Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Коррупсия - зуҳуроти номатлуби ҷомеа

“...Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Гузашта аз ин, коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад...”. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. 


Мубориза бар зидди коррупсия дар ҷаҳони муосир ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфтааст. Дар дунё кишваре нест, ки бо ин мушкилот рӯ ба рӯ нашуда бошад ва алайҳи он муборизаи сартосарӣ набарад. 


Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст, ки он ба пешрафти иқтисодиёт халал расонида, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. 


Асоси ҳукуқии мубориза бо ин зуҳуроти хавфнок аз Конвенсияи СММ оид ба мубориза бар зидди коррупсия маншаъ мегирад, ки 31 октябри соли 2003 қабул гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сентябри соли 2006 ба ин ҳуҷҷати муҳим имзо гузошта, ба узвияти Конвенсияи мазкур пазируфта шуд. 


Шароит ва заминаҳои иқтисодии пайдоиш ва ривоҷи коррупсия дар ин ё он кишвар гуногунанд, вале ба таври куллӣ омилҳои зерин ба ривоҷ ёфтани ин зуҳуроти манфӣ мусоидат менамоянд: 
-дахолати аз ҳад зиёд ва баъзан беасос ба фаъолияти иқтисодӣ; -сиёсати ғайрисамараноки андозситонӣ ва гумрукӣ; 
-паст будани сатҳи ҳаёти хизматчиёни давлатӣ нисбат ба кормандони бахши хусусӣ ва арзиши ҳадди ақали рӯзгузаронӣ; 
-мавҷудияти имконоти нобаробар миёни субъектҳои фаъолияти иқтисодӣ; 
-сатҳи камбизоатӣ; 
-маҳдуд кардани рақобати бозорӣ ва мавҷудияти монополия дар иқтисод ва ғ.; 


Баҳри бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва муборизаи густурда бо коррупсия дар ҷумҳурӣ як силсила чораҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ амалӣ шудаанд. Масалан Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қабул гардид. 21 июли соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва коррупсия» ба тасвиб расидааст, ҳамзамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» қабул гардидааст. Ҳамаи ин заминаҳои ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон барои озодона фаъолият намудан ба дарёфти шароити арзандаи зиндагӣ фароҳам оварда, ба мақомоти давлатӣ барои пурзӯр намудани мубориза бо коррупсия такони ҷиддӣ бахшид. Бояд гуфт, ки заминаҳои меъёрию ҳуқуқии мазкур ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдорро вазифадор намудааст, ки ҳар кадом дар доираи нақшаи таҳиягардида ва салоҳияти худ корро дар самти пешгирӣ, чораҳои фаҳмондадиҳӣ, ошкорсозӣ ва бартарафсозии сабабу шароитҳои офарандаи коррупсия ва ба он мусоидаткунанда ҷоннок намоянд. 


Дар баробари ин, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Айни замон агентӣ мубориза бо коррупсияро дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, бонкҳо, корхонаю муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, яъне аз тобеият ва шакли моликияташон амалӣ менамояд. 


Аз баъзе маълумотҳои омории мақомоти мазкур мушоҳида карда мешавад, ки то ҳол ғайримақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, исрофкорӣ ва азонихудкунии маблағҳо ба миқдори махсусан калон аз ҷониби вазорату корхонаҳои давлатӣ ҷой дорад. 


Дар замони имрӯза коррупсия чи дар байни кормандони сохтору соҳаҳои давлатӣ ва чи дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа ҷой дорад. 


Бояд зикр намуд, ки мубориза бар зидди коррупсия ва коҳиш додани сатҳи он аз бисёр омилҳо, ба мисли дастаҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, савияи баланди донишу шуурнокӣ ва фаъолнокии ҳар як фарди ҷомеа, сатҳи воқеии зиндагӣ вобаста аст. Бешубҳа, мубориза алайҳи коррупсия як муборизаи тӯлонӣ ва маҷмӯӣ буда, самаранок гузаронидани он ба амалӣ сохтани як қатор чорабиниҳо вобаста аст. 


Зинаи аввали он ин таҳлил ва баҳогузории сатҳи коррупсия дар кишвар аст, яъне бояд муайян намуд, ки кадом шаклҳои коррупсия бештар паҳн гардидаанд, сабабҳои асосии он дар чист, кадом соҳаҳо ва идораи давлатӣ бештар ба он гирифтор шудаанд ва ғайра. Марҳилаи баъдӣ ин татбиқи стратегия маҳсуб мегардад. 


Бояд таъкид кард, ки мақсади ниҳоӣ аз мубориза алайҳи коррупсия устувор намудани арзишҳои демократӣ дар ҷомеа, эҳтироми ҳуқуқи инсонҳо ва пешгирӣ кардани паёмадҳои номатлуби он аст. Аз ин нуқтаи назар, бартарӣ доштани чораҳои пешгирикунанда ва рафъсозандаи заминаҳо ва шароити зуҳури коррупсия бояд дар сиёсати зиддикоррупсионӣ мавқеи муҳимро ишғол намояд. 



Эдвайзер оид ба тарбияи факултети МИБ Давлатова М.Д.