Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

СУИСТИФОДАИ ПАЙМОНИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ПАҲНШАВИИ ВИРУСИ СOVID-19

Чанд муддат аст, ки оламро мушкилии наву бисёр ҷиддӣ-вируси СOVID-19 ташвиши ҷиддӣ дода истодааст. Ҳамарӯза дар саросари олам ҳазорон нафар одамон аз ин беморӣ ба ҳалокат расида истодаанд ва бояд қайд кунем, ки аксари фавтидагон шаҳрвандони мамолики тараққикарда мебошанд. Новобаста аз пешравиҳои илму техникаи муосир ҳанӯз ҳам роҳи дармони ин беморӣ пайдо нашудааст. Умедворем, ки дар муддати кӯтоҳтарин олимону табибон роҳу усулҳои табобати ин бемории марговарро пайдо мекунанд. 
Чун дар давраи ҷангу офат дар ин рӯзҳо одамон дар ҳамаи давлатҳо ба таҳлука афтода, тамоми маҳсулотҳоро захира мекунанд, то давраи хуруҷи бемориро серу пур паси сар кунанд. Аз ин ҳолат дар ҳамаи давлатҳо баъзе тоҷирону марказҳои савдо истифода бурда, нархи маводҳои аввалияро баланд карда, аз бадбахтии мардум истифода бурдан мехоҳанд ва ҷайби худро пул аз пур кардан мехоҳанд. Мисли ин гуна тоҷирони беинсоф дар арсаи сиёсат низ ашхосе ва гуруҳҳое ҳастанд, ки аз вазъияти имрӯзаи СOVID-19 истифода намуда, мехоҳанд аз вуҷуд доштани худ дарак диҳанд ва холҳои сиёсӣ ба даст оранд. Яке аз чунин ниҳодҳо ташкилоти экстремистию террористии Паймони миллии Тоҷикистон мебошад, ки шарм надошта, аз ин ҳолати буҳронӣ дар олам истифода намуда, худро реклама карда истодааст. Дар саҳифаи интернетии созмони худ роҳбари ин ташкилот хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ дастурамале барои Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст. Расман ин хоинон мегӯянд, ки ҳадафи онҳо омода намудани Тоҷикистон ва ҷомеа барои мубориза бо вируси СOVID-19 аст. Лекин мо ҳамагон хуб медонем, ки ҳадафи ин хоинон танҳо реклама кардани худ ва бо ҳамин ҳисобот пешниҳод намудан ба хоҷагони хориҷиашон аст. Дар банди аввали муроҷиатномаи худ ин душманон пешниҳод мекунанд, ки ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба Ватан баргардонида шаванд. Агар ин аблаҳон чашми бинову забони ҳақгӯй медоштанд, бояд эътироф мекарданд, ки ҳамарӯза аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва бевосита бо ташаббуси Пешвои миллат ширкатҳои ҳавопаймоӣ шаҳрвадони моро аз дигар давлатҳо ба Ватан баргардонида истодаанд. Дар банди дуюми ин баёния ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ки биноҳои муносибро барои карантин омода кунад. Аблаҳони Паймони миллӣ хуб медонанд, ки барои карантин беҳтарин осоишгоҳҳо ва истироҳатгоҳҳои кишвар омода шудаанд ва садҳо нафар шахсони дар карантинбуда дар шароитҳои хеле хуб нигоҳдорӣ мешаванд. Лекин ин далелро исрор намекунанд. Дар ҷойи дигари ин муроҷиатномаи бемаъниву бемантиқ гуфта мешавад, ки маршировкаҳо манъ шаванд. Тамоми мардум шоҳиданд, ки маршровкаҳо бо иштироки васеи ҷавонону наврасон ҳанӯз дар аввали моҳи марти соли равон манъ шуда буданд. Аз суханҳои пучашон маълум аст, ки наҳзатиҳо ахборҳоро пайгирӣ намекнанд. Яке аз талаботи бемаъниву беасоси Паймони миллӣ ин озод намудани маҳбусон новобаста аз ҷинояти содирнамудаашон аст. Ин хоинон магар фаромӯш карданд, ки танҳо 5 моҳ пеш дар Тоҷикистон «авфи тиллоӣ» амалӣ шуда буд, ки дар натиҷаи он ҳазорон нафар маҳбусон ба озодӣ баромаданд. Ҳадаф аз пеш гузоштани чунин талаб ин аст, ки аз зиндон шахсони содирнамудаи ҷиноятҳои ниҳоят вазнин, ки аксаран аъзоёни ташкилоти террористии ҳизби наҳзат мебошанд, озод карда шаванд. Дар қисми дигари ин муроҷиатнома гуфта мешавад, ки ба тамоми санҷишҳо маратория эълон карда шавад. Дар ин масъала низ муаллифони муроҷиатнома дер карданд. Аллакай тайи чанд сол мешавад, ки бо ташаббуси Пешвои миллат аксари истеҳсолкунандагон ва дигар корхонаҳо аз тамоми намуди санҷишҳо озоданд. Чӣ ҳоҷат аст аз пеш гузоштани чунин талаб? Аз ҳама қисми аҷоиби ин муроҷиатнома ё барномаи Паймони миллии Тоҷикистон ин баланд бардоштани музди маоши кормандони соҳаи тиб аст. Ҳанӯз моҳи декабри соли 2019 дар ироаи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод шуд, ки музди маоши кормандони соҳаи тиб баланд бардошта шавад. 
Таҳлили на он қадар чуқури ин барномаи Паймони миллии Тоҷикистон аз он дарак медиҳад, ки роҳбарони ин ташкилоти тахрибкор аз воқеияти Тоҷикистон ягон хабаре надоранд ва ин ҳангомаҳоро атрофи вируси СOVID-19 танҳо барои худ, аниқтараш рекламаи худ истифода мекунанд. Ҳолати мазкур бори дигар аз меъёрҳои инсонӣ дур будани мухолифини сохтори конститутсионии Тоҷикистонро нишон медиҳад. 


К.Саидов