Мақолаҳо
Парчам – нишоне аз давлатдорӣ
Ҳар як давлат дорои рамзҳо ва нишонаҳои махсуси миллии худ мебошад, ки соҳибихтиёрии давлату халқи онро ифода мекунанд.
Мутобиқи моддаи 3 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёру мустақил рамзҳои давлатии худро дорад, ки ба онҳо Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ дохил мешаванд. Калимаи рамз тарҷумаи калимаи юнонии (symbolon) буда, маънояш аломату нишона мебошад. Рамз ифодаи мафкура ва шуури асосии миллат мебошад.
Санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба парчам ба танзим медароранд, ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 майи соли 2007 ва Низомнома «Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 11 декабри соли 1999 мебошанд. Тибқи Қонун ва Низомномаи мазкур «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифодагари давлатдории гузашта ва ҳозираи миллати точик мебошад». Дар қатори дигар идҳо ҳар сол рӯзи 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ дар Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад. Ташаббускори ҳамчун иди давлатӣ қайд кардани Рӯзи Парчам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Эҳтиром намудани Парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ яке аз уҳдадориҳои шаҳрвандон ба шумор рафта, муносибати беэҳтиромона нисбат ба онҳо ҷавобгариро ба миён меорад, яъне таҳқир намудани рамзҳои давлатӣ ҷиноят ба шумор рафта, ашхоси содиркунандаи ин кирдор тибқи моддаи 342 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон дар бораи аҳамияти Парчам чунин қайд намуда буданд: «Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».
Имрӯз моро зарур аст, ки Парчам ва дигар рамзҳои давлатиро ҳамчун муқаддасот эҳтиром намоем, зеро онҳо яке аз нишонаҳои ватандӯстию ватандорӣ ва ифтихори давлати миллии тоҷикон мебошанд.
С.А. Мирзоев, муовини декан оид ба илми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисодиТоҷикистон