Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Муносибати муҳтарам Пешвои миллат бо забони тоҷикӣ

12-уми декабри соли 1992, пас аз он ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Сессияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамраъйии кулли фиристодагону намояндагони мардумӣ бар маснади шӯрои мазкур интихоб гардида буд, бо “Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон” аз тариқи ВАО чунин изҳор намуданд: 
“Ҳамватанони азиз! 
Падару модарон ва хоҳарону бародарони гиромӣ! Ҳалқи мо имрӯз душвортарин ва фоҷианоктарин давраҳои таърихии хешро аз сар мегузаронад. Ҳақиқат талх аст, вале мо бояд иқрор шавем, ки қувваҳои муайян сабабгори фоҷиаи миллат гардиданд. Дар натиҷа будан ва ё набудани ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо зери хатар монд. Ранҷбарону деҳқонон ва равшанфикрони миллат, ки дар фазои дӯстиву рафоқат бо ҳам мезистанд, гирифтори фишору таъқиб шуда, ниҳоят иҷборан ба даст яроқ гирифтанд. Натиҷаи ҷанги бародаркушӣ ба ҳама маълум аст. Даҳҳо нафар одами бегуноҳ шаҳиду маҷрӯҳ шуд. Имрӯз халқи тоҷик дар ватани худ номи гурезаро касб карда, садҳо ҳазор одам бехонаву дар ва сарсону саргардон шудааст. Таърих ёд надорад, ки халқи тоҷик хонаашро бо дасти худ оташ зада, деҳу деҳкада ва шаҳристонҳоро ба харобазор табдил дода бошад. Фоҷиаи падарон, модарон ва хоҳарону бародарони мо фоҷиаи миллат аст. Ҳамон миллате, ки ҳазорсолаҳо инҷониб бо тамаддуни оламшумул ва фарзандони нобиғаи худ машҳури ҷаҳон гардида буд. Имрӯз ҳар яки мо ба худ савол медиҳем: Чаро ва аз баҳри чӣ ин фоҷеа ба сари халқ омад? Ҷавоби савол ба ҳама маълум аст. Мубориза баҳри мансабу ҳокимият. Ин мубориза бо кадом роҳ пеш бурда шуд, ба халқ маълум аст. ” 
Имрӯз аз ин суханони Пешвои миллат 28 сол сипарӣ гаштааст. Суханони мазкур дар ин мақола танҳо ба манзури дид ва баҳогузорӣ ба забони муаллифи ин сатрҳо оварда шудаанд. Чунонки аз матни муроҷиатномаи боло дида мешавад, дар он забони бисёр фасеҳу равон, аз ҳайси риояти қоидаҳои синтаксисӣ басо мустаҳкаму устувор, аз нигоҳи интихоб ё гузиниши вожаҳову воҳидҳои дигари забонӣ содаву фаҳмо ва аз ҳайси қавоиди навишторӣ муарро аз ҳама гуна лағжишҳои имлоӣ аст. Матни мазкур фарогири 2 мухотаб, умуман - 14 ҷумла ва муфассалан – 23 ҷумла мебошад ва 6 ҷумлаи он мураккаб буда, аз ду ва сеҷумлаӣ иборатанд, ки вуҷуди онҳо мӯҷиби тааддуд, аммо пайванди мантиқии матн гардидааст. Вале манзури мо ин ҷо танҳо интихоби вожаҳо, оморнигошт ва тавозуни онҳо мебошад – аз нигоҳи баромади забонии вожаҳо. Дар матн 192 калима истифода гардидааст, ки аз онҳо 118 вожа тоҷикӣ, аз ҷумла, 113- то вожагони сирф тоҷикӣ, яъне аз нигоҳи баромад мутааллиқ бар гурӯҳи эронии оилаи ҳиндуаврупоӣ, 5 вожа – тоҷикии аз ҳайси сохт мураккаб ва сохта, ки тавассути калимасозӣ бо истифода аз вожаҳои арабиву тоҷикӣ ба вуҷуд омадаанд, 73 вожа – арабӣ ва як вожа муғулӣ-туркӣ мебошад. Аз вожагони тоҷикӣ 90- тои он такрор наёфтаанд ва вуҷуди такрор дар баъзе аз вожаҳои ёридиҳанда ё номустақил мӯҷиби бар 113 зиёд гаштани онҳо шудааст. Дар арзишгузошти оморӣ ва дарёфти тавозуни баромади забонии вожаҳои матни 192-калимагии муҳтарам Президент фоизи онҳоро метавон бад-ин сурат муайян кард: 


