Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Таҷассуми олии ҳокимияти халқ

Ширкати фаъолона дар маъракаи муҳими сиёсӣ яъне, интихоботи вакилон барои шаҳрвандони сарбаланди кишварамон хеле хотирмон боқӣ мемонад. Зеро участкаҳои интихоботӣ барои ҳар як шаҳрвандаш дари идонаро бо суруду оҳанги форам боз намуда, интихобкунандагонро бо руҳияи болида пешвоз гирифтанд. Муносибати гарми самимии масъулон ва пешкаши бюллетенҳо ба ҳар як интихобкунанда имконият дод то ба номзади арзандаи худ овоз диҳад ва дар ҳақиқат ҳамин хел ҳам шуд. Мардум дар натиҷаи овоздиҳӣ дарк карданд, ки мо дар кишваре зиндагӣ ва кору фаъолият менамоем, ки ҳуқуқҳояш побарҷост ва онро ҳама риоя менамоянд. Муҳимтар аз ҳама шаҳрвандон ба тақдири минбаъда ва рушди босуботи кишвар бетараф набуданд ва раъйи худро ба ҳизб ва номзади арзандаашон баён сохтанд. 
Аз дуруст ташкил намудан, гузаронидан ва интихоби намояндагони халқ ба мақомоти маҳаллӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ аз бисёр ҷиҳатҳо ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва қонунбарорӣ вобастагии калон дорад. Маҳз ба воситаи интихобот шаҳрвандон ҳуқуқи конститутсионии худро пурра истифода бурда метавонанд. Аз ин лиҳоз, баргузории интихоботро шаффоф ва демократӣ арзёбӣ намудан мумкин аст. 
Воқеан Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар қатори дигар мамлакатҳои пешқадам роҳи бунёди ҷомеаи демократиро ихтиёр кардааст. Бинобар ин, барои гузаронидани интихоботҳои демократӣ заминаҳои хуби объективӣ гузошта шудааст. Яке аз мисолҳои равшани ин, қабули қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот, ширкати фаъоли шаҳрвандон, пешбарии номзадҳо аз ҳафт ҳизбҳои сиёсӣ, шаффофу демократӣ сурат гирифтани он ва раъйи ҳар кадоми онҳо ба сӯи ояндаи неки Тоҷикистон хоҳад буд. 
Инак 20 сол мешавад, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо интихобот ба парламент дар асоси бисёрҳизбӣ ташкил ва гузаронида мешавад, ки онро метавон аз қадами муҳими ризоияти миллӣ ва истиқрори сулҳ маҳсуб донист. Дар интихоботи имсола 7 ҳизби сиёсии ба қайдгирифташуда иштирок карданд ва он дар асоси чорчӯбаи қонунгузории интихоботӣ амалӣ гашт. Ҳама мардум шоҳид буданд, ки интихобот дар сатҳи баланди ташкилӣ гузашт. 
Алббата маълум аст, ки баъзе ҳизбҳо ва номзадҳои мағлуб ин натиҷаҳоро қабул надоранд ва тариқи ВАО ва сомонаҳои иҷтимоӣ аз натиҷаҳои интихобот норозигӣ карда, онро ғайридемократӣ арзёбӣ карда истодаанд. Ин гуна ҳизбҳо ва номзадҳоро зарур аст, ки ба ҷойи танқиди беасос хубтар мешуд маъракаи ташвиқотии худро дуруст ба роҳ мемонданд, то чунин нишондиҳандаҳои пастро соҳиб намешуданд. Чун ягон далели вайрон шудани принсипҳои интихобот нест, мағлубони интихобот роҳи дигаре ҷуз танқиди беасос надоранд. Ҳизбҳо ва номзадҳои мағлубро зарур аст, ки мағлубияти худро эътироф кунанд. Эътирофи мағлубият низ ҳунар ва қаҳрамонист! 


К.Саидов