Мақолаҳо
Дастрасӣ ба оби нӯшокӣ – яке аз масъалаҳои глобалӣ
Об чун ҳаво барои инсон зарур аст. Бе об ҳаёт вуҷуд дошта наметавонад. Аз ҳаҷми умумии обҳои сайёраи Замин, ки баробар ба 1 миллиарду 400 миллион километри мукааб аст, танҳо 2,5 дарсад, яъне зиёда аз 35 миллион километри мукааб оби ошомиданӣ мебошад. Пас, зарур меояд, ки ба қадри ин неъмат бирасем. Вагарна норасоии оби тоза ҳаётро метавонад торафт мушкилтар созад. Айни замон беш аз 40 дарсади аҳолии замин аз норасоии об танқисӣ мекашанд. Қисми зиёди захираҳои оби ошомиданиро пиряхҳо ва барфҳои Антарктидаву Гренландия ташкил медиҳанд.
Сарчашмаи асосии оби нӯшокӣ пиряхҳо, кӯлҳо, дарёҳо ва обҳои зеризаминӣ маҳсуб меёбанд. Вале масъалаи дигаре, ки ба норасоии оби ошомиданӣ сабаб шудааст, афзоиши босуръати аҳолӣ дар ҷаҳон аст. Тибқи таҳлилҳои коршиносон, шумораи аҳолӣ дар сайёра то соли 2100 ба 11 миллиард нафар хоҳад расид. Бинобар ин, мушкилии об торафт мураккаб мегардад. Муддати 20 соли давраи рушди саноат аз беаҳамиятӣ 43 дарсади кураи замин ба биёбон табдил ёфтааст. Имрӯз беш аз 700 миллион нафар дар зиёда аз 40 кишвар аз норасоии оби нӯшокӣ ранҷ мекашанд. Давоми 50 сол зиёда аз 500 муноқиша вобаста ба норасоии оби нӯшокӣ рух додааст ва дар натиҷаи қисме аз ин ҳодисаҳо, шумораи шаҳрвандони зиёди минтақаҳои хушксол аз макони худ фирор кардаанд. Мушкилоти дигар ин истеъмоли оби бесифат,ки боис ба марги 3,5 миллион нафар аҳолии рӯи замин дар як сол мегардад, ва 84 дарсади ин шумораро кӯдакони то 14-сола ташкил медиҳанд.
Ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон дар соҳаи об аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, барои рушди на танҳо як давлат, балки барои пешрафти давлатҳои ҷаҳон ва ҳифзи сайёра аз хатарҳои глобалӣ пешбинӣ шудаанд. Дар ин замина, ба ҳалли бисёре аз масъалаҳои вобаста ба об дар сайёра идома дода мешаванд. Махсусан, дар Тоҷикистон тайи ин солҳо корҳои зиёде ҷиҳати таъмини аҳолии мамлакат бо оби ошомиданӣ ба сомон расонида шудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, иштирокчии фаъоли муҳимтарин чорабиниҳои байналхалқӣ оид ба ҳифзи табиат аст. Давлати мо ҳарчанд, ки дар саргаҳи ташаккулёбии захираҳои оби тоза қарор дорад, аз масъалаи глобалии танқисии оби тоза худро канор гирифта наметавонад. Зеро, бо вуҷуди доштани сарчашма ва манбаҳои бузурги оби тоза, мо низ ба ин проблема рӯ ба рӯ ҳастем.
Бо он ки аҳамияти ҳаётии об боло меравад, онро на танҳо манбаи ҳаёт, балки худи ҳаёт медонанд. Захираҳои обӣ дар тӯли таърих воситаи зиндагӣ, саломатии инсоният ва имконоти инсонӣ барои сохтани тамаддунҳои башарӣ буду ҳаст.
Об ва зиндагии маънавию фарҳангии инсоният бо ҳам иртиботи ногусастанӣ доранд. Об яке аз сарватҳои муҳими табиӣ буда, бинобар норасоӣ ва истифодаи нодурусти он дар сайёра мушкилот афзун мегардад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид аст, ки дар чанд соли охир таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим ва дар натиҷа, боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак мушоҳида мегардад. Яке аз самтҳои муҳими ташаббусҳои Тоҷикистон, ин диққати зарурӣ додан ба масъалаи оби тоза ва ба ин восита паст намудани шиддати буҳронҳои экологӣ мебошад,ки бо чунин пешниҳодҳои худ Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро дар баробари об ба мавзӯи экология низ ҷалб намудааст.
Имрӯзҳо хавфи сар задани буҳронҳои обӣ бинобар афзоиши шумораи аҳолии саёра ва коҳиш ёфтани захираҳои об тамоюли афзоишро касб намудааст. Тахмин меравад, ки то соли 2030 ду миллиард аҳолии кураи замин ба мушкилии нарасидани оби ошомиданӣ дучор хоҳад гардид. Дар шароити ниёзмандии рӯзафзуни ҷаҳонӣ ба об, ҳамкориву шарикии созанда дар ин арсаҳо тақозои замон аст. Дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид, дар сомонаи интернетӣ ва шабакаи махсуси телевизионии ин созмон пайваста ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об ҷонибдорӣ ёфта, ҳамчун иқдомоти бар нафъи башарият тарғибу ташвиқ мегарданд.
Барои пешгирӣ аз мушкилоти тағйирёбии иқлим ва таҳкими тадбирҳои мутобиқшавӣ ба он, ин масъала дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 мақоми хосса дорад.
Маҳбуба Ғаффорова, ассистенти кафедраи менеҷмент