Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Модар дар тавсифи бузургон

Модар муқаддас аст. Вақте ки симои ӯ пеши назар меояд, аз чашмони ӯ, аз тамоми ҳастиаш нур меборад. Ин нур равшанибахши роҳи ҳаёт аст. Модар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама қиматтарину азизтарин ва муқаддастарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. 
Меҳри гарму беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамом саховатмандона нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои мусаффои Ватан аст. 
Саъдии бузургвор - муаллими башар дар бораи модар осон муассиру дилпазир гуфтааст, ки мағзи тафаккуру зеби нутқ аст: 


Канору бари модари дилпазир, 

Биҳишт асту пистон дар он ҷӯйи шир. 


Машаққате, ки модар тӯли як шаб мекашад ва танҳо ӯ бардошти ин машаққат мекунад, ду ҷаҳон тавони бардошти якшаба ранҷи модарро намекунад, куҷо расад ба фарзанди ӯ. Ин мазмунро Амир Хусрави Деҳлавӣ бисёр зебову муассир дар як байт ҷо кардааст: 


Якшаба он ранҷ, ки модар кашид, 

Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид. 


Ҳикмати машҳури Напалеон - «Модар ба як дасташ гоҳвора, бо дасти дигараш дунёро меҷунбонад»-ро шеъри «Дасти модар»-и Мирзо Турсунзода ба хотир меорад. 
Дар шеър ҳастии модар зебо ва ҳунармандона ба тасвир кашида шудааст. Тасвири барҷастаи шеър дасти модар аст. Бузургии модарро тасвири барҷастаи шеър - дасти модар ба чашми хонанда хуб намоён мекунад: 


Бо ҳамон дасте, ки шабҳои дароз, 

Чашми шаҳло карда во аз хоби ноз, 

Аллагӯён тифлро хобондаӣ, 

То саҳар гаҳворааш ҷунбондаӣ. 

Бо ҳамон дасте, ки шодон борҳо, 

Пок кардӣ ашки чашмони маро. 


Оре, модаре, ки онро меҳрофарин хондаанд ва ҳам фариштае донистаанд, ки аз меҳр сириштаанд. Воқеан, нигоҳи шоир ба модар дигар аст. 
Худованд ба онҳо ин истеъдодро дода, ки ҳазорон ғами нонавиштаи модаронро аз як нигоҳ бихонанд ва баён доранду ҳар кадомро шарҳ диҳанд. 
Садҳо шеър ба васфи модар эҷод шуд. Ҳар кадом бозгӯи мартабаи баланди модаранд. Аммо ҳанӯз ҳам эҳсос мекунанд, барои модар мақому мартабаи баландтаре бояд пайдо бикунанд, ки хоси ӯст. Ва низ эътироф намуданд, ки модар аз ҳама тавсифҳо болотар асту дар сухан, дар шеър намегунҷад. Дар ин ҳол, албатта, аҷзу нотавонии худро дарёфтанд ва чӣ хуш онро эътироф намуданд. Ин эътироф шинохти бузургии модар мебошад. 
Муҳаммад Ғоиб дар васфи модар бисёр шеърҳо офаридааст, вале ҳанӯз бузургиашро ба қалам дода натавонистаам, - мегӯяд худи ӯ. Дар рубоие хитоб ба ёрону дӯстон мекунад, ки кай ба қадри модар, ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии ӯ мерасем: 


Ёрон, ёрон, то ба ҷаҳон ҳамнафасем, 

Дар банди ҳазор орзуву ҳавасем. 

Осон бирасем бо ҳама чиз, вале 

Кай бошаду кай ба қадри модар бирасем?! 


Нависанда ва мунаққиди рус Белинский гуфтае дорад, ки шоистаи пазириш аст: «Муқаддас, пок ва беғаразтар аз муҳаббати модар чизе нест». Чун сиришти модар осмонист, муҳаббаташ пок асту беғараз. 
Дар анҷоми навишта бояд гуфт, ки бомдоди тавсифи модар шом надорад, офтоби тавсифи модар ғуруб надорад, зеро бузургони ба дунё овардааш ӯро бузург медоранду дари тавсиф ба рӯяш боз. 


Х. Холмуродов, мутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