Мақолаҳо
Ҷавонон ҳифзкунандаи муқаддасоти миллӣ ва ояндаи миллатанд
Боиси ифтихор ва фараҳмандии ҳар як ҷавони бонангу номуси кишвар аст, ки имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 26 декабри соли 2019 ироа гардид, боз аз фаъолияти пурсамари ҷавонон ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки «Ҷавонони мо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини Ҳукумат боқӣ мемонад».
Дар ҳақиқат Тоҷикистони азизи мо таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз то рӯз пеш рафта, ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон худ шоҳиди ин гуфтаҳоянд. Қобили зикр аст, ки ҷавонони кишвар ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, хоса Пешвои ҷавонопарвари миллат қарор дошта, баҳри сари вақт муҳайё сохтани шароити кориву маишӣ барои ин қишри пешбарандаи ҷомеа ва дастрасӣ пайдо намудани ҷавонон ба илму ҳунарҳои замонавӣ аз тарафи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Аз ин лиҳоз, мо ҷавононро зарур аст, ки барои баланд бардоштани савияи дониши худ ва омӯхтани забонҳои хориҷиву технологияи муосир пайваста кӯшиш намуда, бо идеяҳои наву қувваи бузурги хеш исбот намоем, ки мо дар ҳақиқат сазовори боварии Пешвои миллатем ва барои ин сарзамини аҷдодии худ шабу рӯз заҳмат кашида, ҷиҳати боз ҳам гул-гул шукуфоии Тоҷикистони азиз камари ҳиммат мебандем.
Лозим ба ёдоварист, ки соли 2019 барои миллати тоҷик соли бобарор ва фаромушнашаванда ба ҳисоб рафта, дар таърихи Тоҷикистон сабт мегардад. Чунки чархаи дуюми нерӯгоҳи обии барқии «Роғун», ки барои миллати тоҷик дастоварди нодир аст, дар арафаи таҷлили 28-умин солгарди Истиrлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар кор андохта шуд. Бояд тазаккур дод, ки баъди ба истифода додани дуюмин чархаи ин ишшооти тақдирсоз эътимоду боварии миллати сарбаланди тоҷик ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз боз қавитару мустаҳкамтар гардид. Дар робита ба ин Пешвои миллат иштирок ва саҳмгузории фаъолонаи ҷавононро дар сохтмони нерӯгоҳи барrии обии «Роғун» назаррас ва шоистаи таҳсин арзёбӣ намуданд.
Ҷавонон бояд донанд ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунанд, ки ҳамин заҳмату дастгириву ғамхориҳои шабонарӯзии Пешвои миллат буд, ки ҷавонони мо имрӯз дар олимпиадаву озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, номи Тоҷикистонро дар ҷаҳон муаррифӣ менамоянд ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстонро боло мебардоранд, ки ин мояи ифтихори ҳар як ҷавони хушбахти кишвар аст.
Воқеан ҳам, ҷавонон идомадиҳанда ва ҳифзкунандаи таъриху фарҳанги қадимаи миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои созанда, манбаи ғояҳои нав, эҷодкориву созандагӣ ва ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Маҳз ба ҳамин хотир аз тарафи Пешвои муаззами миллат соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон гардид, ки ин исботи ғамхориҳои сарвари давлат нисбат ба ин қишри ҷомеа мебошад.
Ҳамчунин, роҳбари давлат дар Паёми имсолаи хеш бори дигар миллати тоҷикро аз хатару таҳдидҳои терроризму эктремизм огоҳ намуда, ба маротиб шиддат гирифтани ҳар гуна гуруҳҳои ифротгароиро барои мардуми сайёра нигароникунанда арзёбӣ намуданд.
Аз ин рӯ, ҳар як ҷавонони саодатманди кишварро зарур аст, ки ташаббускору созанда бошанд, ба илм омухтан машғул шаванд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанг ва муқаддасоти миллиро гиромӣ дошта, барои ободиву пешрафти Ватани азизамон пайваста саъю талош намуда, ҳамеша содиқ ба давлату миллат бошанд ва софдилона хизмат намоянд.
Саидов Фаридун Сардори шуъбаи кор бо ҷавонони ДДМИТ