Мақолаҳо
Мафкураи ҷавононро ҳифз мекунем!
Дар шароити имрӯза ҷаҳонишавӣ тақозо менамояд, ки аксари муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маданӣ ва сиёсӣ характери умумиҷаҳонӣ касб намоянд. Зеро ҷаҳонишавӣ дар худ имкониятҳои бузурги пешрафт ва дар айни замон таҳдидҳои ҷиддиро ба ҳаёти башарият омезиш додааст.
Ҳоло яке аз масъалаҳои мубрами рӯз - ин ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар Ватани азизамон Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Давлати тозабунёди мо дар меҳвари сулҳу осоиштагӣ ва баробарҳуқуқии шаҳрвандон, ибрати ҷомеаи ҷаҳонӣ дар таъмини амнияти босуботи миллӣ гаштааст.
Муттаасифона, ҳодисаҳои нангинеро, ки солҳои сипаригашта ва имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон шоҳид гашт, аз ҷумла воқеъаҳои даҳшатбори аввали моҳи сентябри соли 2016 дар Тоҷикистон ва ҳодисаи кушта шудани сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара дар соли 2018, ҳамла ба дидбонгоҳи сарҳадӣ дар соли 2019 ҳамчун амалҳои хиёнаткоронаи афроди хатарнок ба ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсубёфта мебошанд. Ин фаъолиятҳо мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун амалҳои террористӣ ва экстримистӣ ба ҳисоб рафта, ба дараҷаи ҷиноятҳои махсусан вазнин эътироф карда шудаанд.
Дар ин замина, на танҳо Тоҷикистон балки тамоми мардуми ҷаҳон бояд эътироф намоянд, ки терроризм ва экстримизм ҳолати ташкилшуда ва муҳаёшудаи қувваҳои ғайриқонунӣ маҳсуб меёбанд. Боиси таассуф аст, ки дар он баъзе давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ даст дошта, барои ташкил ва мавқеи зуҳуроти ин амалҳои нангин заминагузор мебошанд. Бо таассуф бояд гуфт, ки шароитҳо барои чунин кирдорҳои нангин аз тарафи қувваҳои бадхоҳи манфиатҷӯй ташкил карда мешаванд.
Дар робита ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин баён намудаанд: «Мубориза бо терроризм ва экстримизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.»
Дар замони мавҷудияти мавҷгириҳои моҳвораӣ ба фазои иттилоотӣ баҳои яксону қатъӣ додан хеле мушкил аст. Ҳамчунин торафт ба рӯзгори мо ворид шудани интернет ва дастрасии бештари мардум ба он, рушди технологияҳҳоиои иттилоотиву иртиботӣ дар ин раванд набояд мадди назар шавад. Ҳамин аст, ки интернет дар замони мо, бахусус сомонаҳои иҷтимоӣ таъсири бештаре дар фазои иттилоотӣ ва афкори умум (бахусус ҷавонон) доранд. Масалан, ҷалби аксари аъзои созмонҳои террористиву экстремистӣ, аз ҷумла ДИИШ ва ТЭТ ҲНИ тавассути сомона иҷтимоӣ сурат мегирад.
Густариш додани амалҳои терористию экстримистӣ дар минтақаҳои мухталифи олам ҳамагонро ҳушдор месозад, то аз бетарафию хомӯшӣ канора ҷуста, мавқеи инсонгароёнаи худро муайян созем.
Гурӯҳҳои экстремистӣ барои расидан ба мақсадҳои нопоки сиёсии худ ба амалҳои бешарафона даст зада, аз қатли кӯдакон ва занони бепаноҳ рӯй намегардонанд. Дар зери шиорҳои «Ҷиҳоди ғазоват» мехоҳанд «бемории бедавояшон»-ро ба кишварҳои дуру наздик таҳмил созанд. Бо ин кирдори носолимашон дунёро дар гирдоби тарсу даҳшатҳои тасаввурнопазир мехоҳанд нигаҳ доранд ва бо ин васила мавқеи сиёсии худро мустаҳкам намуда, соҳиби иқтидори иқтисодӣ гарданд.
Рафтори разилонаи гурӯҳҳои ҷиноятпеша барои бархе аз ҷавонони тоҷик, ки бо гумроҳӣ ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротгарову ситезаҷӯ, ба хусус дар сафҳои қувваҳои мусаллаҳи ба ном исломии Ироқу Сурия шомил шудаанд, бояд сабақи зиндагӣ гардад.
Ҷавонони раҳгумзадаву тираақл бояд дарк намоянд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ, аз касодии неруву зеҳни онҳо истифода намуда истодаанд. Мушкилоте, ки имруз пеши мо истодааст, боиси нигарони ва ташвиш буда, инчунин моро масъул месозад дуруст андеша намуда, роҳҳои халосӣ аз ин вартаи нокомӣ ва ҳалу фасли онро бо идрокона ёбем.
Имрӯзҳо чунин тамоюле ба назар мерасад, ки натанҳо баъзе ҷавонон аз кишварҳои рӯ ба инкишоф, балки шаҳрвандон аз давлатҳои тараққикарда ҳам ба гурӯҳҳои экстремистӣ мепайванданд. Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳеҷ кадом аъмоли террористӣ новобаста аз шаклу мавқеъ ва ҳадафҳояш ба таври қотеъ наметавонад қобили қабули шаҳрвандон гардад.
Ҷавонони кишвар бояд воқиф бошанд, ки симои аслии ДИИШ ва ТЭТ ҲНИ ба исломи асил ва суннатҳои он иртиботе надорад. Ҳамагон бояд огоҳ бошем, ки идеологияи онҳо терористию ифротгаро буда, хилофи дини мубини ислом аст.
Имрӯз ин масъала ба мушкили доғи тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Моро лозим аст, ки бо ҷавонон бештар кор кунем, онҳоро ба тарзи ҳаёти солим, варзиш, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва илмомӯзӣ ташвиқ намоем, то ин тамоюли номатлуб идома наёбад.
Мирзоев Некрӯз эдвайзери факултети иқтисод ва бизнес