Мақолаҳо
Воҳима нисфи беморист!
Ҳамагон шоҳидем, ки чанд моҳи охир оламро мушкилии нав-коронавируси COVID-19 ташвиш дода истодааст. Вобаста ба афзоиш ёфтани шумораи фавтидагон ва гирифторони ин беморӣ дар саросари олам имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабару овозаҳои зиёди беасос нашр гардида истодаанд, ки гӯё ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба қайд гирифта шудааст ва гӯё боиси марг ва дар беморхона бистарӣ гардидани чанд нафар гардидааст. Пеш аз ҳама бояд қайд кунем, ки ҳамаи ин маълумотҳоро манбаъҳое паҳн карда истодаанд, ки борҳо бо дуруғгӯии худ миёни мардум «шуҳрат» пайдо кардаанд ва онҳо боиси эътимод нестанд. Пас аз нашри чунин хабарҳои бардурӯғ шаҳрвандони зиёди мамлакат ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуданд. Бо назардошти вазъи олам ин нигаронии мардумро дарк кардан мумкин аст. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинони мамлакат расонид, ки то кунун дар кишвар бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Моро ҳамчун сокинони бомасъулият зарур аст, ки ба манбаъҳои расмӣ такя кунем, на манбаъҳои беэътимод. Ҳамчунин вазорат маълумотҳоро оиди гӯё дар ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” як нафар бо сабаби гирифтор шудан ба ин беморӣ ҷон дода, ҳамзамон, як нафари дигар дар “беморхонаи клиникии Мансуров” бистарӣ гардидааст, рад кард ва беасос ҳисобид. Чунин ба назар мерасад, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос гуруҳ ва баъзе афроди алоҳида аз нашри иттилои бардурӯғ вобаста ба паҳншавии бемории коронавирус дар Тоҷикистон манфиатдор буда, бо ин восита мехоҳанд мардумро тарсонанд, ё ба ин восита манфиатҳои ғаразноки хешро ба даст оваранд.
Шаҳрвандони кишвар ҳама шоҳидем, ки давлат ва ҳукумати Тоҷикистон тамоми чораҳои пешгирии коронавирусро андешида истодааст. Тамоми беморхонаҳо ва муассисаҳои махсус омодаанд ва бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Маҳз ҳамин чораҳои пешгирӣ буд, ки имрӯз давлати мо ба шумораи ками давлатҳое дохил мешавад, ки дар он ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Мақомоти марбута айни замон барои ошкор ва пешгирии бемории сирояти коронавирус тамоми тадбирҳои заруриро андешида, хушбахтона, то кунун ягон ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба он дар кишвар ба қайд гирифта нашудааст. Аз шаҳрвандони кишвар даъват ба амал меорем, ки дар ин ҳолати ҳассос ба ҳар гуна хабару овозаҳои беасос ва дур аз ҳақиқат бовар накарда, меъёрҳои гигиению санитариро риоя кунанд ва худу ҷомеаи худро эмин нигоҳ доранд. Саҳми асосии мо-шаҳрвандони кишвар ин аст, ки дастурҳои мақомотҳои дахлдорро риоя кунем ва аз ҳама муҳим ба воҳима дода нашавем. Зеро тамоми овозаҳоро душманони миллат ва гуруҳҳои манфиатдор, ки маълумоти тиббӣ надоранд ва дар хориҷи кишвар қарор доранд, паҳн карда истодаанд. Моро зарур аст, ки ин вазъи мушкилро чун миллати том ва ташаккулёфта паси сар кунем!
Ф.Сафарзода