Мақолаҳо
Номзади арзандаи худро шиносед!
(ҷавоб ба туҳматҳои беасоси хоин М.Кабирӣ)
Дар саннаи 11-уми октябри соли равон дар кишвар интихоботи президентӣ баргузор мегардад, ки дар он номзадҳои гуногун иштирок хоҳанд кард. Мардуми шарифи кишварамон тӯли чандин давра аст, ки дар интихоботҳои президентию парлумонӣ иштирок намуда, раъйи худро медиҳанд ва ба интихоботи кишвар низ боварии комил доранд. Ин боварӣ низ аз раванди интихоботҳое, ки чанд маротиба дар кишвар баргузор гардидаанд ва интихобкунандагон ба таври озод иштирок намуда, сарвари сиёсӣ ва вакили мардумии худро интихоб намудаанд, дарак медиҳад. Сарварони сиёсӣ ва вакилони мардумӣ дар асоси розигии халқ интихоб гардидаанд ва ин низ аз нишонаи демократӣ будани кишвар дарак медиҳад.
Яке аз номзадоне, ки арзандаи курсии президентӣ дар интихоботи мазкур аст, Президенти феълии кишвар Эмомалӣ Раҳмон мебошад, зеро пеш аз оне, ки интихобкунандагон ба номзадҳои арзандаи худ овоз диҳанд, ҳатман аз фаъолияти корӣ, рафтору кирдор, имиҷи сиёсӣ ва хизматҳои шоёни ӯ назар мекунанд. Пеш аз оне ки ба фаъолияти кории номзадони сиёсӣ назар кунем, моро зарур аст, ки бори дигар аз таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва омилҳои ба даст овардани сулҳ дар Тоҷикистон хулосагирӣ намоем, зеро, рушду ташаккули кишвар, ҳуввияти миллии шаҳрвандон ва махсусан интихоби сарвари арзанда аз омилҳои мазкур вобастагии зиёд дорад.
Сарнавишти кишвари мо дар раванди ҷомеаи навини демократӣ баъди ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ дар соли 1991 бо фоҷиаи бузурги миллат - ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ пайваст. Воқеае, ки бузургтарин хатарро ба сари халқу давлати тозаистиқлоли мо овард. Рӯҳи нотавониву ноумедӣ аҳли ҷомеаро фаро гирифта буд. Сохторҳои қудратии давлат фалаҷ гардида буд. Истеҳсолот аз фаъолият монда, самти муътадили инкишофи он вайрон гардида, гуруснагиву қашшоқӣ минтақаҳои ҷангзадаро фаро гирифта, кишвари тинҷу ороми моро ба минтақаи фоҷиабору ҷангзада табдил дода буд. Дар кишвар оташи кинаву адоват, хунрезиву куштори байни якдигар, қатлу ғорат, гиряву нолаи ятимон ва модарони аламзада идома меёфт.
Ниҳоят Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешавад. Сабақҳои таърихи минбаъдаи Тоикистон дар роҳи ба эътидол овардани кишвар, раванди ба вуҷудоӣ, инкишоф ва мустаҳкам гардидани низоми сиёсии демократӣ дар Тоҷикистон собит месозад, ки дар воқеъ намояндагони мардумии Тоҷикистон дар он рӯзҳои вазнин бо мақсади тинҷию оромии кишвар кори бузургеро анҷом доданд, ки дар интихоби раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хато накарданд ва чунин шахсияти бузургро ба майдони сиёсат ва давлати Тоҷикистон оварданд, ки минбаъд комёбиҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии мамлакат бо номи ӯ сахт алоқаманд аст. Воқеан Эмомалӣ Раҳмон халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод, ҷон дар кафи даст душманонро авф кард, зиёда аз як миллион нафар гурезаю муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонида, ба миллати мотамзада сулҳу ваҳдат ва суботу амният овард. Ӯ пояи давлатдориро аз сифр бунёд намуда, неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо кард, садои модари тоҷикро ҳамчун модари миллати соҳибдавлат то ба созмонҳои байналмилалӣ расонида, мардуми парешонро атрофи дастархони сиёсии миллат муттаҳид кард.
Ин аст, ки мардуми соҳибтамаддуни тоҷик дар атрофи сарвари арзандаи хеш муттаҳид гашта, баҳри пешравию суботи кишвар муттаҳидона дар дохил ва хориҷи кишвар кору фаъолият менамоянд. Хизматҳои фаромӯшнашавандаи Эмомалӣ Раҳмон дар дилу дидаи шаҳрвандони Тоҷикистон ҷо гирифтааст.
Лекин мутаасифона ин оромӣ, пешравиҳо ва муттаҳидии халқи тоҷик дар атрофи сарвари арзандаи худ на ба ҳама хуш меояд ва на ҳама ба онҳо бо назари некбинона ва хайрхоҳона менигаранд. Ин дастовардҳои Тоҷикистонро на танхо кишварҳое, ки худро «дӯст» ва «шарикони стратегӣ»-и мо нишон медиҳанд ба хушнудӣ пазируфтаанд, балки аз ҷониби як идда аз «ватанхоҳон» ва «дилсӯзон»-и миллат, ки худро «ҳомии дилсуз ва тақдирҷунбони халқ» муаррифӣ кардаанд, низ қобили қабул нестанд. Раиси ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ, ки айни ҳол дар фирор берун аз марзи Ватан аст, аз ҷумлаи онҳост. Чунки бо ғаразҳои нопоки худ мехоҳад, ки худро аз тоифаи ифротгароён берун намуда, баҳри ба даст овардани манфиатҳои шахсии худ ба равандҳои сиёсии кишвар халал эҷод кунад. Вале шаҳрвандони Тоҷикистон ба хубӣ аз кору пайкори онҳо огоҳ мебошанд ва ин мақсади онҳо бе натиҷа мебошад. Зеро ин «ватанпарастон» то ҳол дарк накардаанд, ки бо ин ҳасудӣ ва тангназариву маҳдудфикрии худ кишварро ба куҷо мебаранд. Ин хоинони кафангадо дарк накардаанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар он кишвари солҳои 90-уми асри XX нест, ки қудратхоҳони гуногун нақши давлатро поин оварда, Ватанро ба хоку хун кашанд. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти амудие ба вуҷуд омадааст, ки мошини қудратманди давлатро ба кор даровардааст. Ҷойгоҳи сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар ва ҷаҳону минтақа мавқеи хело бориз дорад.
Файласуфе менависад: «Шахсе, ки баҳри ғанӣ гардонидани давлати хеш андеша ва қувваашро сарф менамояд, аз ҷумлаи беҳтаринҳост». Аз ин рӯ ҳар яки моро зарур аст, ки баҳри пойдории истиқлолияти сиёсӣ, Ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва сулҳу суботи кишвар сарвари арзандаи хешро интихоб намоем. Ҳар яки моро зарур аст, ки дар интихоби хеш масъулиятнок бошем ва тақдири кишвари худро ба дасти худ гирифта, ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон овоз диҳем. Ин интихоби мо барои хоинони ватанфурӯши наҳзатӣ зарбаи сахттарин хоҳад буд.
Иқбол Ҷобиров омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