қадим аст,
Натвон ба навӣ ғофил аз ин сози куҳан рафт.
Мирзо Бедил
Мардуми тоҷик давлати соҳибистиқлоли худро таъсис дода, бо парчами ваҳдати миллӣ барои бунёди давлати дунявию ҳуқуқбунёд ҷидду ҷаҳд менамоянд. Вобаста ба ин тарбияи насли наврас дар равияи ватандӯстиву инсонпарварӣ, омӯхтани фарҳанги ниёгон ва тамаддуни башарӣ нақши бузург дорад.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ иброз намудааст: «Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихию фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад».
Тадқиқотҳои бостоншиносон дар тамоми хоки имрӯзаи Тоҷикистон аз давраи Шӯравӣ оғоз гардида буд. Дар натиҷаи тадқиқотҳо олимони бостоншинос қариб дар тамоми минтақаҳои кишвар ёдгориҳои таърихиеро дарёфт намуданд, ки аз таъриху фарҳанги бисёрҳазорсолаи тоҷикон маълумот медиҳанд. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Орумбекзода иброз доштааст, ки: «Алҳол дар қайди Вазорат 2020 ёдгории таърихӣ қарор дорад, ки аз ин миқдор 1278 ёдгории бостонӣ, 300 – меъморӣ ва 442 ёдгориҳои таърихӣ- манументалӣ (аз ҷумла 160 адад ҳайкалу нимпайкараҳо) мебошанд».
Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Бояд кӯшиш кард, ки ёдгориҳои қадимаю нодир ба монанди Саразм, Ҳулбук, Аҷинатеппа, Панҷакенти қадим, Тахти Сангин, Қалъаи Ҳисор, Хоҷа Машҳад ва ғайра шомили Феҳрасти мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО гарданд. Онҳо на танҳо ёдгории таърихии халқи тоҷик, инчунин мероси маънавии башарият ҳисоб меёбанд».
Кофтуковҳои бостоншиносӣ дар шаҳри бостонии Панҷакент аз соли 1947 сар шуда буд, ки ба он Александр Юревич Якубовский сардорӣ мекард. Дяконов М.М дар китоби худ «Маданияти қадимаи тоҷикон» пешгӯи намуда, гуфта буд: «Дар Панҷакенти қадима муқаррар кардан мумкин аст, ки на танҳо дар асрҳои V11 ва ибтидои асри V пеш аз милод, балки аз ин ҳам пештар бошишгоҳҳои одамон мавҷуд буданд».
Инчунин Дяконов М.М маҳз маркази тадқиқоти олимон қарор гирифтани Панҷакенти қадимаро нишон дода, овардааст: «Дар ин ҷо бостоншиносон устуворона меҳнат карда, ёдгориҳои нав ба нави маданият ва санъатро ёфта мебароранд». Бозёфтҳои замони шӯравӣ дар Панҷакент низ аз маркази зироаткориву чорводорӣ ва ҳунармандӣ будани ин мавзеъ маълумот медиҳанд.
Падидаҳои фарҳангии замонҳои дуру наздик ҳамеша дар маърази андешаҳои донишмандону олимон қарор дошт. Маҳз бо шарофати дастгирӣ ва кӯмаки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон таъриху фарҳанги тоҷикон дар дунёи муосир муаррифӣ гардид ва соли 2011 бо супориши сарвари давлат «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.
Ёдгории таърихии Саразм, ки айни замон дар маркази диққати донишмандони ватаниву хориҷӣ қарор дорад, соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов кашф гардид. Ин ёдгории қадимаи таърихӣ дар 15 километри ғарбии шаҳри Панҷакент ва 45 километрии шарқи шаҳри Самарқанд ҷойгир аст. Майдони ёдгории Саразм 130 гектарро ташкил медиҳад. Шаҳри Саразм дар зарфи беш аз ҳазор сол, бахусус дар давраҳои энеолити замони дер ва асри биринҷии замони барвақт рушт ёфта буд.
Барои халқи тоҷик фахри беинтиҳо ва далели мӯътамад он аст, ки решаҳои халқи тоҷик то ба куҷо мерасад. Саразм шаҳр аст, на деҳот. Саразм илм асту фарҳанг. Саразм таърих аст. Тадқиқот ва омӯзишҳо нишон доданд, ки маҳз дар Саразм боду ҳаво ва иқлими мусоид мардумро сарҷамъ намуда буд. Кӯҳҳои Зарафшон бошанд, барои ба роҳ мондани саноати сабуку вазнин созгор буданд.
