Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Тоҷикистон ва музаффариятҳои истиқлолият

Омили ҳастии ҳар як миллат андешаи Истиқлол ва бунёди давлати мустақили миллӣ аст. Истиқлолият арзиштарин дастоварди миллати тоҷик аст, ки маҳз бо шарофати он Тоҷикистон ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Маҳз дар ин даврон Тоҷикистон ҳамчун давлати нави комилҳуқуқ ба арсаи сиёси ҷаҳон қадам гузошт. 
Таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон давлати тоҷикон қомат рост кард ва ба бунёдкорию созандагиҳо рӯ ба фардои умед овард. Кори тамоми соҳаҳои кишвар дар ин аём ботадриҷ ва муваффақона пеш рафт, истеҳсолот афзуд, иқтисодиёти мамлакат оҳиста-оҳиста рушд кард. 
Мамлакати мо, тавре дар назар аст, ба модели инноватсионии рушди иқтисодитёт хоҳад гузашт. Амалишавии мақсадҳои иқтисодии ҷамъият бо намуди рушди инноватсионӣ ба он алоқаманд мебошад, ки асоси онро раванди доимӣ ва мақсадноки ҷустуҷӯ, омадасозӣ ва амалисозии навовариҳо ташкил медиҳад. Ин ҳама имкон медиҳад, ки натанҳо самаранокии истеҳсолоти ҷамъиятӣ баланд мегардад, балки ба таври принсипиалӣ роҳҳои рушди онро тағйир меёбад. Таҷрибаи як қатор мамлакатҳо нишон медиҳад, ки ислоҳоти ба низоми рушди соҳаи навоварӣ равонашуда неруи иқтисодиро ҳатто дар даврони буҳрон низ метавонад мустаҳкам намояд. 
Яке аз бахшҳои пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон ва ба ҷои кор таъмин намудани аҳолӣ соҳаи кишоварзӣ буда, рушди он солҳои охир дар сатҳи устувор қарор дорад. Дар натиҷаи тадбирҳои то имрӯз андешидашудаи тараққиёти воқеии маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардида, дар даҳ соли охир 2 баробар зиёд шудааст ва ҳоло ба ҳисоби миёна 23 фоиз маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад. 
Тавре аён аст, давлат ва Ҳукумати мамлакат таъмин намудани пешрафти соҳаи соҳибкориро яке аз самтҳои муҳими фаъолияти худ қарор дода, барои барои дастгирии соҳибкорон ва таъмини шароити мусоиди ташаккули соҳа ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ сохта истодааст. Маҳз дар натиҷаи тадбирҳои амалигрдида мавқеи Тоҷикистон беҳтар шуда, тибқи арзёбии созмонҳои байналмилаллии молиявӣ, дар давоми солҳои охир се маротиба ба қатори 10 кишвари ислоҳотгари пешсаф дохил гардид. 
Қобили зикр аст, ки дар замони истиқлолият илму маориф ва фарҳанг ба як рукни муҳими иҷтимоӣ табдил ёфта ҳамчун ҷавҳари ҳастии миллат эътироф гардидаанд. Зеро ин падидаҳои бузурги башари дар ташаккули маънавии ҷомеа хизмат намуда, дар тарбияи насли наврас, шинохти рисолати таърихӣ, густариши эҳсоси ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ таъсири амиқ мегузорад. 
Дар ин иртибот, бахусус тайи понздаҳ соли охир дар соҳаи маорифи кишвар ислоҳоти ҷиддӣ амалӣ карда шуд. Дар ин самт Ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, ворид сохтани технологияҳои иттилоотии нав дар ҷараёни таълим ва истифодаи усулҳои замонавӣ барномаҳои махсус қабул карда намуд, ки онҳо барои мутобиқ гардидани сатҳу сифати дониши толибилмон ва талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд. 
Яке аз ҳуҷатҳои муҳиме, ки ҳамчун дастоварди шоистаи давраи истиқлолият дар соҳаи маориф ба имзо расид. Созишнома дар бораи эътирофи маълумоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аврупо ба шумор меравад. Ҳуҷҷати мазкур ба хатмкунандагони мактабҳои олии кишвар имкон медиҳанд, ки дар давлатҳои Аврупо низ фаъолият карда донишҷӯ таҷрибаи худро таҳким бахшанд. 
Тадбирҳои то ба имрӯз тадбиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, тавре мебинем, боиси беҳтар шудани нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ гардида, ба амалишавии афзалиятҳои муайяншуда оид ба сатҳи зиндагӣ, саводнокию маърифат, давомнокии умр ва дар маҷмӯъ ба пешравии ҷомеа болоравии сатҳи зеҳнии он фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи аҳоли таъсири мусбат мегузорад. 
Аз соли 2004-ум сар карда, дар соҳаи маориф ислоҳот ва навсозӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот оғоз гардид ва ин раванд то ба имрӯз идома дорад. Ҳадафи ин раванди созанда аз он иборат аст, ки механизми рушди устувори низоми маориф фароҳам оварда шавад ва ба талаботи асри XXI мутобиқ намудани он, таъмин кардани рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва қонеъ гардонидани талаботи давлат ва ҷомеа мусоидат намояд. 
Солҳои охир ҷиҳати гуманитарикунонии таълим дар низоми таҳсилот низ тадбирҳои назаррас амалӣ гардидаанд ва ба омӯзиши забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисӣ диққати бештар дода шуда, фанҳои риёзӣ ва табиӣ соҳиби афзалият гардидаанд. Ин иқдом боис шуд, ки шароити кор ва сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсилот торафт беҳтар гардад. Воқеан, донистани забонҳои хориҷӣ, дар навбати аввал, русиву англисӣ ва ташакули тавсеаи мафкура ва ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон мусоидат мекунад ва ба онҳо барои азхудкунии техникаву технологияҳои муосир, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ роҳи васеъ мекушояд. 
Таҷрибаи таърихӣ собит кардааст, ки инсони босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо ва неруву захираи тавоноии зеҳнӣ ба шумор меравад. Агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафта ва ҷомеаамон осуда бошад, бояд тавре амалу рафтор намоем, ки фарзандонамон соҳибмаърифат гарданд ва ҳамқадами замон пеш раванд. 
Бояд гуфт, ки ояндаи ҷомеа, идораи давлату миллат, ҳифз кардан ва афзун намудани музаффариятҳои истиқлолият ба дасти ҷавонон хоҳад гузашт. Аз ин рӯ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ваҳдат, худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ дар шароити имрӯза аҳамияти калонро касб мекунад. Ин амр аз тамоми ҷомеа, алалхусус аз устодони макотибҳои олӣ, тақозо дорад, ки моҳияти ваҳдату якдилӣ, ватандорӣ ва ифтихори миллиро ба ҷавонон ташвиқ намоянд, зеро дур шудан аз асли хеш маҳву заволи милат аст. Воқеан, истиқлолият ҳамон вақт маънӣ ва моҳияти воқеи пайдо мекунад, ки ҷавонон сабақҳои онро ҳамчун дастоварду неъмати бузурги таърихи ҳаматарафа омӯзанд, ватан, миллат, забон ва фарҳанги миллии хешро азизу гиромӣ доранд. 
Инак 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифа дорем, ки ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои истиқлолият ва ободии Ватани азизамон рисолати шаҳрвандии худро дар назди халқу давлат софдилона иҷро намоем. 

Иди истиқлол муборак! 


Декани факултети молия ва қраз н.и.и., дотсент Нурализода А.Н.