Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?!

(Андешаҳо атрофи фош шудани гуноҳҳои навбатии Кабирӣ) 
Чанд сол аст, ки фаъолияти такшилоти экстремистиву террористии ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон бар асоси далелҳои раднашаванда ва шайъӣ аз ҷониби Суди олии Тоҷикистон ғайриқонунӣ ва мамнуъ эълон шудааст. Аз замони содир шудани ин ҳукм то инҷониб роҳбарони ин ҳизб дар давлатҳои гуногун худро бечораву ҷабрдида муаррифӣ намуда, соҳиби паноҳгоҳ гаштаанд ва то имрӯз мисли сагҳои дайду инҷову онҷо зиндагӣ карда истодаанд. Ин шакли мавҷудияти онҳоро зиндагӣ ҳам номидан ҳам мушкил аст. Зеро зиндагиро бо нафрату лаънати миллионҳо ҳаммилатони худ зиндагӣ ҳам номидан мумкин нест. 
Яке аз чунин ашхос, ки миллионҳо нафар тоҷикистониён нисбаташ нафрат доранд ва душмани ҳаёти осоиштаи худ медонанд, роҳбари ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ мебошад. Чунин бадбинӣ ва кинаи оммавӣ нисбати Кабирӣ беасос нест. Зеро мардуми Тоҷикистон аз ҷиноятҳои ин шахс хуб огоҳанд ва кӣ будану чӣ хостани ӯро медонанд. Чанде пеш тариқи ВАО филми мустанади «Хиёнат» пахш гардида буд, ки ҳамагон бори дигар кӣ будани Кабириро фаҳмиданд ва аз ҷиноятҳои нави ӯ хабардор гардиданд. Огоҳонидани мардум заминаи асосии муқовимат бо ифротгароии наҳзатӣ аст. Чунки дониш яроқи бениҳоят бузург аст. 
Чанд лаҳза пеш фазои интернетро суҳбати Кабирӣ бо яке аз занҳояш ё маъшуқаҳояш фаро гирифт, ки обрӯи бе ин ҳам рехтаи ӯро боз ҳам поёнтар бурд. Шахсе, ки солҳои тӯлонӣ худро ба дигарон ҳамчун зоҳиду покизакор, муҳофизи дину мазҳаб ва манфиатҳои миллӣ муаррифӣ мекард, ба чунин амал даст задааст. Дар ин суҳбати кӯтоҳ, вале ифшокунандаи шахсияти манфури Кабирӣ, тамоми паҳлуҳои фаъолияти тахрибкоронаи ин хоин ошкор шудаанд. Кабирӣ бори дигар исбот мекунад, ки ӯ нисбати на миллату давлат, шариат ва зан-модар ҳеҷ эҳтироме қоил нест. Ин мазҳабфурӯш бо як лаҳни бисёр дағал бо зане гуфтугу мекунад, ки даъвои ҳамсарӣ ё маъшуқагӣ мекунад. Муносибати байнишахсии онҳо барои мо муҳим нест. Лекин дар миёни суҳбати «гарм»-и ин ду шахси бисёр «наздик» зуд-зуд ибораҳои «мазҳабфурӯш», «динфурӯш», «виҷдонфурӯш», «миллионҳои хориҷиён», «пулҳои покистониҳову туркҳо» ва ғайраҳо садо медиҳанд. Ин гуфтаҳо бори дигар исботи онанд, ки Кабирӣ як шахси хоини ватанфурӯш аст, ки ҳеҷ арзише барои ӯ муқаддас нест. Дашномҳои бешумори ӯ нисбати зан ҳоҷати шарҳ нест. Ин шахс дар баробари ватанфурӯш буданаш, ҳамчунин занҷаллоб низ будааст. Дар ҳақиқат ҳангоми шунидани ин суҳбат нафрати шахс нисбати ин шахс даҳчанд мешавад. 
Чӣ гуна ин шахс дар баробари доштани ин гуна хислатҳои бади инсонӣ боз даъвои адолату виҷдон ва ватандӯстиву мусалмонӣ мекунад? Чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар афроде, ки ба ин шахс эҳтиром қоиланд, бояд кӣ будани ӯро донанд. Ба ҳарфҳои ин аҳримани даҳрӯя бовар накунанд. Зеро ин шахс танҳо дар фикри манфиатҳои нопоки сиёсӣ ва шаҳвонии худ буда, лоиқи ҳеҷ эътимоде нест.