Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Сафсатагӯйии навбатии Кабирӣ чеҳраи манфури ӯро бори дигар нишон дод

Тавре ба ҳама маълум аст, санаи 1 марти соли равон дар мамлакат интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва вакилони халқ баргузор гардид. Дар ин маъракаи сиёсӣ аз 29 ташкилоту кишварҳои хориҷӣ мушоҳидон иштирок намуда, тариқи расонаҳо ва дигар ВАО онро таҳлил карда, оид ба баргузоршавии он фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд ва ба ин раванд баҳои баланд доданд. 
Интихоботи гузашта ба хотири боз ҳам шукуфоии кишвари азизамон ба хотири бунёди ҷомеаи солим аст. Имрӯз халқи тоҷик бо мақсади бунёду ободкорӣ қадамҳои устуворро гузошта истодааст ва ҳеҷ вақт хоинии Муҳиддин Кабириро аз хотир фаромӯш намекунад. Муҳиддин Кабирӣ пастсифаттарин инсон бо устодонаш бо мақсадҳои ғарази худ бо таблиғоти ташкилоти экстримистиаш ба сарзамини тоҷикон соли 1992 фоҷеаи нангинро оварданд. 
Муҳиддин Кабирӣ ва ҳамфикронаш дурӯғпардози дараҷаи олӣ буда, оғози солҳои 90-уми қарни гузашта ташкилкунандаи гирдиҳамоии солҳои 90-уманд. Тамоми таблиғоти Кабирӣ дар пояи дурӯғ истодааст. Муҳиддин Кабирӣ ва ҳизбаш хизматгори кисагии хоҷагони хориҷӣ буда, мақсадҳои ғарази худро бо ҳар баҳона рӯи кор меораданд. Аз давраи зуҳур то охир ин ҳизб чун ҳизби хиёнаткор бо амалҳояш ба ҷомеа танҳо зарар овардааст. 
Кабириву ҳизбаш чӣ арзише доштанду доранд, ки боз ба интихоботи Тоҷикистон дахолат намудаву “баёнияи таҳрими интихобот” медодаанд. Ин сухан ба ақли солим рост намеояд. Тааҷҷубовараш ин аст, ки баъзе ВАО, ки даъвоҳои зиёд доранд, махсусан радиои Озодӣ, бар хилофи манфиатҳои миллии Тоҷикистон бо Кабирии хоин суҳбатҳо ташкил намуда, ба хотири зиёд кардани аудиторияи худ ба эҳсосоти миллионҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мерасанд. 
Кабирӣ замоне аз худ “фатво” бароварда гуфт, ки дар сиёсат “риё ҷоиз аст”. Аммо имрӯз ин гуфтаҳояшро ҷомаи дигар мепӯшонад. Аз инҷо бармеояд, ки Кабирӣ дурӯя буда, ҳеҷ гоҳ ба ягон андешааш устувор набуд. 
Кабирии палиди манфур аз хориҷ истода, ҳанӯз пеш аз интихобот бар маъракае, ки ҳоло нагузашта буд ва дар марҳилаи омодагӣ қарор дошт, ҳамчун фолбин пешгӯӣ карда буд, ки боз ҳам сифати шайтониву иғвобарангезии ин малъуни наҳзатиро ошкор месозад. Кабирии манфур дидаву дониста чунин дурӯғгӯи намудааст: "Назари мо ин аст, ки ин поёни ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдат ва як ҷомеаи гуногунандеш аст ва оғози рафтани кишвар ба самти диктаторӣ ва якҳизбиву якнафарӣ." Аммо ин палид ва авбошу касиф намедонад, ки интихобот ин худаш аллакай раванди демократӣ аст ва ин худаш роҳи ҳамдигарфаҳмии мардум аст. Дар ҷомеаи демократӣ мардум тариқи интихоб ба ҳаёти сиёсӣ дахл мекунанд ва озодона мавқеи сиёсии худро тариқи раъйи худ муайян месозанд. Аммо Кабирии манфур ин масъаларо тобиши сиёсӣ додааст ва ҳамин ҷо ҳам хостааст, ки мардумро фиреб диҳад ва иғвобӣарангезӣ кунад. Ин ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ТЭТ ҲНИ мамнуъ эълон шудааст ва боз чаро рӯзноманигорони радиои Озодӣ назари мақомотро қабул надоранд ва ТЭТ ҲНИ-ро ҳамчун як нерӯи сиёсӣ муаррифӣ мекунанд, дар ҳоле, ки он на як нерӯи сиёсӣ балки як нерӯи террористӣ аст. Рафтори кормандони радиои Озодӣ моро ба фикре водор мекунад, ки магар ин расона терроризмро дастгирӣ мекунад? Ба сомонае, ки даъвои ҳуқуқи баша рва озодии баён мекунад, ин рафтор шоиста нест! 


С.Ниёзов