Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Иродаи халқ – зарба ба хоинон

Чанде пеш тариқи шабакаи интернет изҳороти яке аз хоинони миллат ва душмани сохтори конститутсионии дунявии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ паҳн шуд. Ин изҳорот бори дигар нишон медиҳад, ки неруҳои мухолиф, ки аз хориҷ истода, ба мо дарси сиёсату давлатдорӣ меомӯзонанд, ягон нафар шахси аз нигоҳи сиёсӣ солимандешу равшанфикр мавҷуд нест. Зеро тавассути дурӯғу буҳтони навбатӣ ин хоинони миллат боз як кӯшиши дигаре баҳри сафед кардани марому мақсадҳои ғаризонаи ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ, ҳамчунин, ҳадафи ниҳоии хеш — бунёди давлати исломиро дар Тоҷикистон роҳандозӣ кардаанд. Бо суханҳои пучу бемаънии саропо дурӯғ муаллиф мехоҳад моро гумроҳ созад. Тавассути овардани мисолҳои беасос аз сиёсати дигар давлатҳо нисбат ба дин кӯшиш мекунад, ки мардуми мо ва хусусан руҳониёни кишварро раҳгум зананд. 
Сабаби имрӯзҳо фаъол шудани нерӯҳои ифротгароӣ дар он аст, ки натиҷаҳои интихоботи гузаштаи президентии Тоҷикистон онҳоро ором намегузорад. Зеро пирӯзии қатъӣ ва дастгирии бениҳоят баландаи мардум аз сиёсати Пешвои миллат зарбаи марговар ба душманони миллат аст. 
Сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба дин дар маҷмуъ ва махсусан дини мубини ислом хеле дурандешона буда, гуфтан мумкин аст, ки яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон аст. Бо овардани маълумотҳои оморӣ мехоҳем ба бадбинон нишон диҳем, ки вазъи озодии дин хуб аст. Дар Тоҷикистон барои ҳамагӣ 9 миллион аҳолӣ 4 ҳазор адад масҷид амал мекунад ва ин нишондиҳанда бори дигар исбот менамояд, ки барои мардуми кишварамон фазои озоду мусоиди динӣ ҳамаҷониба фароҳам оварда шудааст. 
Ба Муҳиддин Кабирӣ муроҷиат карданием, ки мо сокинони кишвар ба ин гуна суханони иғвоангези ин турфа хоинони миллат, ки аз хориҷа истода, ноҷавонмардона сангпартоӣ доранд, бовар надорем ва фирефтаи онҳо нахоҳем шуд. Душманон бояд донанд, ки Тоҷикистон имрӯз Тоҷикистони солҳои 90-ум нест. Мардуми Тоҷикистон ҳушёр аст ва дар атрофи Пешвои муаззами миллат муттаҳиду сарҷамъ гардида, дар бунёди давлати дунявӣ устувор аст. Мо ба маслиҳату машваратҳои хоинону ватанфурӯшу мазҳабфурӯше чун Муҳиддин Кабирӣ ниёз надорем ва онҳоро маҳкум менамоем.