Мақолаҳо
Дуруғҳои шохдори Кабирӣ дар арафаи интихобот
Интихобот дар баробари маъракаи бузурги сиёсӣ будан, ҳамчун давраи ҳассоси сиёсӣ низ аст. Чунки дар ин давра душманон ва нотавонбинони миллат кӯшиш мекунанд бо ҳама роҳ ба ин раванд дахолат карда, манфиатҳои худро ҳифз кунанд. Зиракиву ҳушёрии сиёсӣ маҳз дар ҳамин давра ба яроқи асосии муқовимат бо душманон мубаддал мегардад.
Дирӯз дар сомонаи Радиои Озодӣ мусоҳибаи яке аз хоинони миллат, роҳбари ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ ва Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ пахш шуд, ки саропо аз туҳматҳои беасос ва рекламаи шахсии Кабириву хешовандонаш буд. Баъди ворид шудан ба ин саҳифа ва мутолиаи ин гузориш шахси худогоҳу ватандӯст асабӣ мешавад ва ҳам хандааш меояд. Сабаби асабӣ шудан дар он аст, ки ин хоинон ва ватанфурӯшон умуман аз ягон пешравии Тоҷикистон ҳатто сухане ҳам нагуфтанд. Тамоми равандҳои сиёсии Тоҷикистонро саропо дуруғин ва беасос мехонанд. Ягон саъю кӯшиши ҳукуматро дар раванди демократикунонии ҷомеа намебинанд. Чуноне суханронӣ мекунанд, ки гуё Тоҷикистон дар солҳои 1930 қарор дошта бошад.
Агар ин кафангадоён ва ҳалқабаргӯшону хизматгорони хоҷагони хориҷӣ ва давлатҳои «дӯсту бародар» пешравиҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистонро набинанд, пас онҳо кӯри маънавиянд. Магар ин инсонҳо, ки ҳатто онҳоро инсон ҳам номидан мумкин нест, дар хотир надоранд, ки бо ёрии хоҷагони хориҷии худ дар ибтидои солҳои навади асри гузашта ба сари мардум ва давлат чӣ бадбахтиҳо оварда буданд? Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат ва азму талошҳои мардуми Тоҷикистон дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат пойбарҷо гардид ва шуруъ аз соли 1997 мо рушд карда истодаем. То ин замон Тоҷикистон дар бумбасти коммуникатсионӣ қарор дошт, нерӯи барқ намерасид ва аз ҳама муҳим норасогии хӯрокворӣ дида мешуд. Лекин бо талошҳои ҳукумат ва шахсан Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чор тарафи олам роҳ кушод. Роҳҳои оддӣ ҳам не, балки шоҳроҳҳое, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯянд. Роҳҳо ба самти Афғонистон, Чин ва Қирғизистон дар шароити бисёр мураккаби иқтисодӣ сохта шуданд ва ҷумҳуриамон аз бусбасти коммуникатсионӣ баромад. Дигар мушкилии ҷиддии мо, яъне нарасидани қувваи барқ низ ҳалли оқилонаи худро ёфт. Тоҷикистон ягона давлате дар Оисёи Марказӣ аст, ки баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ нерӯгоҳҳи бузурги обию барқӣ бино кард. Аз ҷумла Сангтӯда-1, Сангтӯда-2 ва Роғун тарҳҳои беназиранд. Мо имрӯз натанҳо худро бо нерӯи барқ таъмин мекунем, ҳамчунин онро ба давлатҳои ҳамсоя низ содирот мекунем. Дар бораи серию пурӣ ва зиёд будани маҳсулоти хӯрокворӣ ҳатто сухан гуфтан ҳам зарур нест. Чун ҳама шоҳди пурии бозорҳо ва серии мардум ҳастем.
Кабирӣ дар мусоҳибаи худ мегӯяд, ки интихоботи мо «…поёни ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдат аст…». Ин хоин фаромӯш кардааст, ки интихобот василаи муттаҳид кардани мардум ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти онҳо аст. Интихобот рукни муҳими ҷомеаи демократӣ аст. Агар ҳизби Кабирӣ дар охирон интихоботе, ки иштирок карда буд, ягон ҷой нагирифт, магар ин айби интихобот ё ҳукумат аст? Ҳаргиз не. Мардуми Тоҷикистон аз идеологияи асримиёнагии кӯҳнаву фарсудаи наҳзатӣ безор аст. Ҳамин буд, ки дар интихоботи гузашта аз 1% зиёд ҳам овоз нагирифтанд. Акнун имрӯз мехоҳанд мағлубияти худро ба сари ҳукумат бор кунанд.
Ҳафтаи гузашта Ҳизби наҳзат ва Паймони миллӣ аз дастгирии худ нисбат ба Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар арафаи интихобот эълон карданд. Аммо роҳбарияти Ҳизби сотсиал-демократ борҳо аз ин гуна «дастгирӣ» рӯ гардониданд ва ҳама гуна ҳамкориву ҳамдигарфаҳмиро бо Ҳизби наҳзат ва Паймони миллиро инкор карданд. Дар як қисмати баромади худ Кабирӣ мегӯяд, ки эълони ин дастгирӣ «ёдрас кардан аз худ» нест. Ин суханҳои ӯ комилан нодуруст ва ғалат мебошанд. Чунки муддати тӯлоние ҳеҷ кас дар фазои иттилоотӣ аз ӯ ёд намекард ва сухане ҳам дар борааш набуд. Ин баромад ва дастгирии қалбакӣ аз Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон баҳонае мебшанд, ки тавассути онҳо Кабирӣ аз вуҷуди худ ва ташкилотҳои террористиаш дарак медиҳад.
Интихобот ҳанӯз баргузор нашудааст ва натиҷа ҳам эълон нашудааст. Лекин Кабирӣ аллакай бо такя «ба илми ғайбаш» эълон кард, ки натиҷаҳои интихобот шаффоф ва демократӣ нестанд. Ин кори ӯ камоли аблаҳии ӯст, ки ҷои шарҳ ҳам нест.
Дар қисмати дигари баромади худ Кабирӣ мегӯяд, ки онҳо гӯё мехостанд дар соли 2015 номи ҳизбашонро тағйир диҳанд ва калимаи исломро аз номи ҳизб бардоранд. Аммо ин суханаш низ дуруғ аст. Зеро танҳо бо истифода аз номи ислом (на ягон барномаву ҳадафҳои созанда!) шумораи бениҳоят ками пайравони худро манипулятсия мекарданд. Мантиқан онҳо ҳеҷ гоҳ аз калимиа ислом даст намекашиданд.
Дар маҷмуъ чун қоида ин баромади Кабирӣ мисли дигар баромадҳояш пур аз туҳмату буҳтонҳои беасос буд ва боварии комил дорем, ки ягон фарди солимфикр низ ба ин суханҳои ӯ бовар нахоҳанд кард. Аз мардуми шарифи Тоҷикистон даъват ба амал меорем, ки рӯзи 1-уми март дастаҷамъона ба участкаҳои интихоботӣ омада, райъи худро ба номзадҳои арзанда ва ҳизбҳои созанда диҳанд ва бо иштироки васеи худ ба хоиноне мисли Кабирӣ исбот кунанд, ки мо фаъолем ва намегузорем ҳар нокасе ба интихоботи мо дахолат кунад.
Ф.Каримов