Мақолаҳо
Бо пӯшидани либоси шер шағол ҳеҷ вақт шер намешавад!!
Суханроние, ки Кабирӣ дар Амрико дар барномаи Осиёи Марказии Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон кард, бори дигар бесаводии худ ва ифротгарову хоин будани худро нишон дод. Нафаре, ки дар ҳудуди кишвар нест ва хоини миллат аст чигуна метавонад вазъи сиёсиву иқтисодии Тоҷикистонро матраҳ кунад ё танқид кунад? Кабирӣ чи ҳақ дорад, ки дар бораи ояндаи Тоҷикистон ва ё бемории ҳамагир яъне Ковид 19 гап мезанад? Магар мо намедонем, ки Кабирӣ кист? Ин Кабирӣ як хоин ва як бешарафе беш нест. Вазъи имрузаи Тоҷикистон бисёр хуб аст ва сатҳи беморонҳам дар Тоҷикистон ба монанди дигар давлатҳо беш нест. Ин Кабирии хоин руяшро сиёҳ карда ҳамеша дар суханҳояш мехоҳад Тоҷикистонро сиёҳ кунад. Чи магар дар дигар давлатҳо ин гуна камбудиҳо нест? Магар ин беморӣ фақат дар Тоҷикистон аст? Ин Кабирӣ кураст магар, ки вазъи имрӯзаи кишварҳои дунёро намебинад? Имрӯз дар тамоми гушаву канори дунё мушкилиҳо вобаста ба вазъи бемории ҳамагир Ковид 19 вуҷуд доранд ва ин ягон давлатро бе таъсир намондааст.
Аз ин ру суханҳои Кабирии хоинро мо маҳкум менамоем. Агар ҳамаи талошу заҳматҳо ва дастовардҳои даврони истиқлолро ба таври воқеъбинона ҷамъбаст намоем, имрӯз метавон гуфт, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулият ва рисолати таърихии худро дар назди Ватан, миллат ва таърих иҷро карда, Тоҷикистони азизи моро ба як давлати мустақил, устувор ва рушдёфта табдил додааст.
Мо имрӯз бо як эътимод ва боварии комил гуфта метавонем, ки Пешвои мо Пешвои мардумӣ аст, ҳамеша бо халқаш буд, ҳаст ва мемонад. Хусусан нисбат ба он иқдомҳояш, ки ба кадом гушаи кишвар сафар накунанд, онҷоро гул-гул шукуфон мекунанд. Пешвои миллат ба куҷое, ки ташрифбиёранд онҷо обод мегардад, ба куҷое, ки нараванд бо мардум самимона суҳбат менамоянд сари як пиёла чой менишинанд дарди мардумро гуш мекунанд ва мушкилоташонро чора меандешанд, ки ин аз ниҳояти хоксорӣ ва самимияташ нисбати халқаш дарак медиҳад. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ҳастанд гуруҳҳое, ки дар ҳамин замина истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои миллии моро намехоҳанд ва муқобили сиёсати пешгирифтаи ин ҳукумат ҳастанд. Бояд хотирасон намоем, ки хоинони миллат бо мақсади аз байн бурдани ҳуввият ва симои миллии мо, тавассути бегонапарастоне, чун аъзоёни ТТЭ ҲНИТ махсусан роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ мехоҳанд шаҳрвандони моро ба гумроҳӣ баранд ва онҳоро муқобили ҳукумату давлати хеш барангезонанд.
Ҳанӯз аз оғози фаъолияти ин гуруҳҳои террористи ва экстримисти бараъло маълум буд, ки онҳо нияти нопок доранд. Аксарияти онҳо барои бароварда сохтани ҳадафҳои нопоки худ аз ҳеҷ дурӯғу тавҳин, худсафедкуниву иғвоангезӣ ва хиёнаткорӣ, ки хоси мусулмон нест, ҳазар намекунанд.
Роҳбарони созмонҳои ифротгаро махсусан Кабирӣ ва ҳамаслаконаш шариат ва дини мубини исломро таҳрифкорӣ сохта, онҳоро ба андешаҳои шахсӣ ва ғаразноки худ олуда месозанд ва ақидаҳои хурофотпарастию разилонаи хешро дар зеҳни ҷавонони мо мехоҳанд ҷойгир кунанд. Аммо ҳамагон медонем, ки дини мубини ислом бо террорист, экстремист ва гурӯҳҳои ифротгаро иртиботе надорад. Роҳбарони ташкилотҳои террористӣ исломро як бозии асосӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ истифода мебаранд.
Дар ҳақиқат мо шоҳиди он ҳастем ки Пешвои муаззами миллат замоне ба сари қудрат омаданд, ки Тоҷикистон ба як ҷанги сахти таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва кишварро хавфи нестшавӣ таҳдид мекард, мардум ба парокандагӣ, гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯбарӯ буданд. Воқеан ҳам таърих гувоҳ аст, ки Пешвои тоҷикони ҷаҳон – Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи он рисолате, ки бар души худ гирифт, аз ӯҳдааш бар аъло баромада, миллату давлатро аз нобудиву парокандагӣ эмин дошт. Маҳз хизматҳои арзандаи ин абармард буд, ки кишвари моро ба сулҳу субот ва оромӣ расонид. Ӯ ҳамчун Пешво тавонист, ки миллатро ба ваҳдат оварад.
Имрӯз Пешвои тоҷикон натанҳо барои миллати худ, балки барои тамоми саёра ғамхори ва мушкилиҳои курраи заминро фикр ва барраси намудаистодааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба созандагию бунёдкорӣ ва корҳои ободонӣ, ки онҳо заминаҳои асосии ташаккулёбӣ ва рушди ҷомеа мебошанд, диқати махсус медиҳанд.
Аз ин рӯ ҳар яки моро зарур аст, ки аз кору пайкори Пешвои муаззами миллат пайравӣ намуда, дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушду равнақи ҳар як соҳа фаъолона иштирок намоем.