Вожаҳо Тоҷикӣ Арабӣ муғулӣ-туркӣ
Теъдод 118 73 1
Фоиз 61.4 38 0.5



Ҳақиқатро бояд баён кард, ки имрӯз дар суханронӣ ва ҷумлапардозии ҳар фарди тоҷик, ҳатто, аҳли зиё низ, гирифта аз шоиру нависанда, аз нигоҳи арзишгузошти оморӣ ва тавозуни баромади забонии вожаҳо, кам соҳибзабонеро метавон пайдо кард, ки дар нутқи шифоҳӣ ва хаттии вай чунин фарқияти назаррас ва афзалияти теъдодии вожаҳои ноби тоҷикӣ дар қиёс бо вожагони ғайритоҷикӣ, хусусан арабӣ, ба гӯшу чашм бирасад. Ин таҳлили оморӣ танҳо аз матни аввали муроҷиатномаи мазкур аст, вагарна теъдоди матнҳо ё сархатҳову ҷумлаҳо дар муроҷиатномаи мазкур ба маротиб зиёд аст. Чунин менамояд, ки муҳтарам Президент дар навиштори хеш бар интихоби вожагони ноб ва асили тоҷикӣ бештар таваҷҷуҳ дошта, то бар ғайри он, махсусан, муарработи дилгиркунанда ва дур аз зеҳну фаҳми мардуми тоҷик. Ин амали дар ҳақиқат шоистаи таҳсин ва арҷгузорӣ имрӯз барои сухантирозони тоҷик, махсусан, шоирону нависандагон, омӯзгорони забону адабиёти тоҷик ва мутахассисони ВАО бояд намунаи ибрат ва пайравӣ бошад, зеро дар нигоҳ бар осору навиштаҳои онҳо аксаран метавон акси он чиро, ки дар арзишгузошти оморӣ ва тавозуни баромади забонии вожаҳои матни муроҷиатномаи муҳтарам Президент дарёфт карда шуд, пайдо кард. 
Соли 2012, ҳангоме ки бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддин Балхӣ бо кӯшишу эҳтимоми шахси Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи воло таҷлил гардид, дар конфронси бахшида ба ин рухдоди муҳимми фарҳангӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот бар забони шеъри Мавлоно ва чигунагии мақоми маънавии ин бузургмарди ҷаҳони маърифат дар хусуси асолати забон чунин ибрози андеша карда буданд: 
“Масъалаи асолати забон ҳамчун падидаи ҷаззоб ва ҳатто муъҷизавии ҳастӣ ва иҷтимоӣ мавзӯи баҳсҳои тӯлонист ва ҳанӯз дар чорчӯби илм ҳалли ниҳоии худро наёфтааст. Асолати инсон низ ба масъалаи хислат ва мазмуни хилқати инсон ва ташаккули бунёди асолати инсон пайванди ногусастанӣ дорад.”
Ин андешарониҳо агар, аз як тараф, то чи андоза фурӯ рафтани Пешвои миллатро бар умқи мавзӯи асолати забон нишон диҳад, аз сӯйи дигар, эҳтироми содиқонаи ӯро нисбат бар забони тоҷикӣ ва посу нигаҳдошти тозагии он гувоҳӣ медиҳанд. 
Шояд ба таъсири ҳамин ҳимоят аз асолат ва тозагии забони тоҷикӣ бошад, ки дар навиштаҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукаррар аз суханони шоирону нависандагоне бештар мисолҳо оварда мешаванд, ки рӯҳи тоҷикӣ ва тозагии забони тоҷикӣ дар онҳо ҷилваи бештар ва махсус дорад, амсоли устод Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Байҳақӣ, Атомалики Ҷувайнӣ ва монанди инҳо. Масалан, дар китоби “Мавлоно ва тамаддуни инсон” ин абёт аз “Шоҳнома”- и Ҳаким Фирдавсиро овардаанд, ки дар онҳо номҳои асили тоҷикӣ дар намои номҳои бостонии маконӣ корбурд шудаанд: 
Зи Балху Шукнону Омӯю Зан 
Силоҳу сипаҳ хост, ганҷу дирам. 
