Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Дуруғ одамиро кунад бевиқор

Асри 21 асри технологияҳои муосир ва ҷаҳонишавӣ аст. Муҳаққиқе олами имрӯзаро ба «деҳакадаи бузург» шабоҳат додааст, ки комилан ҳақ аст. Яъне маълумот бо суръати бениҳоят баланд паҳн мешавад ва пеши роҳи онро гирифтан ғайриимкон аст. Дар баробари маълумоти муфид ҳамчунин маълумоти беасос ва бардуруғ низ паҳн мешавад. Имрӯз барои баъзе гуруҳҳо сомонаҳои интернетӣ ва махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ ба манбаи асосии маълумот табдил ёфтаанд, ки чандон дуруст нест. Махсусан дар шароити муосир, ки бемории нав – COVID-19 бо суръати баланд паҳн шуда истодааст, моро зарур аст, ки ба манбаъҳои маълумот диққат диҳем. Маълумоти дуруст ва асоснокро танҳо мақомотҳои дахлдори давлатӣ дода метавонанд. Чӣ тавр сомонаҳои интернетӣ, ки ба маълумоти расмӣ дастрасӣ надоранд ва на ягон ташхисгоҳу мутахассис доранд, шарм надошта, маълумоти беасосро паҳн мекунанд ва мардумро ба таҳлука меандозанд. 
Дирӯз яке аз чунин ВАО «Радиои озодӣ» маълумотеро паҳн кард, ки гӯё дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ҳолати гирифторӣ ва ҳатто фавт аз бемории коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Ин маълумотро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ситоди вилоятии пешгирии коронавирус ва роҳбарияту кормандони беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов рад карданд. Ҳатто муовини сардухтури ҳамин беморхона, ки тибқи маълумоти «Радиои Озодӣ» гӯё дар ҳолати вазнин қарор дорад, ба хабаргузории «Азия-Плюс» хабар дод, ки ҳолаташ хуб аст ва ягон мушкилие надорад. Ҳолати бавуқуъомада, яъне манъ кардани ворид шудану баромадан аз беморхонаи зикршуда аз як тараф хуб аст. Чунки ин ҳолати омодабошии мақомотҳои Тоҷикистонро дар мубориза бо коронавирус нишон медиҳад. Ба ҷойи дастгирии ин кор, баъзе воҳимаафканҳо миёни мардум ҳар гуна овозаҳоро паҳн карда истодаанд. Ҳатто гуфта мешавад, ки гӯё шахси «фавтида» ба Ҷумҳурии Қирғизистон ба маъракаи тӯй рафта будааст. Чӣ тавр бо сарҳадҳои баста ба дигар давлат рафтан мумкин аст? Ба ҳама маълум аст, ки дар Қирғизистон карантини умумиҷумҳуриявӣ эълон шудааст ва ягон маросими тӯю маърака гузаронида намешавад. Пас чи гуна ин шахс ба Қирғизистон ба тӯй рафтааст, ҳол он ки дар Қирғизистон тӯйҳо манъ шудаанд. Ин далелҳои овардашуда исботи онанд, ки маълумоти «Радиои Озодӣ» асос надорад ва комилан дуруғ аст. Ба истилоҳе «Радиои Озодӣ» аз пашша фил сохтанро дӯст медорад. Аз эҳтимол дур нест, ки «Радиои Озодӣ» ва дигар сомонаҳои ба он монанд минбаъд ҳама гуна ҳодисаи марги одамонро аз дигар бемориҳо ва ҳодисаҳои нохуш низ аз коронавирус хоҳад донист. Аз мардуми кишвар хоҳиш мекунем, ки ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ бовар накунанд ва ба оромии ҷомеа халал ворид накунанд.