Мақолаҳо
Тадбирҳои таъсирбахш
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷаҳони муосир фарогири буҳрони шадид ва дар марҳилаи муосир бесобиқаи COVID 19 мебошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки чунин навъ мушкилиҳо аз тавон ва доираи идораи инсоният берун ҷаста, на танҳо ба ҳаёти инсон, балки ба фаъолият, сатҳу сифати зиндагӣ, руҳу равон ва дар маҷмӯъ ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ таъсири манфӣ мерасонад. Буҳрони мазкур, ки қариб тамоми давлатҳои дунёро фаро гирифтааст, тақозо менамояд, ки дар баробари андешидани чораҳои пешгирӣ ва тадбирҳои беҳдоштӣ ҷиҳати таъмини фаъолияти муътадили соҳаҳои иқтисодиёт фишангҳои муайяни иқтисодиву маъмур истифода карда шаванд.
Густариши равандҳои ҷаҳонишавӣ имрӯз ҳеҷ як кадом давлатро аз равандҳои глобалӣ берун намонда, кулли тағйиротҳои ҷузъию куллӣ ҳамчун такконҳои хос ба иқтисодиёти миллии давлатҳо, аз ҷумла давлатҳои рӯ ба инкишоф таъсир мекунанд. Новобаста аз он, ки сироятшавӣ ба вируси COVID 19 дар кишвари мо нисбат ба дигар кишварҳои ҷаҳон дертар бақайд гирифта шуд, вале таъсири он ба равандҳои иқтисодии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҳанӯз аз ибтидо ба иқтисодиёти миллии мо таъсиргузор буд.
Аз оғози соли 2020 бо мақсади пешгирии паҳншавии вируси COVID 19 маҷмуи иртиботи ҳавои ва заминии байнидавлатҳо ба навбат маҳдуд ва ё пурра қатъ гардида, ҳамин тавр гирдгардиши иқтисодиёти ҷаҳон халадор гашт. Қатъи парвози ҳавопаймоҳо, рукуди соҳаи сайёҳии байналмилалӣ, ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои дар кору фаъолияти одамону ширкату корхонаҳо, коҳиши талаботи ба молу хадамоти муайян, тавсеаи фазои номуайян ва хатарзо боиси он гаштанд, ки нишонаҳои буҳрон ва нуктаҳои заъф дар иқтисодиёти кишварҳо дар алоҳидагӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон дар маҷмӯъ ба мушоҳида расад.
Тоҷикистони маҳбуби мо ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таъсири буҳрони COVID 19 дар канор намонд. Давлату Ҳукумати мо аз рӯзҳои нахустини пайдоиши вируси COVID 19 тадбирҳои мушаххас ва муассири пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии онро андешида, бо кишварҳои фарогир робитаҳои худро қатъ ва ё маҳдуд сохт. Дар баробари ин ҷиҳати тақвияти низоми тандурустӣ ва андешидани чораҳои беҳдошти корҳои муайян ба анҷом расонида шуда, то як давраи муайян аҳолии кишварро аз ин хатари ҷаҳонӣ эмин нигоҳ дошт.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар баробари ошкор шудани ин беморӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат бахусус бо ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуда, бо мақсади пешгирӣ ва анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ карда шуданд. Тавсеаи инфрасохтори соҳаи тандурусти, ташкили марказҳои машваратӣ ва таъмини саривақтӣ ва босифати аҳолӣ ва муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо маводҳои зарурӣ имконият дод, ки дар як давраи кӯтоҳ шиддати афзоиши сироятшавӣ пешгирӣ карда шуда, шумораи шифоёфтагон ба маротиб афзоиш ёбад.
Қобили қайд аст, ки дар заминаи сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат ва тадбирҳои таъсирбахши давлату Ҳукумати кишвар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгири таъсири бемории сироятии COVID 19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 уми июни соли 2020 таҳти №1544 ба имзо расонида шуд. Фармони мазкур фарогири тадбирҳои хоси дастгирии иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ ва кормандони соҳаҳои гуногун ва бахшҳои алоҳидаи иқтисоди миллӣ мебошад. Аз рӯи моҳият ва мазмун Фармони мазкур аҳамияти муҳими иқтисоди иҷтимоӣ дошта, имконият медиҳад, ки таъсири манфии буҳрони COVID 19 ба иқтисодиёт ва сатҳи зиндагии мардум пешгирӣ карда шавад.