Зи Хатлону аз Тирмизу Зисагирд, 
Зи ҳар сӯ сипоҳ андаровард гирд 
Як нуктаро дар ин маврид бояд қайд намуд, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва навиштори хеш ҷуз ин ки бар корбурди вожаҳои ноби тоҷикӣ бештар аҳаммият медиҳанд, ҳамчунин, дар ин ҷода бар кӯтаҳгӯйӣ ва муъҷазбаёнӣ низ бетафовут нестанд. Кӯтаҳгӯйиву муъҷазбаёнӣ дар ҳама анвои осори муҳтарам Президент, чи сиёсиву фарҳангӣ, чи илмӣ ва ғайри он бозтоби равшани худро ёфтааст. Дар таҳқиқоти густарда ва мондание, ки дар иртибот бар ҳаёт ва фаъолияти Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” зери унвони “Асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгаро” ба субут расонидаанд, услуби собити илмӣ дар пирояи асолати забони тоҷикӣ ва риояи кӯтоҳбаёнӣ сахт маҳсус аст. Масалан, дар матни поён, ҳангоме ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси шахсияти ахлоқии Имоми Аъзам ё сифоту ахлоқи ин бузургмарди ҷаҳони ислом сухан меронанд, бар ҳар хонандае аён мегардад, ки забони навиштори муаллиф дар баробари он ки аз ҳайси сабки нигориш ва риояти қоидаҳои ҷумланигорӣ устувор ва рӯҳи илмӣ дар он сахт маҳсус аст, тозагиву осонфаҳмии омехта бо тарзи баёни кӯтоҳу муҷаз дар тирозу густурдани сухан низ мавриди таваҷҷуҳи ҷиддии муаллиф қарор гирифтаанд: 
“Имом намунаи ибратбахши шахсияти сидқан мутадайин, Худошиносу Худотарс гардид. Ӯ бо камоли масъулият ва сидқи комил дар асоси Қуръони маҷид, аҳодиси набавӣ ва суннати Паёмбари ислом(с.) рафтор ва иҷтиҳод мекард... Ҳазрати Имоми Аъзам хислатҳои ҳамида дошт. Камсухан буд, озода мегашт. Таърифу худнамоиро дӯст намедошт. Насиҳаташ ин буд, ки султони даврро эҳтиром гузоред ва дар пешаш дурӯғ нагӯед. Саховатпеша бошед. Аз сухани ҳақ истиҳола накунед...” 
Ё худ, ҳангоме ки муҳтарам Пешво дар хусуси нақши Имоми Аъзам ва мазҳаби фиқҳии ӯ дар ҷаҳони ислом сухан мегӯяд, вуҷуди тозабаёниву тозагӯйӣ ва ҳамчунин мухтасаргӯйиву муҷазбаёнӣ мӯҷиби суҳулати дарк ва фаҳми сухан аз ҷониби хонанда мегардад: 
“Мазҳабҳои гуногуни таърихӣ гувоҳанд, ки Имоми Аъзам ва мазҳаби фиқҳии ӯ дар ҳифз ва тақвияти асолати қавмӣ-миллӣ, ҳувияти таърихӣ ва арзишҳои фарҳангӣ ва динии халқҳои шомили Хилофати исломӣ нақши бузурги таърихӣ доштанд. Агар имрӯз халқҳои мусулмони дорои асолату ҳувияти том, забон, фарҳанг, урфу одат ва суннату анъаноти хосу нотакрори таърихӣ фаъолияти босамар ва созанда дошта бошанд, пас дар ин амр хидмати арзандаи ин бузургмард ва мазҳаби ӯ хеле хуб возеҳ мегардад.”
Як нуктаро ин ҷо бояд қайд кард, ки пайравӣ аз ахлоқи Имоми Аъзам ва мазҳаби тарҳрезинамудаи вай имрӯз барои мардуми тоҷик мояи саодат ва ваҳдати миллӣ аст. Бинобар ин, расонидани оро ва ахлоқи ин бузургмард бар гӯшу чашми ҳар фарди тоҷик бояд бо тарзе ба роҳ монда шавад, ки дархӯри фаҳми ӯ бошад. Дар ин росто равиши интихобкардаи Пешвои миллат беҳтарин равишҳост, зеро дар он, бар хилофи аксари диншиносону сиёсатшиносон муғлақбаёнӣ ва печидагӯйиву зиёдатгуфторӣ ба назар намерасад. 
