Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Мақоми илму маърифат ҳамчун омили пешгирикунандаи ифротгароӣ миёни ҷавонон дар Паёми Пешвои миллат

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони кишварамон ҳамчун роҳнамо барои кору фаъолият хизмат мекунад. Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат барои пешрафти илму маориф, зарурати баланд бардоштани сифати таълим, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон, оила, рушди варзиш ва дигар самтҳои ҳаёти мамлакат таъкид намуда, ҳидояту дастурҳои муфиде пешниҳод намуданд. Дар паём фаъолияти яксолаи давлату ҳукумат ва мардуми Тоҷикистони азизамон ҷамъбаст гардида, вазифаҳо ва нақшаҳо барои соли нав, яъне соли 2020 гузошта шуданд. Ҳамаи нишондодҳои паёми имсоларо мардуми кишвар дар кору фаъолияти худ ҳамчун роҳнамо истифода намуда, дар амалишавии онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Қарзи шаҳрвандии ҳамаи сокинони кишвар аст, ки дар амалишавии ҳар як нуқтаи паём саҳми арзандаи худро гузоранд. Ҳамзамон ба соҳаи илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода шуда, ба роҳбарону кормандони соҳаи маориф дастур дода шуд, ки дар баробари дастгириҳои давлат сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таълим бояд боло бардошта шавад. Махсусан мо - намояндагони соҳаи маорифи кишвар дар ин самт бояд нисбати дигар қишрҳои ҷомеа фаъолтар бошем. Пешвои миллат нисбати мо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, боварии комил доранд ва ин нуқта борҳо дар ироаи Паём зикр гардид. Дар ҷавоб ба ҳамаи ғамхориҳо ва бовариҳои давлату ҳукумат ва Пешвои миллат мо кормандони соҳаи маориф бояд дар ҳамаи самтҳо фаъолияти самарабахш нишон диҳем. 


Дарвоқеъ, пешниҳоди «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои рушду нумӯи ояндаи мамлакатамон моҳияти калидӣ дошта, таваҷчуҳи на танҳо олимони соҳаҳои гуногуни илмҳои табиӣ ва риёзиро ба худ ҷалб намуд, балки ин иқдом минбаъд барои пешрафти технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва саноатикунонии босуръат заминаи бузурге гузошта метавонад. 


Тавре зикр кардем, дар паёми имсола ҳамаи масъалаҳои марбут ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон баррасӣ карда шуданд. Аз ҷумла ба масъалаҳои ташвишдиҳандаи ҷомеа диққати зарурӣ дода шуда, роҳҳои пешгирӣ ва ҳалли онҳо нишон дода шуданд. Дар ин самт махсусан ба масъалаҳои ифротгароӣ, терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир диққати ҷиддӣ дода шуд. Дар паём қайд карда шуд, ки солҳои охир терроризм ва ифротгароӣ ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. 


Дар асри ХХI ифротгароӣ, ки давраи рушду нумӯъро аз сар гузаронида истодааст, ба ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири худро гузошта истодааст ва суботро аз ҳаёти имрӯзаи аҳолии олам бурда, нисбати оянда ноумедиро ба миён оварда истодааст. Барои ҳамин зарурат пеш меояд, ки оиди табиату моҳият ва мафҳуми ифротгароӣ маълумоти муфассал дошта бошем. Танҳо дар ҳолати доштани маълумоти мукаммалу кофӣ метавон муборизаи самаранокро бо ин падидаи манфӣ ба роҳ монд. Дар паёми худ Пешвои миллат борҳо таъкид карданд, ки маърифати сиёсию ҳуқуқии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон бояд баланд бардошта шавад. Тибқи нақшаи дурнамои стратегияи рушди Тоҷикистон барои то соли 2030 то соли зикргардида бояд 90% ҷавонони ҷумҳурӣ соҳиби маълумоти олӣ гарданд, ки чунин ғамхорӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамтои худро надорад. 


Дар паёми худ Пешвои миллат қайд карданд, ки сиёсати манфиатҷӯёнаи баъзе давлатҳои абарқудрат сабаби ташаккули ифротгароӣ ва терроризм дар давлатҳое чун Сурия, Ироқ ва Яман гардидааст. Дар баробари ин дар Паём роҳи пешгирии дахолати давлатҳои абарқудрат ба корҳои давлатҳои мустақил нишон дода шуд, ки ин ҳам бошад донистан ва ҳифз кардани манфиатҳои миллӣ аст. Доир ба ин масъала зикр карда шуд, ки ҳифзи озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи ин сарзамин мебошад. 


Ифротгароӣ ва дигар шаклҳои ҷиноятҳои муташаккилона хоси гурӯҳҳои соҳиби маданияти пасти сиёсӣ ва таҳрифёфта мебошад. Дар паём ба масъалаи баланд бардоштани маданияти сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон диққати ҷиддӣ дода шуд. Зеро давлату ҳукумати Тоҷикистон дарк мекунанд, ки танҳо миллати босавод ва соҳиби маданияти сиёсиву ҳуқуқии баланд метавонад бо падидаҳои манфуре чун ифротгароӣ ва терроризм мубориза баранд. Доир ба ин масъала дар паём қайд карда шуд, ки масъалаҳои мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ дар сиёсати давлат мавқеи асосӣ дошта, тамоми муассисаҳои фарҳангӣ, воситаҳои ахбори омма, телевизион ва радио, шабакаҳои иҷтимоӣ вазифадоранд, ки фаъолияти худро доир ба ҳалли масъалаҳои зикршуда, пеш аз ҳама, ҳифзи истиқлолият, инчунин, инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён тақвият бахшанд. Роҳи аз ҳама осон ва муфид дар самти пешгирии падидаҳои манфур ин корҳои фаҳмондадиҳӣ аст. Ҳар чӣ қадаре ҷомеа маълумоти зиёдтар оиди ифротгароӣ дошта бошад, ҳамон қадар рӯоварӣ ба он камтар мешавад. Донишу маърифат яроқи муҳимтарин дар самти мубориза бо ифротгароӣ аст. Дар ин самт аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд чораҳои судманд андешида шудаанд. Яке аз қадамҳои муҳим дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад. Аммо баландбардории маърифати сиёсӣ вазифаи танҳо маориф нест. Дарвоқеъ, таваҷҷуҳи Пешвои миллат нисбат ба илму маърифат ва ҳавасмандгардонии ин соҳа бесабаб нест. Зеро ки имрӯз таъсири омилҳои гуногуни замони ҷаҳонишавӣ моро вазифадор менамояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, рӯ ба мактабу маориф ва аз худ намудани донишҳои муосир оварем. 


Хулоса, роҳбарияти олии сиёсии кишвар хуб дарк мекунанд, ки усули беҳтарини решакан кардани ҳар гуна падидаҳио манфур дар ҷомеа ин такя ба илму маориф аст, ки борҳо ҳангоми ироаи Паём таъкид карда шуд. Пас имрӯз замоне фаро расидааст, ки нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ гирифта, маърифати сиёсии худ ва атрофиёнро баланд бардошта, ҷомеаи худро аз ин падидаҳоии манфур-ифротгароӣ ва терроризм пок кунем. 


Фаридун Сафарзода, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