Маҷмӯи тадбирҳои дар Фармони мазкур қайдгардидаро мо метавонем ба ду самт, яъне ба тадбирҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҷудо намоем. Тадбирҳои иҷтимоӣ фарогири таъмини варақаҳои корношоямӣ, пардохти ҷубронпулиҳо, нигоҳубинӣ ройгони шаҳрвандоне, ки таҳти муоинаи тиббӣ қарор доранд ва ё сироят ёфтаанд, дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ аз ҷумла иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шаҳрвандоне, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробон, оилаҳои камбизоат, оилаҳои бесаробонмондаи муҳоҷирони меҳнатӣ, кормандони соҳаи тиб ва ғайра мебошанд.
Маҷмуи тадобири иқтисодӣ бошад фарогири чораҳои мушаххас буда, бо итминони комил метавон гуфт, ки идомаи мантиқии сиёсати Ҳукумати кишвар дар самти дастгирии соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла Фармони мазкур баррасии масъалаи баланд бардоштани тарифи хизматрасониҳои пулакӣ, аз ҷумла барқ, об, оби полезӣ, алоқа ва хадамоти коммуналиро то охири соли 2020 мавқуф мегузорад. Албатта ин имконият медиҳад, ки нархҳо ва таваррум дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шуда, хароҷоти истеҳсолии корхонаҳо ва субъектҳои хоҷагидорӣ танзим карда шавад. Тақвияти фаъолият дар самти харидорӣ ва пурра намудани захираҳои моддии давлатӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ пешбинӣ шудааст, имконият медиҳад, ки таъминоти аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар бо маводҳои ниёзи аввала ва стратегӣ таъмин карда шавад. Ҳамзамон тақозо карда мешавад, ки нархи молу маҳсулоти муайян танзим карда шуда, зимни анҷом додани хариди давлатӣ ба истеҳсолкунандагони ватанӣ афзалият дода шавад.
Фармони мазкур як қатор сабукиҳои андозиро низ дар бар мегирад, ки аз нигоҳи илмӣ ва мазмуни иқтисодӣ муассир ба ҳисоб мераванд. Барои мисол пешниҳоди таътили пардохтҳои андозӣ ва манъи ҳисобкунии фоизҳо барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳои дар ҳамин давра барои иншоотҳои соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилотҳои хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия аз ҷумлаи дастгириҳои хоси давлатӣ дар давраи буҳрон мебошад.
Ҳамчунин сабукиҳои андозӣ барои соҳибкории хурду миёна, аз пардохти маблағи иҷораи моликияти давлатӣ (аз 01.05.2020 то 01.08.2020), таъхири пардохти андози иҷтимоӣ бидуни ҷавобгариҳои андозӣ (аз 01.05.2020 то 01.09.2020), аз пардохти маблағи патент озод намудани намудҳои хоси соҳибкории инфиродӣ (аз 01.05.2020 то 01.08.2020), таътил дар пардохти андоз аз амволи ғайриманқул барои шахсони воқеи(аз 01.05.2020 то 01.09.2020) ва ғайра имконият медиҳанд, ки таъсири буҳрон ба иқтисодиёти кишвар ба андозаи назаррас коҳиш дода шавад.
Бо назардошти вазъи ҷойдошта ҳамчунин танзими нархи маҳсулотҳои ниёзи аввала, тиббию беҳдоштӣ ва таҷҳизотҳои соҳавӣ, аз пардохтҳои гумрукӣ озод кардани воридоти онҳо, паст кардани андози даромад аз фоизи пасандози шахсони воқеӣ (аз 12% то 6%), пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба корхонаҳои саноати хӯрокворӣ ва таъминотӣ тиббӣ, бахусус соҳибкорзанон ва дигар чораҳои институтсионалӣ пешбинӣ шудааст, ки аҳамияти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ доранд.
Ҳамчунин Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молия Ҷумҳурии Тоҷикистон низ уҳдадор гаштаанд, ки ҷиҳати нигоҳ доштани пардохтпазирии низоми бонкӣ, анҷом додани пардохтҳои байналмилалӣ, мубодилаи асъор ва таъмини он, бознигарии меъёри бозтамвил, дастгириҳои субъектҳои хоҷагидорӣ ва шахсоне воқеие, ки дар ташкилотҳои молиявӣ уҳдадории қарзӣ доранд ва густариши ҳисоббаробаркуниҳои электронӣ чораҷӯи намоянд.
Ҳамин тавр, бо такя ба гуфтаҳои боло ҳаминро қайд менамоем, ки тадбирҳои дар Фармони мазкур пешбинишуда аз ҷумлаи ташаббусҳои беназири Пешвои миллат ҷиҳати дастгирии мардуми кишвар ва соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат ба ҳисоб меравад. Татбиқ ва иҷроиши босифат ва саривақтии бандҳои Фармон имконият медиҳад, ки таъсири буҳрони ҷойдошта ба иқтисодиёти миллӣ коҳиш дода шуда, фаъолияти мунтазами он таъмин карда шавад.
Хайрзода Шукрулло Ректори ДДМИТ