Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Интихоби дуруст кафили рушд аст

Дар моҳи октябри соли равон ҷомеаи соҳибистиқлоли моро яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ-интихоботи президентӣ интизор аст. Қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар аст, ки дар ин маърака фаъолона иштирок намуда, номзади арзандаро интихоб намояд ва дар таъмини сулҳу субот ва оромиву тараққиёти ҷомеа саҳми худро гузорад. Имрӯз фазои иттилоотии кишварро маъракаи ташвиқу тарғиби номзадҳо фаро гирифтааст. Моро зарур аст, ки бо назардошти вазъи ҳассоси олами муосир дар интихоби худ ҳушёру зирак бошем. Мехоҳем бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ ва такя ба принсипи гуногунандешии сиёсӣ оиди номзад аз Ҳизби халқии деократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон каме маълумот пешниҳод намоем. 
Дар дунё шахсиятҳои беназиру бетакрор кам нестанд. Ҳар яки онҳо дар ин ё он соҳа аз худ нишоне гузоштаанд. Чунончӣ, Анӯшервони одил бо адолати худ, Исмоили Сомонӣ бо сиёсатмадори беҳтарин буданаш садсолаҳост, ки дар ёду дили халқ зиндаанд ва то ҳол онҳо бо некномӣ ба забон гирифта мешаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам яке аз чунин шахсиятҳои бузург аст, ки бо кору фаъолияти некаш дар таърихи навини халқи тоҷик нақши муассир дорад. Давлати навини тоҷикон аз моҳи сентябри соли 1991 оғоз ёфт. Бо ташаббуси шахсӣ ва саҳми арзишманди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бунёди ҷомеаи навини Тоҷикистон гузошта шуд, пояҳои аввалини аркони давлатдории тоҷикон дар асри 20 мустаҳкам гардид, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё карда шуд. Сарвари муаззами давлатамонро дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ чун меъмори сулҳи тоҷикон мешиносанд. 
Мо тоҷикон агар худро ҳамчун миллати мутамаддин донем, рӯзи 27 –уми июни соли 1997- ро ҳеҷгоҳ фаромуш нахоҳем кард ва онро азизу муқаддас ва пос хоҳем дошт. Мардуми тоҷик шахсеро, ки дар ин роҳи ҳақ ҷонбозиҳо карданд, ба некӣ ёд менамоянд. Мардеро гиромӣ медоранд, ки тамоми вуҷудашро дар ин роҳи ҳақ бахшид, то ки, хандаи тифлону модаронро бинад, то Ватанашро озод обод бинад, то ки миллаташро сарбаланду сарфароз бинад. Мо тоҷикон бояд дарк кунем, ки ин мард атои таърих бар мо, ки дар он рӯзгори раҳгумзадагиву парешонӣ моро ба рӯзи Ваҳдат ба рузи хушбахтӣ ба рӯзи саодат росонд. Барҳақ, Эмомалӣ Раҳмон чун сиёсатмадори варзида ва хирадманд тавонист тарафҳои сангаргирифтаро бо ҳам иттифоқ диҳад, пеши роҳи хунрезӣ ва бародаркушии бемаънӣ гирифта шавад. Аз ин лиҳоз, Эмомалӣ Раҳмонро дар радифи Исмоили Сомонӣ гузоштан мантиқан дуруст аст, зеро Исмоили Сомонӣ ба аввалин давлатдории тоҷикон асос гузошт ва собит кард, ки тоҷикон ҳам метавонанд соҳибдавлат ва соҳибтоҷ бошанд. Ин давлатдории онҳо наздики сад сол идома ёфт ва бар асари хушунатҳои гуногун аз байн рафт. Пас аз ҳазору сад сол, вақте тақдири халқи тоҷик ҳал мешуд ва ҳамчун давлату миллат боқӣ мондани он зери шубҳа қарор дошт ва хавфи аз байн рафтани давлат ба миён омад, маҳз Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат ворид шуда, бо хирадмандӣ ва ояндабинии худ пеши роҳи бадхоҳони миллатро гирифт ва сулҳу салоҳ, ваҳдату тинҷӣ дар диёри мо тантана кард. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар дунё назири худро надорад ва бисёр мамлакатҳои ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор аз сулҳи тоҷикон ибрат мегиранд ва онро меомӯзанд. Яке аз хизматҳои бузурги таърихии Пешвои миллат дар он аст, ки оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш сохт ва фарҳанги сулҳофариро пеша кард, бо эҳсоси гарми ватандорӣ, андешаи тақдири ояндаи бақои миллат, ба музокироти сулҳ ташаббус нишон дод. Фармон дар бораи авфи умумиро имзо кард, қатъан баргаштани гурезаҳоро ба Ватан матраҳ сохт ва барои аз хатари нобудӣ наҷот додани Тоҷикистон ва нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ҷонбозиҳо кард. Натиҷаи ин ҷонбозиҳо ва қаҳрамониҳо буд, ки имрӯз дар кишвар амнияти саросарӣ пойдор ва ободиву бунёдкориҳо дар авҷ аст. 
Маҳз хиради азалӣ ва фарҳанги сулҳофари миллати шарафманди тоҷик буд, ки баъди ҳазор сол мо имкон пайдо намудем, то ба ҷомеаи башари ва асолату ҳуввияти миллии худ ворид гардем ва дар он мақоми шоиставу сазовори худро соҳиб шуда, манфиатҳои миллиамонро ҳимоя намоем. Мо бояд ин имконияти дар ҳақиқат таърихиро бисёр масъулона ва басо оқилона истифода намуда, истиқлоли Ватан, ягонагӣ ва ваҳдати миллиро таҳкими ҳамаҷониба бахшем. Ин исботи воқеъии он хоҳад гардид, ки мо ворисони арзандаи гузаштагони некноми хеш мебошем. 
Дар ин замон, ки кишварҳои муқтадир мехоҳанд бо ҳар роҳу восита манфиатҳои худро дар дигар кишварҳо амалӣ кунанд, аслан дар замони интихобот фаъол мешаванд. Аз ин рӯ аз шаҳрвандони сарбаланди ҷумҳурӣ даъват ба амал меорем, ки дар интихоботи дар пешистода фаъол бошанд ва ба тарафдории номзади арзанда - Эмомалӣ Раҳмон овози худро диҳанд.