Мақолаҳо
БУЗУРГӢ БА АҚЛ АСТ, НА БА СОЛ!
Дар ҷаҳони имрӯза, ки бисёр вазъи мураккаби сиёсӣ ва иқтисодӣ дорад, даватҳои абарқудрат кӯшиш мекунанд бо ҳар роҳе ба корҳои дохилии дигар давлатҳо дахолат карда, манфиатҳои ғаразноки худро амалӣ кунанд. Мутаассифона дар охирҳои қарни гузашта давлати мо низ ба чунин ҳолат гирифтор шуд. Бо дастгирии неруҳои дохилии хоин давлатҳои манфиатдор ба сари мардуми тоҷик ҷанги шаҳрвандиро таҳмил карданд, ки ин таҷрибаи талхро мо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем. Мегӯянд ҳаёт ин устоди бузургтарин аст ва ҳар дарси он арзиши бениҳоят гарон дорад, ки инро мо тоҷикон мутаассифона бевосита таҷриба кардаем.
Давраи интихобот ва ташаккули шохаҳои ҳокимият баъди интихобот бисёр давраи ҳассоси сиёсӣ аст. Маҳз дар ҳамин давра неруҳои бадхоҳ ва душманон кӯшиш мекунанд бо ҳар роҳе вазъи ин ё он кишварро ноором кунанд. Хушбахтона дар Тоҷикистон моҳи март интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзоёни Маҷлиси миллӣ дар вазъияти ором ва шаффофу демократӣ гузаштанд. Ҳамагон шоҳидем, ки санаи 17.04.2020 ҷаласаи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он аъзои Маҷлиси миллӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ин воқеаи муҳими таърихӣ саҳифаи нави дурахшонест дар таърихи халқи тоҷик. Аммо чун қоида ва тибқи анъана неруҳои зиддиконститутсионӣ ва хоинони миллат, ки худро бо номҳои гуногун ном мебаранд ва дар хориҷи кишвар мисли сагҳои дайду умр ба сар бурда истодаанд, ин ҳодисаро куллан ба таври нодуруст дар сомонаҳои интернетӣ шарҳ дода истодаанд, ки умуман ба воқеият наздикӣ надорад.
Баъзан ақидаҳое садо медоданд, ки корҳои масъулиятнок ва муҳимро ба зиммаи ҷавонон гузоштан хатост. Гӯё бинобар сабаби ҷавон будан онҳо аз уҳдаи иҷрои он намебаромада бошанд. Банда низ қаблан чунин андешаро дастгирӣ мекардам. Лекин дар тӯли чанд соли охир ғалат будани андешаи мазкур исбот шуд. Ин қолаби шахшударо яке аз сиёсатмадорони ҷавони кишварамон, раиси шаҳри Душанбе ва раиси тозаинтихоби Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ шикаст ва дар ниҳоди тамоми ҷавонони ҷумҳуриамон ҳисси бовариро ба худ ва қувваи худ бедор намуд. Бо корҳои бузурге, ки ин сиёсатмадори ҷавон - Рустами Эмомалӣ дар муддати кӯтоҳ анҷом дод, исбот кард, ки дар ҳолати мавҷуд будани азму иродаи қавӣ тамоми мушкилӣ ҳалли худро меёбад ва дилхоҳ масъала ҳал мешавад. Имрӯзҳо ин сиёсатмадори навовар ба идеали ҷавонон табдил ёфта, корҳои ӯ дарсе шуданд барои тамоми шаҳрвандон. Ҳисси масъулияту ватандӯстӣ, эҳтироми хурду бузург ва тамоми табақаҳои ҷомеаро аз ӯ бояд омӯхт. Зери роҳбарии ӯ пойтахтамон ба маконе табдил ёфтааст, ки шароитҳо барои зиндагии арзанда ва шоистаи тамоми табақаҳои ҷомеа таъмин шудаанд. Барои ҳаёту фаъолияти кӯдакон, наврасон, ҷавонон, калонсолон, маъюбон ва умуман тамоми табақаҳо шароитҳо муҳайё шуда истодаанд. Дар тамоми гӯшаҳои шаҳрамон садҳо майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки барои тарзи ҳаёти солим муҳиманд. Барои истироҳати сокинон бошад, боғҳо ва гулгаштҳои нав бунёд шуданд ва боғҳои мавҷуда пурра таҷдид карда шуда, симои худро комилан дигар карданд. Дар ҳақиқат Душанбе имрӯз ба шаҳри гулҳо табдил ёфта, макони истироҳату фароғати шаҳрвандон гаштааст. Сохтмони биноҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ бо суръати баланд рафта истодааст. Имрӯз дар Душанбе пайдо намудани мактабе, ки бинои он хароб ва ҷавобгӯи талаботи замон набошад, ғайриимкон аст. Сатҳу сифати хизматрасонӣ дар муассисаҳои тиббии шаҳр низ ба маротиб боло рафтааст ва ҳамаи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо технологияҳои навтарин таъмин мебошанд, ки дар онҳо амалиётҳои ҷарроҳии нодиртарин гузаронида мешаванд. Масъалаи роҳу нақлиёт, ки солҳои зиёд сокинони пойтахтро ташвиш медод ва ба назар чунин мерасид, ки гӯё ҳеҷ гоҳ ҳалли худро намеёбад, низ ҳалли оқилонаи худро ёфт. Воситаҳои нақлиёти замонавӣ, ки бо ибтикори бевоситаи Рустами Эмомалӣ аз хориҷ ворид карда шуданд, ин мушкилии сокинонро ҳал кард. Таъмири роҳҳои мавҷуда ва сохтмони роҳҳои нав ҳоҷати баҳс нест. Зеро бе ягон шарҳи иловагӣ ҳамаи бошандагони Душанбе шоҳиди роҳсозиҳои раиси шаҳрамон мебошанд. Агар оиди ободкориҳо дар Душанбе сухан гӯем, вақт кифоягӣ намекунад.
Ҳадаф аз навиштани ин матлаб дар чӣ буд. Мақсад ин буд, ки раиси шаҳрамон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо иқдомҳои созандаи худ исбот кард, ки бузургӣ ба ақл аст, на ба сол. Бояд қайд кард, ки маҳз сиёсати хирадмандонаи кадрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар сиёсат роҳ барои ҷавонон кушода шуд ва онҳо саҳми арзандаи худро дар пешрафти кишвари азизамон гузошта истодаанд.
Мо ҳанӯз фаромӯш накардаем чи тавр мухолифин ҳангоми таин шудани Рустами Эмомалӣ ба вазифаи раиси шаҳри Душанбе иддао мекарданд, ки ин ҷавон чӣ тавр бузргтарин шаҳри ҷумҳуриамонро идора мекунад. Аммо Рустами Эмомалӣ бо кору пайкори худ ҳамаи шубҳахо ва нобовариҳоро аз байн бурд. Ҳоло низ чунин даъвоҳо аз хориҷи кишвар аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ дар сомонаҳои гуногуни интернетӣ садо дода истодаанд. Мо боварии комил дорем, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар вазифаи раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корҳои бузургу созанда ва навовариҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ба муввафақиятҳои беназир ноил мегардад ва бори дигар беасос будани даъвоҳои мухолифини сохти конститутсиониро исбот мекунад!
Фаридун Сафарзода