Дастгоҳҳои бофандагӣ, коркарди қурғошиму қалъагӣ, кӯзаву олотҳои рӯзгор, корд, табар, тир ва ғайра аз таъриху фарҳанги кӯҳани мо далолат медиҳанд. Илова ба ин ба гароиш доштани мардум ба ҳунарҳои тарроҳӣ, ороишоти занона ва ҳунарҳои дигар бозёфти гӯри Маликаи Саразм шаҳодат медиҳад. Дар ин гаронарзиштарин бозёфти Саразм муҷассамаи малика аз гил дарёфт шудааст, ки ҳамроҳи ӯ ҷавоҳироту ороишоти зиёд ба монанди гарданбандӣ тиллоӣ, зару зеварҳо аз фирӯзаву лоҷувард, ақиқу нуқра ва ҳатто оина ва ҷиҳози ороишии малика ёфт шудаанд.
Тарҳи ёдгории таърихӣ – шаҳраки Саразм чунон сохта шуда буд, ки имрӯз низ дар бунёди шаҳрҳо онро ба инобат мегиранд. Яъне биноҳои истиқоматӣ, биноҳои маъмурӣ ва ибодатхонаҳо. Аз боқимондаи чӯбҳо ва пайи чӯбҳо маълум гаштааст, ки хонаҳо асосан бо чӯб пӯшонида мешуданд. Раставу дӯконҳои ҳунармандӣ дар назди хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир шуда буданд. Ҳокимони маҳаллӣ ва ҳатто ҳокими мутлақ доштани Саразми бостониро дарёфти мӯҳр тақвият медиҳад.
Иқтисодиёти дар ҳоли рушд қарордошта ва фарҳанги волои моддии Саразм шаҳодати инкишофи зироаткорию ҳунармандӣ дар ин ҷо мебошанд.
Натиҷаҳои таҳқиқоти илмии бостоншиносон дар шаҳраки Саразм дар бисёр симпозиюмҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон (солҳои 1979 ва 1994), дар Вашингтон (солҳои 1981 ва 1986), дар Париж (соли 1985), дар Олмон (соли 1992), Дар Эрон (соли 2003), дар Италия (соли 2007) ва да қитъаи Африко(соли 2008) мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифтааст.
Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 391, аз 21 сентябри соли 2001, ёдгории қадимаи таърихии 5500 солаи шаҳраки Саразм дар ноҳияи Панҷакент ҳамчун маркази ташаккули фарҳанги заминдорӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнӯъгоҳи таърихию бостоншиносӣ эълон карда шуд ва барои корҳои ҷустуҷӯиву бостоншиносӣ ва ободу барқарор кардани он ҳамасола маблағ ҷудо карда мешавад. Саразм ҳамчун намунаи мероси таърихии халқи тоҷик, бо кӯшишу ибтикори сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни соли 2010 ба феҳрасти мероси фарҳанги умумибашарӣ - созмони ЮНЕСКО ворид гардид.
Ҷашни 5500 солагии Саразми бостон муарифгари сари ин сарзамин будани давлатдории тоҷикон ва шаҳодати таърихи куҳанбунёд ва пунғановати он мебошад.
Қаҳрамон Бурҳон
САРАЗМАМ МАН!
Саразм аз қаъри таърихаш табар рӯи замин бинҳод,
Магар рамзе буд он аз табартақсимҳо фарёд:
Нишон аз дудмони миллатам ҳастам,
Ба зидди ҳар табардасте,
На камтар аз табардастам.
Бубинедам, ки андар хиттаи таърих барҷоям,
Чу нӯшиндоруе бар дарди миллат гашта пайдоям.
Чиям ман. Дайну бурҳонам Ба тоҷик аз ниёгонам!
Манам он пайк аз Ҷамшед,
Ки аз бодеву бороне набудам хаставу навмед.
Далелам аз Фаридуну Қубоду Рустами Достон,
Ба мулки Тоҷикистон меҳани армон,
Саразмам ман!
Саразми бостонам, достонам ман!
Тамаддуностони ростонам ман!
Барои иктишофам чун фаранг омад,
Маро андар сухан ҳар пора санг омад.
Зи нақши пораҳои ҳар сафолам хонд соли ман,
Муайян аз забарҷадҳову лаълам кард фоли ман.
Маро панҷоҳу панҷ аср аст аз тадқиқ бо карбон.
Марову миллати манро чунин синн аст. Акнун дон!
Надорам сирри сарпушидае дигар,
Фақат панҷоҳупанҷасринаам довар.
Биё, бо чеҳраи бикшода рӯзе шав ту меҳмонам,
Ба қасру кохҳои ёдгорӣ аз ниёгонам.
Саразмам ман!
Сари ин сарзаминам ман!
Замини Ориё сар мешавад аз ман,
Бубин он қасру кохамро, ки довар мешавад аз ман!.
Кутбия Ҳомидова н.и.т., дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