Мақолаҳо
Интихобот - ҳамчун ниҳоди демократӣ
Интихобот ниҳоди демократия буда, мақсади он ифода кардани хоҳишу иродаи халқ мебошад. Дар ҷараёни интихобот шаҳрвандони кишвари мо метавонанд ба ҷонибдории номзади писандидаю арзандаи худ овоз диҳанд.
Имсол ҳам мардуми Тоҷикистон албатта, бо роҳи иштирок дар интихобот аз ин ҳуқуқи конститутсионии худ истифода хоҳад кард. Бояд гуфт, ки аз солҳои 90-уми асри ХХ, яъне аз замони ташаккули давлатдории навини тоҷикон то ба имрӯз ниҳодҳои демократӣ, аз ҷумла интихобот, хеле инкишоф ёфтанд. Акнун Тоҷикистон дар ин масъала аз таҷрибаи ғанӣ бархурдор аст. Дар ин асос, бо итминон метавон гуфт, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 дар фазои хуби демократӣ, ба таври озоду шаффоф доир хоҳад шуд. Ин барои кишвари демократии ҳуқуқбунёд хеле муҳим аст, зеро Президент на танҳо сарвари давлату Ҳукумат, балки кафили Конститутсия, яъне кафили асосҳои сохти конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон дар қаламрави давлат мебошад.
Тавре таҷрибаи баъзе аз кишварҳои ИДМ нишон медиҳад, агар интихобот шаффоф набошад, он ба ҳеҷ ваҷҳ чун ифодаи ҳақиқии иродаи мардум эътироф карда намешавад. Дар натиҷа, боиси нооромии ҷомеа мегардад. Аммо, тавре зикр гардид, Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар ин ҷода таҷрибаи бой дорад ва мо боре ҳам дар ин самт ба камбудиву бемасъулиятӣ роҳ надодаем.
Ҳамеша интихоботу раъйпурсиҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаффофу озодона баргузор мешуданд. Имсол низ тамоми кӯшишу ғайрати худро ба харҷ медиҳем, ки ин анъанаи нек идома ёбад. Зеро маърифати ҳуқуқии мардум дар давоми солҳои истиқлолият хеле таҳкиму такмил ёфтааст. Дар чунин шароит имкони воқеии интихоб кардани номзади арзандаи мардум вуҷуд дорад.
Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосити ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Халқи Тоҷикистонро, сарфи назар аз миллаташон, шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд».
Инчунин, тибқи Қонуни асосӣ: «Шаҳрванд ҳақ дорад дар ҳаёди сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Шаҳрвандон ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд».
То баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои ба шумор мондааст. Боиси сарфарозист, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқи қонунии худ истифода намуда, аз райъи онҳо вобаста будани тақдири ояндаи давлат, миллат ва ҳар як шаҳрвандро эҳсос намоянд.
Аз ҷавонон, бахусус аз донишҷӯёни ДДМИТ даъват ба амал оварда мешавад, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат варзида, саҳми босазои хешро барои ояндаи дурахшони Ватани азизамон гузоранд.
Раҳматулло Ҳомидов, муаллими калони кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионии ДДМИТ