Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Ватандорӣ биомӯз

Орифону воқифони гузаштаву муосири тоҷик нисбати Ватану ватандорӣ, муҳаббати хосу пок нисбат ба Ватан, нигаҳбониву муҳофизат, ифтихор афзудан, пос доштани неъматҳои бузурги он, ки аз хоку обу сангу кӯҳаш ҳувайдо мегарданд, сокинонаш чун гавҳараки чашми хеш ҳифз намуда, муқаддас шуморанд, то арвоҳи гузаштагони ватандӯстро шоду масрур гардонанд. 
Афлотуни бузург дар ин маънӣ чунин фармуда: 
-Алоқае дар дунё шадидтар аз меҳр ба Ватан нест! 
Дар байни халқ мақоли машҳуру маъруфе ҳаст, ки инсони боимону боинсофу соҳибмансабу соҳибдил, соҳибақлу ботамиз, бофаросату дурандеш бояд он гуфторро сипари хеш гардонад, ки чунин аст: 
-Ҳифзи ҷон воҷиб асту ҳифзи Ватан аз он воҷибтар. 
Дар хусуси муҳаббати поку самимӣ нисбат ба Ватан, ҷонканиву ҷонбозиҳо дар ғарибӣ, меҳнату ғурбат, азобу шиканҷа, дур аз обу хоки Ватан дар ашъори Мавлоно Камоли Хуҷандӣ хеле ҷаззобу самимӣ ва дилангезу марғуб садо медиҳад, ки чунин назокату самимият Мавлонои бузургро машҳури олам кардааст: 
Кӯи ту хоҳад ин дили овора, не биҳишт, 
Мурғи ғарибро зи гулистон Ватан беҳ аст. 
Дар ҷойи дигар, ин орифи ҳикматдону мантиқ ва илми калом боз чунин гуфта: 
Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш, 
Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бепо ғариб. 
Хоки поят дӯст дорад чашми ман, 
Нест айб, эй дӯстон, ҳуббулватан. 
Ин мутафаккири бузурги замон солҳое чанд дар ғарибиву танҳоӣ, бекасиву бечорагӣ, овораву сарсону саргардон, азоби омӯзиши зиндагӣ, бечорагӣ, мулкдориву ватандорӣ меомӯхт. Ӯ тавсеаҷӯйӣ намекард, панди зиндагӣ меомӯхту пешкаши оммаи башар месохт: 
Чун ту дар ғурбат наафтодӣ чӣ донӣ ҳоли мо, 
Меҳнати ғурбат надонад ҳеҷ кас, илло ғариб. 
Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол, 
Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибо, во ғариб! 
Фирдавсии баландмақом низ дар ҷодаи ватану ватандорӣ суханҳои волою таъсирбахшу пурмазмуне дорад, ки ҷаҳониёнро ба тасхир овардаасту то имрӯзу рӯзҳои дигари пешомада таъсири хешро хоҳад расонд. Ҳаким Фирдавсии олампардози сухан бо тамоми ҳастиву имкониятҳои замонӣ даъват менамояд, ки ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳему кишвар ба душман надиҳем. 
Ӯ чунин мефармояд: 
Зи баҳри бару буму фарзанди хеш, 
Зану кӯдаку хурду пайванди хеш. 
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем, 
А-зон беҳ, ки кишвар ба душман диҳем. 
С. Айнӣ дар очерки таърихии худ – «Қаҳрамони халқи тоҷик - Темурмалик» овардааст, ки аз миёнбанди Темурмалик халтачае пайдо карданд, ки дар он халтача як каф хоку дар як коғаз навиштаҷоте буд. Дар охири он навиштаҷот байте чунин оварда шуда: 
Атри кафан зи хоки Ватан кардам орзу, 
Во ҳасрато, ки мебарам ин орзу ба хок. 
Инчунин, боз ба ин маъно сабте нигошта: 
«Эй, он ки мурдаи ман ба дастат мерасад, агар некхоҳи мардумон ва ватандӯст бошӣ, маро бо ин як каф хок гӯрон, ки ин хок ёдгориВатани азизи ман аст». 
Лоҳутии ширинкалом низ баробари ифодаи мавзӯъҳои гуногуни таърихиву фалсафӣ, меҳнату самаранокӣ, ахлоқиву пандомӯзӣ, боиродагиву одамдӯстӣ доди ватанхоҳиро ҳам дода, хеле гуворову дилчасп гуфтааст: 
Хуни гарму ишқу ихлосу садоқат бар Ватан, 
Хуни нафрат, хуни кин бо душмани паймоншикан. 
Ҳамчунин, устод Лоҳутӣ даъват менамоянд, ки: «Дар роҳи Ватан мурдан, зиндагист»! 
Ғарибоне, ки ба Ватан бармегаштанд, ашки умеду шодӣ, ашки ҳасрату дидор, ашки сур мерехтанду аз хоки Ватан ба чашм тӯтиё мекарданд ва саҷда намуда, хоки Ватан мебӯсиданд. 
