Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Дуруғҳои навбатии Кабирӣ дар арафаи интихобот

Интихобот дар баробари маъракаи бузурги сиёсӣ будан, ҳамчунин давраи ҳассоси сиёсӣ низ аст. Чунки дар ин давра душманон ва нотавонбинони миллат кӯшиш мекунанд бо ҳама роҳ ба ин раванд дахолат карда, манфиатҳои худро ҳифз кунанд. Зиракиву ҳушёрии сиёсӣ маҳз дар ҳамин давра ба яроқи асосии муқовимат бо душманон мубаддал мегардад. 
Чанд муддат қабл дар баъзе сомонаҳои интернетӣ баромади яке аз хоинони миллат, роҳбари ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ ва Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ пахш шуд, ки саропо аз туҳматҳои беасос ва рекламаи шахсии Кабириву хешовандонаш буд. Баъди шиносоӣ бо ин баромади пучу бемаънӣ шахси худогоҳу ватандӯст асабӣ мешавад ва ҳам хандааш меояд. Сабаби асабӣ шудан дар он аст, ки ин хоинон ва ватанфурӯшон умуман аз ягон пешравии Тоҷикистон ҳатто сухане ҳам нагуфтанд. Тамоми равандҳои сиёсии Тоҷикистонро саропо дуруғин ва беасос мехонанд. Ягон саъю кӯшиши ҳукуматро дар раванди демократикунонии ҷомеа намебинанд. Чуноне суханронӣ мекунанд, ки гуё Тоҷикистон дар солҳои 1930 қарор дошта бошад. Умуман оиди пешравиҳо ягон сухан нест. 
Агар ин кафангадоён ва ҳалқабаргӯшону хизматгорони хоҷагони хориҷӣ ва давлатҳои «дӯсту бародар» пешравиҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистонро набинанд, пас онҳо кӯри маънавиянд. Магар ин инсонҳо, ки ҳатто онҳоро инсон ҳам номидан мумкин нест, дар хотир надоранд, ки бо ёрии хоҷагони хориҷии худ дар ибтидои солҳои навади асри гузашта ба сари мардум ва давлат чӣ бадбахтиҳо оварда буданд? Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат ва азму талошҳои мардуми Тоҷикистон дар кишварамон сулҳу ваҳдат пойбарҷо гардид ва шуруъ аз соли 1997 мо рушд карда истодаем. То ин замон Тоҷикистон дар бумбасти коммуникатсионӣ қарор дошт, нерӯи барқ намерасид ва аз ҳама муҳим норасогии хӯрокворӣ дида мешуд. Лекин бо талошҳои ҳукумат ва шахсан Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чор тарафи олам роҳ кушод. Роҳҳои оддӣ ҳам не, балки шоҳроҳҳое, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯянд. Роҳҳо ба самти Афғонистон, Чин ва Қирғизистон дар шароити бисёр мураккаби иқтисодӣ сохта шуданд ва ҷумҳуриамон аз бусбасти коммуникатсионӣ баромад. Дигар мушкилии ҷиддии мо, яъне нарасидани қувваи барқ низ ҳалли оқилонаи худро ёфт. Тоҷикистон ягона давлате дар Оисёи Марказӣ аст, ки баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ нерӯгоҳҳи бузурги обию барқӣ бино кард. Аз ҷумла Сангтӯда-1, Сангтӯда-2 ва Роғун тарҳҳои беназиранд. Мо имрӯз натанҳо худро бо нерӯи барқ таъмин мекунем, ҳамчунин онро ба давлатҳои ҳамсоя низ содирот мекунем. Дар бораи серию пурӣ ва зиёд будани маҳсулоти хӯрокворӣ ҳатто сухан гуфтан ҳам зарур нест. Чун ҳама шоҳди пурии бозорҳо ва серии мардум ҳастем. 
Кабирӣ дар баромади худ мегӯяд, ки интихоботи мо «дуруғ ва ғайридемократӣ» аст. Ин хоин фаромӯш кардааст, ки интихобот василаи муттаҳид кардани мардум ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти онҳо аст. Интихобот рукни муҳими ҷомеаи демократӣ аст. Агар ҳизби Кабирӣ дар охирон интихоботе, ки иштирок карда буд, ягон ҷой нагирифт, магар ин айби интихобот ё ҳукумат аст? Ҳаргиз не. Мардуми Тоҷикистон аз идеологияи асримиёнагии кӯҳнаву фарсудаи наҳзатӣ безор аст. Ҳамин буд, ки дар интихоботи охирини ширкаткардааш аз 1% зиёд ҳам овоз нагирифтанд. Акнун имрӯз мехоҳанд мағлубияти худро ба сари ҳукумат бор кунанд. 
Интихобот ҳанӯз баргузор нашудааст ва натиҷа ҳам эълон нашудааст. Лекин Кабирӣ аллакай бо такя «ба илми ғайбаш» эълон кард, ки натиҷаҳои интихобот шаффоф ва демократӣ нестанд. Ин кори ӯ камоли аблаҳии ӯст, ки ҷои шарҳ ҳам нест. 
Дар маҷмуъ чун қоида ин баромади Кабирӣ мисли дигар баромадҳояш пур аз туҳмату буҳтонҳои беасос буд ва боварии комил дорем, ки ягон фарди солимфикр низ ба ин суханҳои ӯ бовар нахоҳанд кард. Аз мардуми шарифи Тоҷикистон даъват ба амал меорем, ки рӯзи 11-уми октябр дастаҷамъона ба участкаҳои интихоботӣ омада, райъи худро ба номзади арзанда ва созанда диҳанд ва бо иштироки васеи худ ба хоиноне мисли Кабирӣ исбот кунанд, ки мо фаъолем ва намегузорем ҳар нокасе ба интихоботи мо дахолат кунад. 


Ф.Каримов