Мақолаҳо
Саразм ёдгорест баҳри ҷалби сайёҳон ва муаррифгари Тоҷикистон
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намудаанд: «Мо тасмим гирифтем, ки соли 2020 ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон - шаҳри қадимаи Саразмро доир намоем. Ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки мо маданияти беш аз 5500 - солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ созем. Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем. Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад».
Бо мақсади рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии кишвар ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби сармояҳо дар зерсохтори сайёҳӣ, эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ маҳз Роҳбари давлат, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 - 2021- ро солҳои Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Ин иқдоми неки Пешвои тоҷикон дар ҳакикат барои пешрафти соҳаҳои номбурда мусоидат менамояд. Ҳамзамон боиси муаррифӣ намудани Тоҷикистон ва ҷалби сайёҳони бурунмарзӣ дар кишвар мусоидат менамояд. Таърих шаҳодат медиҳад, ки минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ башумор рафта, дар замонҳои қадим мардуми тоҷик беш аз 400 намуди ҳунармандиро доро буданд. Дар айни замон дар мамлакат зиёда аз 2900 ёдгории таърихӣ ва фарҳангӣ вуҷуд дорад. Дар ин самт, Саразм, ҳамчун яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ, аҳамияти бузурги илмӣ, таърихӣ ва байналхалқӣ мебошад. Ин яке аз ёдгориҳои аввалини мероси ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон башумор меравад.
Баҳри муаррифӣ намудани Саразм натиҷаҳои таҳқиқоти илмии бостоншиносон дар шаҳраки Саразм дар бисёр симпозиумҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон (солҳои 1979 ва 1994), Вашингтон (солҳои 1981 ва 1986), Париж (соли 1985), Олмон (соли 1992), Эрон (соли 2003), Италия (соли 2007) ва қитъаи Африқо (соли 2008) мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифтааст.
Саразм ягона ёдгории таърихе мебошад, ки дар арсаи ҷаҳонӣ бо бозёфтҳои нодири таърихиаш аз қабили ҷасади «маликаи Саразм», хумча, зарфҳои таомхурӣ, дегҳо, косаҳо, ҷомҳо, пайкони найза, ханҷар, кордҳои гуногун, 21- ҳазор пораи кулолгарӣ, табар, теша ва ба миқдори зиёд баъзе асбобу олоти рӯзгордорӣ шӯҳрат ёфтасат, ки ин бозёфтҳо дар осорхонаи шаҳри Панҷакент, ки як толори махсус бо номи «толори Саразм» машҳур аст, нигоҳ дошта мешавад ва ҳамасола сайёҳони хориҷию ватанӣ аз он дидан менамоянд.
Аҳолии Саразм асосан ба деҳқонӣ, чорводорӣ, моҳигирӣ, шикор, инчунин косибӣ ва маъдангудозӣ (мис, тилло, қалъагӣ) машғул буд. Мис ва қалъагиро даромехта табар, корд, ханҷари дудама, пайкон, чангаки моҳигирӣ, дарафш, сӯзан месохтанд. Пӯшоку палоси саразмиён аз пашму пӯст буд. Кулолони Саразм ба воситаи чархи кулолӣ коса, табақ, ҷом, пиёла, кӯза, хумча сохта, бо ранги сиёҳ, қирмизӣ, сурх, гулобӣ, зардча оро медодаанд. Сокинони Саразм бо кишварҳои соҳили халиҷи Форс, баҳри Араб, дарёи Ҳинд ва Бадахшон робитаи тиҷоратӣ доштаанд, ки ашёи биринҷӣ (корд, ханҷар, табари дудама), сангҳои дастадори тарозу, зарфу гӯшмоҳиҳо, асбоби зебу зиннатӣ (аз фируза, лоҷувард, ақиқ) ёфтшуда шоҳиди онанд.
Аз бозёфтҳои Саразм рушан мешавад, ки лоҷуварди Бадахшон, ақиқи Қайроққум, фирӯзаи Хоразму Фарғона, зарфҳои наққошишудаи фарҳанги Балуҷистону Систону Балх тавассути иртиботи тиҷоратӣ ба Саразм ворид гаштаанд. Маҳз саразмиён дар шимолу шарқи Осиёи Марказӣ паҳнкунандагони лоҷуварду маҳсулоти маъданӣ ба ҳисоб мераванд.
Барои халқи тоҷик бошад фахри беинтиҳо ва далели мӯътамад, ки решаҳои тоҷик то ба куҷо меравад. Пас метавон мудаъӣ шуд, ки маҳз мо тоҷикон ба ҷаҳон таммадун додаем ва оғози таммадун аз мулки тоҷик сарчашма мегирад.
Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон дар радифи кишварҳои дорои ёдгориҳои таърихӣ дошта, ки омили ҷалби сайёҳони бурунмарзӣ мебошад, таввасути Саразм ва дигар ёдгориҳои таърихиаш ҷойгоҳи хосаеро касб намудааст. Маҳс ҳамасола теъдоди зиёди сайёҳон бо мақсади дидан намудан аз ёдгории Саразм ба кишвари мо сафар менамоянд, ки ин боиси даромади иқтисодӣ ва ҳамзамон муаррифӣ намудани Тоҷикистон мегардад.
Бояд зикр намуд, ки имрӯзҳо ба хотири ҷашнгирии 5500-солагии ин маркази тамаддуни шарқ корҳои барқарорнамоию ободонӣ дар майдонҳои ҳафриётӣ ва гирду атрофи он рафта истодааст, ки боз ҳам симои ин шаҳри қадимаро зеботар менамояд.
Хулоса, ёдгории Саразм дар рушди сайёҳии минтақаи Панҷакент ва Ҷумҳурии Тоҷикитон саҳми беандоза калонро доро мебошад, ки ҳар сол сайёҳони зиёде маҳс барои дидани ин ёдгории беназир ташриф меоваранд. Ҳамзамон ин ёдгории бе мисл барои муаррифӣ намудани таъриху фарҳанги мардуми тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.
Манучеҳр Зарифов, омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