Қаҳрамони Тоҷикистон – Мирзо Турсунзода ҳар гоҳе ки аз сафари хориҷа бармегаштааст, саҷда карда, хоки Ватанро мебӯсидааст: Устод мефармояд: 
Чун ниҳодам пои худро бар сари хоки Ватан, 
Борҳо бӯсидаам аз рухсораи поки Ватан. 
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари хеш таҳти унвони «Дин ва ҷомеа» чунин изҳор медоранд: 
-Конститутсияи Тоҷикистон дар заминаи динӣ, мазҳабӣ, миллӣ ва нажодӣ ташкил кардани қувваи сиёсиро тавсия намекунад. 
Баръакс, нажодпарастӣ, миллатгаройӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро манъ кардааст, ки ин ҳама аз меъёрҳои демократии аз ҷониби ҷомеаи башарӣ эътирофшуда бармеояд. Мардуми мо мусулмон аст, вале маърифати исломии фарзандонро, пеш аз ҳама, ба манфиати худшиносӣ, ҳифзи Ватан ва ғурури миллӣ равона бояд кард. 
Чунин нукоти хирадмандона, таъсирбахшу ҷолиби Пешвои миллат ҳар як фарди ватанхоҳи замонро водор месозад, ки нисбати чунин ишораҳои пандомӯз дилсӯзонаву ватанхоҳона ва аз рӯйи инсофи ватандорӣ амал намояд. 
Пешвои муаззами миллат дар асари худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» тариқи оммафаҳму мазмуни олии гӯшнавоз изҳор медоранд, ки мардуми азияткашидаи Тоҷикистон на ба ҷангу хунрезиҳо, балки ба сулҳу зиндагии осоишта ниёз доранд. Мо хуб медонистем, ки танҳо бо сулҳу салоҳ, ваҳдату якдилӣ ва иттиҳоду меҳнати бунёдкорона метавонем Тоҷикистонро аз хатари парокандашавӣ наҷот дода, миллати бе ин ҳам камшумори тоҷикро аз муҳоҷирату тарки Ватан карданҳо бираҳонем. 
Аз тафсилоти музокираҳои бардавом худдорӣ намуда, фақат ҳаминро зикр мекунем, ки барои расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ дар тӯли се солу се моҳ ҷараёни гуфтушунидҳои басо мураккаб, доманадор ва мушкилро паси сар намудем. Зиёда аз 21 маротиба ба таври расмӣ ва даҳҳо маротиба ба таври ғайрирасмӣ музокирот ва вохӯрию мулоқотҳо баргузор намуда, дар ҷараёни он паҳлуҳои мухталифи низоми давлатдорӣ ва фарҳанги сулҳро кашф намудем. 
Бехобиҳои шабонарӯзии Сарвари давлат, андешаҳои дуродуру самарабахши Пешвои муаззами миллат ба он оварда расонд, ки имрӯз тоҷикон дар як давлати ободу зебо маскан ёбанду хушҳолона зиндагӣ басар баранд. 
Сарвари кишвар, ҳамчунин, қайд менамоянд, ки мо сабру таҳаммулро пеша кардем, фазои боварию эътимодро фароҳам овардем, далелҳои муътамадро аз бар намудем, стратегияи доманадори расидан ба сулҳу ризоияти миллиро пеш гирифтем. Дар натиҷа, фазои хусумат, шубҳа ва ноумедӣ аз байн рафта, ба ҷойи он эътимоду боварии тарафҳои мухолиф ба ҳамдигар афзуд, ҳалли масъалаҳои баҳснок дар асоси Конститутсияи мамлакат ва қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ танзим гардид. Ана, дар ҳамин асос мо ба мақсад расидем.
Талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ба он оварда расонд, ки Тоҷик соҳибмулк шавад, дар фазои озод нафас кашад, барои ободии мулки хеш қадамҳои устувор ниҳад. 
Ватан мазмуни пурраи худро ёфт! 
Тоҷикистонро халқи меҳнатқаринаш, водиҳои ҳосилхезу кӯҳҳои бобаракату осмонбӯсаш, чашмаҳои нобу нуқрабораш, санъату адабиёти дилкашаш, илму ирфони овозадору номдораш, ашхоси тамаддунофари бонангу номусаш машҳури олам кардаанд. 
Бояд гуфт, ки ҳамаи ин муваффақияту ободкориҳои кишварамон тавассути иқдоми неки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд ва касе аз ин ободиву бунёдкорӣ ифтихор накунад, вай кӯри модарзод аст. 
Аз ин хотир, дар атрофи Пешвои миллат ҷамъ гаштану дар ободиву озодиву тинҷиву осудагӣ ҳиссагузорӣ кардан вазифаи ҷонӣ ва карзи фарзандии ҳар як ватандор аст! 


Саидамир Сафаров, Аълочии маорифи Тоҷикистон