Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Паём - муҳимтарин барномаи созанда

Яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд дар ҷамъбасти ҳар сол ба Маҷлиси Олии мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи кишвари худ ироа намудани Паём аз ҷониби Сарвари давлат мебошад. Пешниҳод гардидани Паём аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакати мо дар ҳақиқат тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад. 
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб рафта, ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд. 
Имрӯз тамоми ҷабҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа дар зери таъсири беандоза ҷаззобу роҳнамоикунандаи Паём қарор дошта, раванду равиш ва амалисозии он дар ҷараён ва ривоҷу равнақ мебошад. Паём ҳуҷҷати асосии стратегии тамоми ҷабҳаҳои ҷомеаро дар бар гирифта, вазифаҳо ва амалиётҳои дарпешистодаро равону ба пуррагӣ матраҳ сохта, ҳолати кунунӣ ва фардоро бо назардошти раванди амал ва ба вуқӯъ пайвастшавии буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба аҳолии кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ расонид. Аз ин рӯ, Паёми хешро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои Тоҷикистон дар соли сипаригардида оғоз намуда, махсусан қайд карданд, ки «татбиқи чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд». 
Яке аз самтҳои муҳиме, ки дар Паём мавриди таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат қарор гирифт, масъалаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар барои соли 2020 ва дурнамои он мебошад. Масъалаи аввалине, ки дар самти иқтисодӣ баррасӣ гардид, таҳлили суръати воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2019 мебошад. Вобаста ба ин масъала зикр гардид, ки «соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфт». 
Масъалаи саҳми бахши хусусӣ, баланд гардидани нишондодҳо ва таъсири он дар самти маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ яке аз дастовардҳои солҳои охир дар бахши иқтисоди кишвар махсус арзёбӣ гардид. Вобаста ба ин масъала чунин зикр гардид, ки «саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли 2013-ум 54 фоиз буд ва ин нишондиҳанда соли 2019 ба 70 фоиз расонида шуд». 
Ин нишондиҳанда гувоҳи он аст, ки Пешвои миллат ба рушди соҳибкории хусусӣ диққати доимӣ медиҳанд ва ҳаматарафа дастгирии онҳоро таъкид менамоянд. Бобати ин унсури такондиҳандаи иқтисодиёти миллӣ, яъне фаъолияти соҳибкорӣ Пешвои миллат дар Паём қайд намуданд, ки ҷиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар се соли охир дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок иловатан 30 намуди имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шуданд. 
Танҳо солҳои 2016-2018 маблағи умумии имтиёзҳои ҷоришуда беш аз 15 миллиард сомониро ташкил намуд, ки ин саҳми Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву истеҳсолӣ мебошад. Илова бар ин, дар заминаи ислоҳоти татбиқнамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир шумораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор шаш баробар кам шудааст. Агар соли 2016 шумораи чунин санҷишҳо қариб 300 ҳазорро ташкил дода бошад, соли ҷорӣ ҳамагӣ 48 ҳазорро ташкил намудааст, ки ин ҳама гувоҳ аз иҷрои вазифаи ҳавасмандии давлат дар назди субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. 
Дар партави даъвату ҳидояти Паём тамоми сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла вазорату кумитаҳо, идораҳо, соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ-иҷтимоии ҷумҳурӣ, соҳибкорон ва тамоми фарди ҷумҳурӣ нақшаву вазифаҳои навбатӣ ва ояндаи худро мутобиқ ба ҳадафҳои сиёсии дохилӣ ва хориҷии кишвар амалӣ менамоянд. 
Бояд зикр намуд, ки дар баробари таҳлилу баррасӣ ва дурнамои масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ҳамзамон паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар, аз ҷумла тандурустӣ, илму маориф, фарҳанг, ҷавонон, занону модарон, худшиносии миллӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамкориҳои минтақавию ҷаҳонӣ, масъалаҳои вобаста ба таҳдидҳои замони муосир ва дигар мавзӯъҳои сарнавиштсози ҷомеаи Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд, ки шарҳу тавзеҳи онҳо паҳлуи дигари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро талаб менамоянд. 
Бинобар ин, мо бевосита ба таҳлили самти иқтисодӣ-иҷтимоии Паёми Пешвои миллат, ки инъикоскунандаи рушди бонизоми иқтисодиёти кишвар мебошад, таваҷҷуҳ намуда, муҳимияти онро баён намудем. 


Н. Шомадова, мудири кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ 
Б. Давлатов, ассистенти кафедра