Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Қавми бесарвар тани бесар бувад!

(мулоҳизаҳо атрофи баромади хоини миллат М.Кабирӣ) 
Дар таърихи башарӣ нақши шахсиятҳои таърихӣ, ки дар бунёди давлатдорӣ, ҳифзи забони миллӣ, устувор нигоҳ доштани урфу одат ва анъанаҳои ниёгон саҳм гузоштаанд, хеле муҳим арзёбӣ шудааст. Бахусус шахсиятҳое, ки дар давраи бисёр ҳам сахту сангини миллатҳо барои наҷоти давлатдорияшон нақш гузоштаанд, боиси ситоиш ва ибрат аст. 
Дар ҷодаи пуршебу фарози таърихӣ Пешвои муаззами миллати мо, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз чунин шахсиятҳои баргузида ва фидоии халқу миллат ҳастанд, ки номашон дар саҳфаҳои рушани таърих ҳамчун фарзанди Каҳрамони миллат аллакай ҷойгоҳи хосса доранд. Заҳматҳои шабонарузӣ ва ҷонфидоҳои Пешвои маҳбуби миллатамон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва то ба имрӯз на танҳо барои халқи тоҷик, балки барои дигар мардумони сайёра возеҳ равшан аст ва инҷо мо бори дигар аз қаҳрамониҳои ин фарзанди баруманди миллат тавсиф намекунем, зеро баҳои сиёсати мардумсолорӣ ва раиятпарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мардуми шарифи Тоҷикистон хуб медонанд ва арҷ мегузоранд. Ба Пешвои маҳбубашон кайҳо унвони шоистаи «Президенти мардумӣ»- ро сазовор донистаанд. 
Мақсад аз рӯи қоғаз овардани ин андешаҳо найрангҳои навбатии мутаассиффона фарзанди гумроҳи модари тоҷик бо номи Кабирӣ аст, ки боз аз рӯи сенарияи солҳои навадуми асри гузашта кор карда истодааст ва мехоҳад ҳадафҳои ғаразноки худро пиёда созад. Кабирии разил ва ватанфурӯш ҳануз ҳам қоил шудан намехоҳад, ки касе ба сухани ӯ гӯш намекунад ва бо ду се нафар гумроҳгаштаву зархариди дигар оромии моро халал карда наметавонад. Кабирӣ боре ҳам дар андешаи халқи тоҷик набуд, ниҳоле дар замини ин сарзамин нашинонидааст, дасти ятимеро нагирифтааст, ҳатто кучаи бачагиҳои худро мумфашр накардааст. Боз шарм надошта, лофи ватандорӣ мекунад. Нафаре, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо аҳли пайвандонаш даст дошт, садҳо ҷавононро гумроҳ карда, ба майдонҳо кашид, кӯдаконашонро ятим кард, Ватанро ба харобазор мубаддал сохт, магар метавонад имрӯз ба зиндагии осоиштаи мову шумо хушбин бошад? Не албатта. Кабирӣ ва ҳаммаслакони гумроҳгаштааш бояд маблағҳои ба дастовардаи хоҷагонашонро ҷуброн кунанд, ба сари миллат санг андозанд, иғво созанд, гумроҳ кунанд. Вале тирашон чун ҳамеша хато аст. Мардуми тоҷик дигар ба бофтаву сохтаҳои ҷудоихоҳонаи онҳо эътимод надорад, ин нафарон «оқкардаҳо»-и падару модар ва миллат ҳастанд, яъне нафраткардаи Худо. Ингуна нафраткардаҳои Худо мутаассифона боиси оромии давлатҳои дигар шуда истодаанд. Имруз давлатҳои абарқудрат бо дасти «фарзандони хоин»-и миллатҳо ҳадафҳои худро амалӣ кардан мехоҳанд. Яъне боз ҳам ба қавли Пешвои миллтамон мо набояд зиракии сиёсиро аз даст бидиҳем, набояд барои чунин нафарони манифатҷуй майдон кушоем, набояд осудагиву оромии фарзандонамонро ба дасти ин аблахони хоин ва зархарид супорем.
 Халқи тоҷик, мардуми шарифи Тоҷикистони азизи мо хирдаманду дурандеш ва созанда ҳастанд. Мо ҳама сарҷамъона аз ин ободиву осудагии кишварамон ҳифз мекунем, бо Пешвои муаззами худ паҳлу ба паҳлу қадам ниҳода, сина сипари сулҳу Ваҳдати миллат мекунем. Мардуми шарифи Тоҷикистон фидоии сарзамину хоку оби худ аст ва Роҳбару Пешвои арзандае, ки дорад, ки номи Тоҷикро ба дурдасттарин замини сайёра бурда аст, номи неку таърихии миллати сарбаланди тоҷикро муаррифӣ кардааст, Ифтихори тоҷику Тоҷикистон аст. 


Асли лашкар бегумон Сарвар бувад, 
Қавми бесарвар тани бесар бувад. 


Президент Эмомалӣ Раҳмон дурахшонтарин шахсиятест, ки дар ҷаҳон ва олами сиёсат ба ҳайси паёмовари Сулҳу Ваҳдат ва мақоми таърихии Пешвои миллат мояи ифтихор ва ҳам сармояву сарвати миллист.