Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Дар самти мубориза бо Сovid-19 бетарафу тамошобин намемонем!

Чанд муддат аст, ки оламро мушкилии наву бисёр ҷиддӣ-вируси СOVID-19 ташвиши ҷиддӣ дода истодааст. Ҳамарӯза дар саросари олам ҳазорон нафар одамон аз ин беморӣ ба ҳалокат расида истодаанд ва бояд қайд кунем, ки аксари фавтидагон шаҳрвандони мамолики тараққикарда мебошанд. Новобаста аз пешравиҳои илму техникаи муосир ҳанӯз ҳам роҳи дармони ин беморӣ пайдо нашудааст. Умедворем, ки дар муддати кӯтоҳтарин олимону табибон роҳу усулҳои табобати ин бемории марговарро пайдо мекунанд. Гарчанде давлат ва ҳукумати Тоҷикистон тамоми чораҳои имконпазирро дар самти пешгирии ин беморӣ андешиданд, вале кишвари азизи мо низ ба ин беморӣ мубтало гардид. Маҳз чораҳои андешидаи ҳукумат ва шахсан Пешвои миллат буд, ки ин беморӣ Тоҷикистонро аз ҳама дертар фаро гирифт. Аллакай то ин муддат коршиносони мо усулҳои табобату пешгирии ин бемории марговарро аз дигар давлатҳо омӯхтанд. Ин фурсати муносиб, яъне дертар хуруҷ кардани беморӣ дар кишвари мо имкон медиҳад, ки ҳарчӣ зиёдтар ҷони шаҳрвандонро наҷот диҳем. 
Тавре дар паёми телевизионии худ вобаста ба муносибати Рӯзи Ғалаба Пешвои миллат қайд карданд, ки дар мубориза зидди СOVID-19 ҳеҷ кас набояд тамошобин ва бетараф бошад. Мо - шаҳрвандони бонангу номуси Тоҷикистон ин насиҳати Пешвои миллатро бояд сармашқи кори худ қарор диҳем. Имрӯзҳо ҳамагон тариқи воситаҳои ахбори омма шоҳидем, ки чи тавр шаҳрвандони қаторӣ, соҳибкорон ва хизматчиёни давлатии сатҳи гуногун дар пайравӣ ба Пешвои миллат саҳми худро бо роҳҳои гуногун дар самти мубориза бо СOVID-19 гузошта истодаанд. Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки мо тоҷикон ҳамчун миллати том ташаккул ёфтаем ва ғамшарики якдигарем. Мо дар ҳолати душвор якдгарро танҳо нагузошта истодаем. 
Агар дар ин вазъи ҳассос мо бо чеҳраҳои зиёди хайрхоҳ шинос шавем, ҳамчунин дар ин давра хоинон ва душманони миллат низ худро ошкор мекунанд ва чеҳраи манфури худро дубора ба ҳамагон нишон медиҳанд. Аз аввали маъракаи муборизаву пешгирии СOVID-19 баъзе ашхос, махсусан мухолифини сохтори конститутсионӣ, ки дар хориҷи кишвар фаъолият мекунанд, кӯшиш мекарданд, ки миёни ҷомеа ҳар гуна овозаҳои беасосу дуруғро паҳн кунанд ва нооромиро ба вуҷуд оранд. Хушбахтона миллати тоҷик зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат ба ин гуна овозаҳо бовар намекунанд ва якдилона ба муқобили ин вабои аср муборизаи шадид мебаранд. 
Тавре Пешвои миллат қайд карданд, ҳеҷ кас бояд тамошобину бетараф набошад. Ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки дар ин лаҳзаҳои мушкил дар паҳлуи ҳукумат бошанд ва саҳми худро дар решакан кардани ин беморӣ гузоранд. Шаҳрвандони оддӣ чӣ тавр метавонанд саҳми худро гузоранд? Зарур аст, ки пеш аз ҳама ба воҳимаву таҳлука дода нашавем. Талаботҳои гигиенаи шахсиро риоя кунем. Ба тавсияҳои мутахассисон гӯш диҳем ва аз ҳама муҳим ба ҳар гуна манбаъҳои ғайрирасмиву беасос бовар накарда, танҳо ба маълумотҳои расмӣ, ки мақомотҳои давлатӣ ба мо медиҳанд, такяву бовар кунем. 
Мо боварии комил дорем, ки давлат ва ҳукумати Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро меандешанд ва ҷомеаи моро аз ин беморӣ покиза мекунанд. Моро зарур аст, ки дар ин лаҳзаҳои мураккаб ҳама аз як гиребон сар барорем ва якдил бошем. Миллати тоҷик аз имтиҳонҳои вазнини таърих гузаштааст ва из ин имтиҳон низ бо сари баланд мебароем. 


Ф.Сафарзода