Аз навиштаҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хубӣ аён мешавад, ки он кас, чунонки дар боло гуфта омад, дар кӯтаҳбаёнӣ ва мушаххасгӯйӣ таматтуъ аз обоёни фарҳангиямон ва, ба истилоҳ, классикон гирифтаанд, ки ин равиш дар фазои сиёсати ҳам тоистиқлолӣ, ҳам пасазистиқлолии Тоҷикистон қобили арҷгузорӣ аст, зеро, дар ҳақиқат, нодир аст. Масалан, дар як ҷойи китоби “Мавлоно ва тамаддуни инсон” зимни нишондод ва нақли ҳуҷуми лашкари муғул ба Хуросон ин суханони маъруф ва муҷазро аз “Таърихи Ҷаҳонгушой” меорад, ки муаррих онро аз даҳони як гурезаи бухороӣ дар робита бар кирдори ваҳшиёнаи муғулон гуфта буд: “Омаданду канданду сӯхтанду куштанду бурданду рафтанд” 
Ҳамин услуби классиконаи муҷазбаёнӣ якҷо бо тарзи баёни содаву фаҳмо, ки анқариб дар аксари китобҳои таърихии классикон ба чашм мерасад, дар аксари навиштаҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам чашмрас аст. Аз ҷумла, дар китобе, ки соли 2007 зери унвони “Маориф омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат аст” навишаанд, метавон намунаҳои зиёди ҳамчунин гуфторро пайдо кард, ки мисоле аз онҳо ин ҷумла тавонад буд: “Ҳар мутахассисе, ки ба халқаш хизмат намекунад, барои манфиати ӯ кор кардан намехоҳад, барои ман бегона аст!”
Ҷуз аз он чи дар хусуси муносиботи содиқонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот бо забони тоҷикӣ ва ҳифзи асолату тозагӣ, содагӣ, шаффофият дар фавқ гуфта шуд, намунаи дигари онро ҳамчунин метавон дар суханронии тозаи эшон, ки дар таърихи 16-уми октябри соли равон дар Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 700-солагии бузургдошти шоир ва орифи бузурги тоҷик Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба амал омад, пайдо намуд
Суханронии мазкур шоистаи таваҷҷуҳи аҳли илму таҳқиқ ва ба вижа забоншиносон хоҳад буд ва месазад, ки муҳаққиқон оид ба паҳлуҳои гуногуни он таҳқиқоти забоншиносӣ бубаранд. Корбурди вожаҳои зиёди нобу асили тоҷикӣ, андешаронии устувори муарро аз ҳар гуна лағжишҳои грамматикӣ, услуби шевову ширини тоҷикӣ, таваҷҷуҳи муътадилу маҳдуд бар вожаҳои нотоҷикӣ ва махсусан гурезу парҳез аз истифодаи калимаҳои мушкилфаҳми арабӣ, ки дар матни суханронии мазкури Пешво ба назар мерасанд, ҳар яке дар алоҳидагӣ сазовори таҳсинанд. 
Он чи ки дар мавриди муносибати Пешвои азизи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот бо забони тоҷикӣ қайд гардид, ба истилоҳи обоёни мо, хӯшае аз хирмани аст, ки дар оянда таҳқиқоти вижа ва густурдаро тақозо дорад. Вуҷуди осори зиёди муҳтарам Президент дар шакли китобҳо, мақолаҳои илмиву иҷтимоӣ ва маърӯзаҳои мутааддид, ки бо забони ноби тоҷикӣ навишта шудаанд, худ гувоҳи ростин ва равшани муносиботи басо хуби Пешвои азизи миллат нисбат ба ин рукни муқаддастарини миллат мебошад, ки барҳақ шоистаи гуфтан, хондан ва шунуфтан мебошад. 


Саидҷаъфаров Озод Шоҳвалиевич, д.ф., профессори кафедраи забони тоҷикии ДДМИТ